• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ҶАЛАСАИ РЕКТОР: ЛИТСЕЙИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ МЕНАМОЯД!

Имрӯз ҷаласаи васеи кории Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ бо ширкати муовинони ректор, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия баргузор гардид.

Дар ҷаласа Аҳлиддин Ибодуллозода якқатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла фаъолияти қисми илмӣ, ташкили гурӯҳи корӣ вобаста ба санҷиши иқтидори илмии кафедраҳо, танзими назорати электронии раванди ҳозиршавӣ ба ҷойи кор, таҳияи лоиҳаи санадҳои заруриро ҷиҳати фаъолияти литсейи наздидонишгоҳӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Дар ҷаласа ректори Донишгоҳ аз фаъолияти баъзе аз омӯзгорон, мудирони кафедраҳо ва деканони факултетҳо изҳори нигаронӣ намуда, иброз дошт, ки бояд содиқона рисолати омӯзгории худро назди омӯзгорони оянда анҷом диҳем.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj