• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ТАРҒИБИ ҒОЯҲОИ ПАЁМ ВАЗИФАИ МОСТ
Тибқи дастури ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, муҳтарам Аҳлиддин Ибодуллозода ҷиҳати омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар таърихи 23 декабри соли 2022 таҳти унвони “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” оғоз аз ибтидои соли нави милодии 2023 дар ҳама хобгоҳҳои донишҷӯён гузаронидани вохуриҳо ба нақша гирифта шудааст. Муқаррар шудааст, он устодону кормандоне, ки дар баргузории Паём бевосита иштирок намудаанд, дар боби муҳтавои нуктаҳои Паёми Сарвари давлат маъруза ироа кунанд. Дар ҳамин асос дар таърихи 05 январи соли 2023 муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д.Ш. ва сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия Мусомирова З. дар аснои мулоқот бо донишҷӯёни хобгоҳи №6 вобаста ба он масоиле, ки аз Паём сарчашма мегирад, хусусан доир ба рушди соҳаи маорифи кишвар ҳарф зада, аз ҷумла ин суханони Пешвои муаззами миллатро қайд намуданд: “Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад.Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад.” Дар ниҳояти чорабинӣ аксар донишҷӯён аз баргузор шудани он қаноатмандии хешро изҳор карданд. Дар ҷараёни баргузории ҷамъомад инчунин мудири шуъбаи тарбия Алланазаров Ш., сармутахассиси шуъбаи мазкур Ҳасанов Ҳ., мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Каримов Д., раиси шурои занон ва бонувон Давлатзода М., сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия Ҳамроев А. ва коменданти хобгоҳ Содиқов М. иштирок доштанд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj