• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
менюхо

Бо қарори Шӯрои олимони

Донишгоҳи  давлатии  омӯзгории

Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

аз 31.10. 2012, таҳти № 9  тасдиқ шудааст.

Дастурамали

либосҳои тавсиявии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Муқарароти умумӣ

Дастурамали либосҳои тавсиявии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (минбаъд донишгоҳ) ба номи Садриддин Айнӣ дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ»,  «Қоидаҳои донишҷӯӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оинномаи донишгоҳ», «Қоидаҳои тартиботи дохилии донишгоҳ» инчунин дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия гардидааст.

Либосҳои тавсиявии  донишҷӯёни донишгоҳ. Дастурамали мазкур тарҳи намунавии либосҳои донишҷӯёни донишгоҳро оид ба ҳар як фасли сол барои духтарон ва писарон муайян менамояд. Либосҳои донишҷӯёни донишгоҳ бояд  аз матоъҳои пахтагию абрешимӣ ё худ пашмӣ, ки барои саломатии инсон безарар аст, дӯхта шаванд. Аз истифодаи матоъҳои синтетикӣ, ки ба саломатии донишҷӯён зараровар мебошанд, худдорӣ карда мешавад.

Дар донишгоҳ бо қарори Шӯрои олимон талаботи пӯшидани либосҳои донишҷӯён таъмин карда мешавад.  Ба духтарон бо рӯймоли миллӣ ва ба писарон бо тоқӣ дар дарс нишастан иҷозат дода мешавад. Ҳамаи донишҷӯёни донишгоҳ ҳангоми ба дарс омадан бо худ ҷузвдон мегиранд.

Ҳангоми сард будани синфхонаҳо ба донишҷӯёни донишгоҳ бо либосҳои гарми зимистона (болопӯш, палто, ҷемпер ва куртка) дар дарс нишастан иҷозат дода мешавад.

Дар донишгоҳ барои донишҷӯён истифода бурдани лавозимоти хонише, ки дар онҳо расму суратҳои нимурён, аксҳои гуногун аз филмҳои хориҷии талқинкунандаи равонияти зӯроварӣ ва барангезанда тасвир шудаанд, қатъиян манъ мебошад.

Зарурати омода намудани  либосҳои  тавсиявии донишҷӯёни  муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар банди 4 «Қоидаҳои донишҷӯӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии   Тоҷикистон» (қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 2006 №32/3) таъкид гардида аст.                                      
Либоси донишҷӯӣ дорои хусусияти хос буда, дар инкишофу такомули тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ ва ифтихори миллии донишҷӯён нақши бузург мебозад. Либосҳои намунавии донишҷӯӣ дар замири донишҷӯён ҳисси зебопарастӣ, озодагӣ ва хулқу атвори ҳамидаро ҷой намуда, онҳоро водор месозад, ки хушбин ва бо интизом бошанд.

Бо ин мақсад Вазорати маориф ва илми ҶТ «Дастурамали либосҳои тавсиявиро тасдиқ намуд, ки дар асоси он  «Дастурамали либосҳои тавсиявии донишҷӯёни донишгоҳ таҳия ва тасдиқ гардид.
Оиди Дастурамали либосҳои тавсиявии донишгоҳ дар замири донишҷӯён ҳисси  зебогӣ, озода ва хулқу атвори  онҳоро нишон медиҳад, барои  бинанда  маълум мегардад, ки ин либосҳои  тавсияшуда  хоси  симои донишҷӯ  мебошад. Ба ғайр аз ин донишҷӯёни ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ яке аз донишгоҳҳое  мебошад, ки номи омӯзгор,  тарбиядиҳандаро  дар бар мегирад ва пӯшидани  чунин  либосҳои тавсия шуда, ба номи ҳар як донишҷӯ муносиб ва хос мебошад.                                                  
Либосҳои тавсия шудаи донишгоҳ ба фаслҳои сол ҷудо шуда, сифат ва аз ҷиҳати  тиббӣ  нишон  додашудааст,  бинобар  ин имрӯза семинар - машварати мо бахшида ба ин «дастурамал» мебошад ва мо баъди дида баромадани «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ» фикру мулоҳизаҳо ва ё пешниҳодҳои  шумо шунида мешавад.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj