• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ба роҳбари Оҷонсии

иттилоотии «Озодагон»

Фаъолияти мо идомаи ибтикороти пешина аст

Дар сомонаи иттилоотии шумо ахиран навиштае бо номи «Ректори нав камбудиҳои Донишгоҳи омӯзгориро ифшо кард» пахш шуд, ки марбут ба навгониҳо дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ мебошад. Маълум, ки он дар заминаи иттилое, ки тавассути сомонаи донишгоҳ бо номи «Интиқоди ректор аз саволномаҳои тестӣ» пахш шуда буд, таҳия шудааст. Мо аз он ки як иттилои сомонаи маърифатгоҳ боиси таваҷҷуҳи шумо гардидааст, сипосмандем, вале тариқи истифодаи иттилои мазкур аз ҷониби шумо шигифтовар аст.

 

Нахуст, номи иттилоъ бо чӣ ҳадафе тағйир ёфтаасту дигар, муҳтавои он то ҷое таҳриф шудааст. Хонандаи аз асли иттилоъ ноогоҳ чунин меандешад, ки ректори нав нисбат ба ҳамтои собиқи хеш хушбин несту дар фаъолияти ӯ ҳамчун ректор камбудӣ меҷӯяд. Ҳол он ки дар ин нишаст Н.Салимов бо камоли возеҳият зикр карда буд, ки фаъолияти минбаъдаи раёсати донишгоҳ дар идомаи ибтикорот ва тозакориҳои ректори пешина ҷараён хоҳад ёфт.

Мебояд гуфт, ки ҳадафи иттилои мазкур, пеш аз ҳама, огоҳ кардани хонандагон аз навгониҳо дар донишгоҳ мебошад.

Мо ҳамеша ҷонибдори ҳамкории судманд бо шумоем ва зимнан аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки минбаъд дар истифодаи матолиби сомонаи мо бомулоҳизаву амиқбин бошед.

 

Маркази матбуотии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj