• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Маҷмӯаҳои таълимию методӣ-кафолати пешрафти кор

Дар семинар-тренинге, ки давоми 3 рӯз дар донишгоҳ баргузор гардид, татбиқи принсипҳои асосии низоми кредитии таҳсилот, баланд бардоштани сифати таълим дар шакли таъмини донишҷӯён бо маводи таълимӣ ва тартиб додани маҷмӯаҳои таълимию методии фанҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Маҷмӯаҳои таълимию методии фанҳои биологияи умумӣ, амалияи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони олмонӣ (дар курси 1), асосҳои физикаи мактабӣ, назарияи адабиёт (барои курси 3, ихтисоси филологияи тоҷик) ва методикаи таълими забони англисӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Дар анҷом ректор, академик Н.Салимов ба муовинон, деканҳо ва мудирони кафедраҳо супориш дод, ки давом моҳи марти ҳамин сол масъалаи таҳияи МТМ-и фанҳои таълимиро омӯхта, ҷадвали муаррифии онҳоро дар сатҳи факулта ва кафедраҳо бо иштироки кормандони раёсати донишгоҳ барои тасдиқ пешниҳод намоянд. Муҳлат барои деканон ва мудирони кафедраҳо аз 10-уми март то 10-уми апрел ва барои омӯзгорони соҳибунвону ботаҷриба аз 11-уми апрел то 15-уми май таъйин карда шуд.

Илҳоми Абдулло

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj