• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

МАҲФИЛИ ИЛМӢ ДАР КАФЕДРАИ ФАЛСАФА

Ҷиҳати татбиқи нақша – чорабиниҳои кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносии  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  дар таърихи 05 декабри соли 2022 таҳти  роҳбарии маҳфили илмии “Файласуфони ҷавон” номзади илмҳои фалсафа Гулов И.Ф.  ҳамоиши навбатӣ баргузор гардид. Дар маҳфили мазкур мудири кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносӣ номзади илмҳои фалсафа Бердиев Ш.П. ва узви садорати маҳфил, номзади илмҳои фалсафа Кенҷаева Л.Э. иштирок намуда, суханронӣ намуданд. Ҳамчунин донишҷӯи факултети филология Бегзода Таманно дар мавзӯи “Ҷомеа ҳамчун низоми худинкишофёбанда”  маърӯзаи хешро ироа намуд. Мавсуф аз ҷумла зикр кард, ки моҳияти ҳаёти ҷамъиятӣ ба фаъолияту амали инсон асос меёбад. Инсон фаъолияти худро дар асоси муносибат бо дигар одамон, ки шаклҳо ва навъҳои онҳо дар тули таърих ташакул ёфтанд, амалӣ мекунад. Барои ҳамин дар кадом соҳаи ҳаёти иҷтимоие, ки фаъолияти инсон амалӣ шавад, вай доимо характери иҷтимоӣ дорад. Ҷамъият ҳамчун системаи калони иҷтимоиест, ки зерсистемаҳои онро иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсат ва фарҳанг ташкил медиҳанд. Ҳар яке аз ин системаҳои умумии ҷамъиятӣ зерсистемаҳои бисёреро дар бар мегирад, ки унсурҳои онҳоро худи институтҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои иҷтимоӣ ва ғайра ташкил медиҳанд. Доир ба мавзӯи маҳфил музокираҳо анҷом ёфтанд ва дар ин баробар ҳозирин аз баргузории чунин маҳфил қаноатмандии хешро изҳор доштанд.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj