• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

КОМЁБИИ ДОНИШҶӮДУХТАРОН ДАР МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ

Дар муддати рӯзҳои 1-6 декабри соли 2022 дар доираи чорабиниҳои Федератсияи волейболи Тоҷикистон дар байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии ҳудуди шаҳри Душанбе мусобиқаи волейбол барпо гардид. Аз ҷумлаи ин муассисаҳои таълимӣ 6 даста ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфта, миёни ҳамдигар қувва озмуданд. Дар натиҷа тими донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон мавқеи якум, Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мавқеи дуввум, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мавқеи сеюмро ишғол намуданд. Мураббии дастаи донишгоҳ, устоди кафедраи умумидонишгоҳии тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи гражданӣ Изатов А.Б. иброз дошт, ки муваффақияти донишҷӯдухтарони мо назаррас буда, онҳо бо ифтихорнома ва мукофотҳои масъулони баргузории мусобиқа қадрдонӣ шуданд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj