• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН...

Ба диққати ҳама донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  расонида мешавад, ки дар Донишгоҳ маҳфили “Ровиёни ҷавон” ташкил гардид. Ҳадаф аз ташкил намудани ин маҳфил ҷалб намудани донишҷӯён ба суханварӣ ва ба тарзи  ифоданоку таъсирбахш қироат намудани шеъру сухан, инчунин ҷалб намудани донишҷӯён ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои илмию фарҳангӣ ва барномаҳои телевизионӣ  мебошад.

Агар шумо ба суханварӣ ва наттоқӣ майлу рағбат доред ва инчунин мехоҳед маҳорати баланди шеърхонӣ ва суханварӣ пайдо кунед, пас ин маҳфил шуморо ба мақсад мерасонад. Мо кӯшиш менамоем бо тамоми ровиён ва ҳунармандони машҳури кишвар ҳамкорӣ намоем, то онҳо тавассути ин маҳфил дар сайқал ёфтани истеъдоди шумо мусоидат намоянд. Маҳфили мазкур дар як моҳ ду маротиба дар толори Шӯрои олимони факултети филологияи тоҷики Донишгоҳ гузаронида мешавад.

Ҳангоми қабули хоҳишмандон ба ин маҳфил садо ва симои довталаб ба эътибор гирифта мешавад. Нафарони хоҳишманд метавонанд бидуни мушкилӣ  бо рақамҳои зерин: 917-31-55-54 / 988-81-78-80 ё мустақиман бо роҳбари маҳфил Муҳаммадҷон Қосимзода тамос гиранд.



 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj