• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

БАРГУЗОРИИ АТТЕСТАТСИЯ БАРОИ УНВОНҶӮЁН

Мутобиқи фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор Ибодуллозода Аҳлиддин оғоз аз таърихи 14 декабр то 21 декабри соли 2022 барои унвонҷӯёни солҳои 2018-2022, докторантон аз рӯйи ихтисос тавассути ҳайати корӣ аттестатсияи донишгоҳӣ баргузор шуда истодааст. Дар ҷаласае, ки имрӯз баргузор гардид, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Сангинзод Д. Ш., сардори раёсати илм ва инноватсия Идиев С., мудири бахши табъу нашр Мардонзода Ҷобир, деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ширкат намуданд. Дар рафти ҷаласаи мазкур ҳисоботи фаъолияти илмии унвонҷӯёни соли аввал шунида шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мақсад аз баргузории аттестатсияи мазкур пеш аз ҳама шиносоӣ бо вазъи фаъолияти илмии муҳаққиқони ҷавон, муайян ва бартараф намудани камбудиҳо дар ин самт мебошад.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj