• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

НАТИҶАГИРӢ ВА ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ СЕЮМИ КУРС – ТРЕНИНГ

Ҷиҳати татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”  ва дар доираи ҳамкориҳои судманд Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои донишгоҳ даври сеюми курс тренингро барои донишҷӯёни курси 4 – уми факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ бо истифода аз методҳои муосири таълими забони англисӣ, ки бо ташкилоти ҷамъиятии “Дурахши маърифат” дар доираи лоиҳаи “Забони англисӣ бидуни сарҳадҳо” давоми панҷ рӯз дар ҳаҷми 24 соат  пешбинӣ гардида буд, ҷамъбаст намуд. Бояд қайд намуд, ки дар рафти баргузории даври сеюми курс – тренинг 18  нафар ба қайд гирифта шуда, ҳамаи онҳо, ки талаботи нақшаи пешбинигардидаро аз худ намуданд, соҳиби сертификат гардиданд.

Дар маросими ҷамъбастии он муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д.Ш., сардори Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо Азимов М., ва директори ташкилоти ҷамъиятии “Дурахши маърифат” Мирпочоева Н.,  менеҷери барнома Мирзовафоева Г., иштирок намуданд. Даври минбаъдаи курс – тренинг оид ба усулҳои муосири таълими забони англисӣ барои омода намудани мутахассисони оянда аз моҳи январи соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj