• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ РОМАНӢ-ГЕРМАНӢ

Дар таърихи 28-уми ноябри соли 2022 дар факултет забонҳои романӣ-германӣ бахшида ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар гурӯҳи 110, ихтисоси забони муосири олмонӣ-тарҷумон дарси кушоди тарбиявӣ баргузор карда шуд. Дар дарси кушод декани факултет Қувватова С.М., раиси Иттифоқи касабаи донишҷӯён Раҷабов Д., мудири бахши кор бо занону бонувон Далатзода М., мутахасиси шуъбаи тарбия Исломзода Ф., мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Каримов Д. ва як зумра устодону донишҷӯён ширкат намуданд.
Дарсро Мадиева У., сарпарасти гурӯҳ ҳусни оғоз бахшид. Баъдан донишҷӯён барномаи омода намудаи худро, ки аз маърӯза, сурудхонӣ ва саҳначаи тарбиявӣ иборат буд, пешкаши ҳозирин намуданд.
Дар фарҷом декани факултет Қувватова С., раиси Иттифоқи касабаи донишҷӯён Раҷабов Д. ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Каримов Д. перомуни дарси мазкур ибрози андеша намуданд. Таъкид карда шуд, ки чунин дарсҳо дар факултет бештар ташкил карда шаванд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj