• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ–ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

Дар факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзӯи “Экстремизм ва терроризм–падидаҳои номатлуби ҷомеа” чорабинии илмӣ баргузор карда шуд. Дар чорабини декани факултет Мирзораҳимов А., сармутахасиси шуъбаи тарбия Ҳасанов Ҳ., муаллими калони кафедраи сиёсатшиносӣ Амиров Т., муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Имомов С. ва як қатор устодону донишҷӯён иштирок намуданд. Чорабиниро декани факултет Мирзораҳимов А. ифтитоҳ намуда, дар раванди суханронии хеш зикр намуд, ки дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI башарият ба хатари ҷиддӣ, мисли ифротгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад. Аз ин рӯ, мо бояд ҳушёр бошем, худшиносӣ ва ғурури миллиамонро баланд бардорем, Ватанамонроҳифз намоем ва обод созем. Парчами ваҳдати миллиро ҳамеша боло бардорем. Сипас, Ҳасанов Ҳ. ва Амиров Т. баромад намуда, перомуни таърихи пайдоиши терроризм ва экстремизм ва зарари он ба ҷомеа суханронӣ намуданд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj