Эълон |
Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнї дар заминаи кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти факултети филологияи тоҷик рӯзи 23-юми декабри соли 2022 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-методиро дар мавзуи «Масъалаҳои назариявӣ ва амалии муносибати босалоҳият ба таълими забон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» баргузор менамояд. Дар конференсия масоили зерин баррасӣ мешаванд: 1. Асосҳои назариявии методикаи муносибати босалоҳият ба таълим; 2. Ҷанбаҳои методии шеваи муносибати босалоҳият ба таълим; 3. Асосҳои методӣ ва амалии тадбиқи муносибати босалоҳият дар таълими забон; 5.Принсипҳои асосии муносибати босалоҳият дар таълими забон; 6. Саҳми донишмандони тоҷик ва хориҷӣ дар таҳқиқ ва омӯзиши масъалаҳои муносибати босалоҳият ба таълим; 7. Мушкилоти татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим ва роҳҳои ҳалли он. Дархост барои иштирок ва матни маъруза бояд то санаи 15-уми декабри соли 2022 ба Кумитаи тадорукот супорида шавад. Забони конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ. Суроғаи мо: шаҳри Душанбе, хиёбони Рўдакї, 121, факултети филологияи тољики ДДОТ ба номи С. Айнӣ. Тел: (+992) 904216494; (+992) 933670999. E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript |