• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

САҲМИ МУНОСИБИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Тавре ки дар расонаҳо  иттилоъ дода шудааст, 5-16 декабри соли 2022 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, ки дар он  довталабон  аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок карданд. Озмун аз рӯйи 5 номинатсия - хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик, хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон ва номинатсияи шоирӣ сурат гирифт. Нимаи дуввуми рӯзи 16 декабри соли равон як қатор кормандони Вазорати маориф ва илм, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, масъулини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе барои саҳми арзанда дар баргузории озмуни мазкур бо ифтихорномаю сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд, ки дар ин самт фаъолияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи  Садриддин Айнӣ хеле назаррас арзёбӣ гардид.

Дар ҷаласае, ки дар нимаи дуюми рӯзи 16-уми декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам ва директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода баргузор гардид, супурдани мукофотҳои пулӣ, ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илм ва Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” ба иштирокчиёни даври чоруми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор гардидаанд, ҷараён гирифт.Дар ин ҷараён муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонума Сатториён Матлубахон Амонзода  ҳамчунин ба ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи  Садриддин Айнӣ ҷиҳати иштироки фаъолона ва саҳми арзандаи коллективи нахустдонишгоҳи кишвар  дар баргузории даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ифтихорнома, сипоснома ва мукофотҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро  тақдим намуд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj