• Tajik
  • Russian
  • English
Пажуҳиш
There are no translations available.

НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ДАР ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН

«Ман, кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард!» – ин аввалин суханони бо хитоб ва эътимодноки Роҳбари навтаъингардидаи кишвар, Раиси Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки аз минбари Шурои Олӣ садо доданд. Ин нутқи тақдирсози ояндаи миллати тоҷик дар ҳоле эрод гардид, ки Ватани азизи мо авзои вазнини сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодиро аз сар мегузаронид. Дар он рузҳои мудҳиши даргирӣ, ки пойтахти кишвар ва навоҳии ҷанубии он ба гирдоби даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда буданд, 17-рӯзи тақдирсози миллати тоҷик дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид. Беибо метавон гуфт, ки зери роҳбарии хирадмандонаи Раиси Шурои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, хушбахтона вакилони мардумӣ қарорҳое қабул карданд, ки то ҳадде вазъи муташанниҷи кишварро ба эътидол овард.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар раванди таърих шахсиятҳое ворид мегарданд, ки барои ҳар як халқу миллат ба шоҳкориҳои бемисл муваффақ мегарданд, метавонанд саодату хушбахтии миллатро таъмин намуда, оламшумул гардонанд. Ба тақдири миллати тоҷик дар чунин авзои ҳассоси таърихӣ, ки миллати қадимию тамадунофари тоҷикро хатари нестӣ таҳдид дошт, фарзанди фарзонаю матини ин миллат, Эмомалӣ Раҳмон вориди майдони сиёсии таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон гардид.

Чӣ тавре ки аз маълумоти расонаҳои хабарӣ, алалхусус аз матбуоти даврии раванди иҷлосия «иттилоияи рӯзномаи Садои Мардум» маълум гардид, дар қатори вакилони мардумӣ, инчунин намояндагони шахсии Президентҳои Ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур доштанд. Ва бешак аз авзои сиёсии ҷойдошта ва рафти иҷлосия мушоҳида мекарданд.

Ҳанӯз муждаи мустақилияти Тоҷикистон аз гушҳо нарафта, бо кӯшиши душманони миллат, курсихоҳони маҳалбоз, муллотарошони дунёбехабар, думравони ғаразманди хориҷӣ, аз ноуҳдабароии роҳбарони сиёсии онвақта истифода бурда, онро ба гирдоби даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд [1, с. 20].

Аз рафти иҷлосия маълум мегардид, ки ҳукумати расмӣ то Раиси Шурои Олӣ интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмонов, ҷилави давлатдориро аз ҳар лиҳоз, чи аз ҷиҳати сиёсӣ ва чи аз ҷиҳати иқтисодӣ аз даст додааст.

Рӯзи 19-уми ноябри соли 1992 Иҷлосия масъалаи бозхонди Раиси Шурои Олиро баррасӣ намуд. Пас аз шунидани ҳисоботи Акбаршо Искандаров дар бораи фаъолияти думоҳа, Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бозхонди ӯ аз вазифаи Раиси Шурои Олӣ, қарор қабул кард. Худи ҳамон рӯз Иҷлосия масъалаи интихоботи Раиси нави Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор дод. Ба ин вазифа аз тарафи намояндаи халқ А. Мирзоев (ноҳияи Ҳисор) номзадии депутати халқ Эмомалӣ Раҳмонов ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Ҳамчунин, номзадии Изатулло Ҳаёев низ пешниҳод гардид, вале ӯ номзадиашро пас гирифт. Натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ чунин шуд: аз 197 депутат, ки дар Иҷлосияи XVI иштирок доштанд, 186 нафар ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмонов овоз доданд. Тибқи қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи моддаи 109 Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид [1,с.26].

Азбаски дар рӯзномаи Иҷлосия масъалаи бозхонди Раиси Шурои Олӣ мебошад, вазифаи раисӣ ба зиммаи депутат Ҳ. Табаров гузошта шуд.

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар ҷумҳурии тозаистиқлоли мо ҷанги шаҳрвандӣ хисороти зиёде ба бор овард. Дар ин миён кассодии иқтисодӣ, заифии ҳарбӣ ва дигар камбудию норасоиҳои ҷойдошта, тақозои ҳалли худро, бо умед ба ояндаи дурахшон, аз роҳбарияти навтаъйиншуда доштанд. Мавриди зикр аст, ки аз ҳолати вазнину мусибати Тоҷикистон, қисме аз давлатҳои ҳамсояи дуру наздик ба манфиатҳои худ истифода кардан мехостанд.

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро амалан дар шароити роҳбари қонунии давлат оғоз кард. Дар ҷараёни Иҷлосия, баъд аз мубоҳисаҳои зиёд ҷиҳати идомаи иҷлосия, институти президентӣ барҳам дода шуда, Раиси Шурои Олӣ ҳамчун роҳбари давлат аз нав интихоб гардид [3, с. 13].

Дар он рӯзҳо савол ба миён меомад, ки ҷавоне, ки таҷрибаи давлатдорӣ надорад, метавонад ҷумҳуриро идора намояд. Аксарияти депутатҳо ва пешвоёни минтақавӣ ба интихоби Эмомалӣ Раҳмон танҳо бо мақсади боздоштани хунрезӣ ва ба воситаи ӯ барқарор намудани вазъияти нисбатан муътадили сиёсӣ, розӣ шуда буданд. Онҳо ҳалли бомуваффақиятонаи вазифаҳои иқтисодӣ ва сиёсати хориҷиро таҳти сарварии сиёсатмадори ҷавон ғайриимкон гумон карда, худро дар «тахт»-и Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол медиданд [5, с. 15].

Ва ҳатто дар давраҳои зикргардида, баъди андаке ба эътидол омадани вазъият ва қувват гирифтани Ҳукумати конститутсионӣ, қариб ҳамарӯза аз ҷониби қувваҳои дохилӣ ва хоҷаҳои хориҷии онҳо, кушиши ноором сохтани фазои сиёсии кишвар ба назар мерасид. Хушбахтона, сиёсати хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон, ки аз рӯзҳои аввали Раиси Шурои Олӣ интихоб гардиданашон мавриди эътимоди мардум қарор доштанд, тавонист тамоми зуҳуроти номатлуби ҷомеаро решакан намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро то ба арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намояд. Барои роҳбари ҷавони давлат аз моҳи декабри соли 1992 то моҳи ноябри соли 1994 марҳилаи басо сангину душвор маҳсуб меёфт. Роҳбари давлат дар ин марҳилаи давлатдории хеш амалан дар ҳолати ҳарбӣ-саҳроӣ қарор дошт.

Пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе маркази ифротгароӣ ва табадулотхоҳони давлатӣ шуда буд. Зиёиёни дунявии ба мухолифин пайваста худ таҳти таъсири ифротгароён қарор гирифта буданд. Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар моҳи ноябри соли 1992 баргузор шуда буд, фаъолияти неруҳои мухолифинро ҳамчун амали зиддидавлатӣ арзёбӣ намуд. Баъд аз иҷлосияи номбурда вазъият боз ҳам ваҳимтар гардида, неруҳои зиддидавлатӣ ба фаъолияти васеъ ва қонуншиканӣ пардохтанд.

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Шарифович Раҳмоновро Сарвари давлат, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуд ва бо роҳбарии ӯ ҳукумати қонунӣ рӯи кор омад. Маҳз, бо шарофати сиёсати оқилонаю хирадмандонаи ҳукумати қонунӣ бо сарварии Эмомалӣ Раҳмонов вазъи муташанниҷи сиёсӣ ба эътидол омада, ҳаёт ба маҷрои муқаррариву оромаш ҷорӣ гашт. Дар Тоҷикистон маҳз ба туфайли Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, Артиши миллӣ ва дигар неруҳои идораи қудратӣ ташкил ёфтанд, мустаҳкам гардиданд ва дар ором ва ба эътидол омадани вазъият нақши арзанда гузоштанд [3, с.1].

Иҷлосияи XVI (даъвати дувоздаҳум) ба фаъолияти қонунгузории давраи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузошт. Дар Иҷлосия 74 номгӯи қарору қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ баррасӣ ва қабул шуданд, ки рушди минбаъдаи ҷумҳуриро муайян намуданд [5, с. 19].

Доир гардидани ҷаласаи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки имрӯз тамоми кишварҳои дунё Тоҷикистонро ба расмият шинохтанд. Узвияти кишварамон ба Созмони Миллали Муттаҳид бори дигар далели ин ақида аст. Дар баробари ин, дигар дастовардҳои миллиро низ метавон ба ин санаи тақдирсози миллат марбут донист.

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик воқеаи муҳим дар роҳи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркушӣ, нигоҳ доштани миллати тоҷик, ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода дар Иҷлосия якчанд санадҳои дигар низ қабул гардиданд, ки инҳо баҳри ба эътидол овардани вазъият ва сулҳу оштии миллӣ нақши сазовор дорад. Мавриди зикр аст, ки пас аз иҷлосияи таърихӣ, марҳила ба марҳила дар ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар пешравиҳои назаррас ба амал омад. Бояд гуфт, ки Иҷлосияи XVIи Шурои Олӣ нақши таърихӣ ва тақдирсози худро нисбати миллати тоҷик комилан иҷро намуд.

Мавриди зикр аст, ки қиммати таърихии иҷлосияи тақдирсози миллати тоҷик бо мурури солҳо афзун гардида, рисолати таърихии худро дар назди ҷомеаи муосир сарбаландона ҳифз намуд. Агар одилона ва аз рӯйи ҳақиқат хулосабарорӣ кунем, иқрор бояд шуд, ки миллати тоҷик ҳанӯз аз оғози марҳилаи навини соҳибистиқлолӣ то Иҷлосияи тақдирсози миллат Пешвое надошт, ки ба куллӣ тамоми қишрҳои ҷомеаи тоҷикро муттаҳид намуда, ормонҳои маллии тоҷиконро бо ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳифз намояд. Ва ҳамин гуна шахсияти таърихию фидоии миллати тоҷикро дар шахсияти Пешвои муаззами миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз Иҷлосияи XVIи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо мардуми дар масири таърих ҷафодида, муаррифӣ намуд.

Адабиёт:

  1. Акрамӣ З.И. Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Мантиқи таърих./ З.И. Акрамӣ. ˗ Душанбе, 2017.– 80 с.
  2. Мадалиев Қурбон. Аҳамияти таърихӣ ва ҷаҳонии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум. Симпозиуми байналмилалӣ. / Қ. Мадалиев // Садои мардум.–2002. – 6 ноябр.–№103-104 (1475-1476)
  3. Олимов Кароматулло. Нақш ва аҳамияти Иҷлосияи XVI дар таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон./ К. Олимов // Садои мардум.–2012. – 9 ноябр.–№ 15-XVI. (189)
  4. Ҳайдаршо Пирумшо. Истиқлолияти комил-бузургтарин дастоварди таърихии миллат// Истиқлолияти Давлатӣ: марҳилаи тақдирсоз дар сарнавишти халқи тоҷик (ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон) Маводи конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ (Душанбе, 2021).–С.XVI–31.
  5. Шарифзода Абдуфаттоҳ «Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандонро хеле боло бурд» / А. Шарифзода // Илм ва ҳаёт.–2017.–№ 5-6.–С.XVI.–22.

Ёров М.Ҳ. – ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj