• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ШАРҲИ НУКТАҲОИ МУҲИМИ ПАЁМ ДАР КАФЕДРАИ ҲУҚУҚ

Дар таърихи 6 январи соли 2023 бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вобаста  ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии кишвар  ироа гардида буд, ҳамоиш баргузор гардид. Дар ҷараёни  баргузории ҳамоиш муовинони ректор оид ба корҳои таълимӣ ва илмӣ Айнуллозода Н. ва Сангинзод Д. Ш., инчунин як зумра устодону донишҷӯён ширкат намуданд. Ҳамоишро мудири кафедраи мазкур номзади илмҳои таърих Аламов Ҳ. оғоз намуда, қайд кард, ки Паёми солонаи Роҳбари давлат аҳаммияти бисёр муҳимми сиёсӣ ва рамзӣ дошта, худи ҳастии давлатии миллат ва истиқлолияти сиёсии давлатро ифода мекунад. Новобаста аз чигунагии мазмуни сиёсату барномаҳои Паём, худи аз тарафи роҳбарияти кишвар мустақилона муайян ва озодона эълон шудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, моделу шеваи давлатдорӣ, низоми арзишҳои интихобшуда ва тарзу марҳилаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар маҳз маънои худмуайянкунии давлатӣ ё истиқлолияти сиёсии кишварро дорад. Яъне, худи Паём хоси давлати мустақилест, ки моҳият ва самтҳои сиёсатгузориро худ мустақилона муайян мекунад. Сипас, профессори кафедра Раҷабов С. баромад намуда, доир ба нуқтаҳои муҳими Паём ибрози андеша намуд ва ҳамзамон ёдовар шуд, ки  ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоссатан Пешвои миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ бесобиқаанд. Мавсуф аз ҷумла ин суханро, ки аз Паём маншаъ мегирад, зикр намуд: “Боиси қаноатмандист, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст.14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард.Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд.”

Дар ниҳояти ҳамоиш якчанд устодону донишҷӯён дар музокироти ҳамоиш суханронӣ карданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj