• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

РЕКТОР: БА ТАЛАБОТИ ЗАМОН ҲАМҚАДАМ БОЯД БУД

Тибқи нақшаи пешбининамудаи Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар таърихи 30 январи соли 2023 бо ҳузури магистрантону докторантоне, ки дар донишгоҳ таҳсил менамоянд, ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷараёни ҷаласа ҳамчунин муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д.Ш. ва як қатор деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳои тахассусӣ ва роҳбарони бахшҳои марбута иштирок карданд. Дар оғози ҷаласа ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода сухан ронда, вобаста ба пешрафту камбудиҳои ин зинаҳои таҳсилот ҳарф зад. Роҳбари донишгоҳ масъалаҳои ҳузури номунтазам ба дарсҳо, пешниҳоди мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ ба маҷаллаҳои тақризшаванда ва сомонаи донишгоҳ, иҷрои нақшаҳои инфиродӣ, риояи талаботи либоси намунавӣ ва амсоли инҳоро қайд карда, ба масъулин бобати андешидани чораҳо дастур ироа кард. Аҳлиддин Ибодуллозода инчунин бобати ҳавасманд кардани магистрантон ва докторантони фаъол ба масъулини иттифоқҳои касабаи донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ супориш пешниҳод карда, таъкид намуд, ки иштироки онҳо дар маҳфилҳои илмӣ, озмунҳои сатҳи донишгоҳӣ, ноҳиявӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ натанҳо боиси обрӯву эътибор, балки аз нигоҳи молиявӣ қадрдонӣ гардидани ҳам магистрантону докторантон ва ҳам роҳбаронашон мегардад. Дар ниҳояти ҷаласа мудири шуъбаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ аз ҳамаи магистрантону докторантон даъват ба амал овард, ки талаботи низомномаро риоя намуда, дар меъёрҳои муқарраршудаи низоми илмиву таълимиро иҷро намоянд.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj