• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ

Дар таърихи 9-уми бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия дар факултети забонҳои рмоанӣ-германӣ мизи мудаввар таҳти унвони "Нақш ва саҳми устодон дар татбиқи "Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2023" баргузор гардид. Дар чорабинӣ устодон ва кормандони факултет иштирок намуда, доир ба роҳҳои пешгирӣ аз ҳолатҳои коррупсионӣ маърӯза карданд. Зикр карда шуд, ки ҳарчанд ҷомеаи башарӣ бар зидди ин падидаи номатлуб дар муборизаи беамон қарор дорад, вале то ба имрӯз коррупсия чӣ дар давлатҳои абарқудрат ва чӣ дар давлатҳои рӯ ба инкишоф боқӣ мондааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Маврид ба зикр аст, ки  Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия бо ташаббуси Маҷмаи Умумии СММ аз соли 2004 инҷониб 9 декабр таҷлил карда мешавад.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj