• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

РЕКТОРИ СОЛ – РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРИИ ПОЙТАХТ
Чӣ тавре, ки пайки тоза расид, тибқи назарсанҷии таҳиякардаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи Pressa.tj дар миёни ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, муҳтарам Аҳлиддин Ибодуллозода бо гирифтани раъйи бештар (10753 овоз) ҳамчун “Ректори сол” шинохта шуд. Лозим ба зикр аст, ки овоздиҳӣ тариқи сомонаи Pressa.tj аз 14 то 30-юми декабри соли 2022, соати 12:00 идома ёфт. Лоиқи қайд аст, ки ҳамасола барои дарёфти чеҳраҳои сол аз рӯи 10 номинатсия пурсиш мегузаронанд. Ҳадаф аз он муайян кардани раисон, вазирон, соҳибкорон, бонкирҳо, сарояндагон, блогерҳо, адибон, ректорҳо, ҳунармандон мебошад, ки дар тӯли сол соҳиби дастовардҳо шудаанд. Баъдан, барои интихоби ягона аз даҳгона дар сомонаи Pressa.tj овоздиҳии онлайнӣ сурат гирифт. Шаҳрвандони кишвар имкон доштанд, ки бо роҳи овоздиҳӣ аз ҳар номинатсия як нафарро интихоб кунанд. Шахсоне, ки аз ҳар номинатсия (аз ҳар номинатсия 1-нафарӣ) аз ҳама зиёд овоз гирифтанд, чеҳраи сол шинохта шуданд. Ғолиб ҳамоне дониста мешавад, ки дар номинатсияи худаш аз ҳама бештар овоз мегирад.
Ғолибони “Рейтинг-2022” баргузидагони мардуманд ва бо Дипломи махсуси ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мукофотонида мешаванд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj