• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ДАР ТАРБИЯИ ДОНИШҶӮЁН САҲЛАНГОРӢ НАБОЯД КАРД

Дар таърихи 1 феврали соли 2023 дар асоси дастури ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Нигора Назарзода ҷаласа баргузор гардид, ки дар он кормандони шуъбаи тарбия ва муовинони деканон оид ба корҳои тарбиявӣ иштирок карданд. Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои назорати хобгоҳҳои донишҷӯён ва шароити зисти онҳо, баргузор намудани вохӯриҳо бо намояндагони мақомот ҷиҳати тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи дунявии демократӣ ва пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифроттгаро, назорати сару либоси устодону донишҷӯён, интизоми меҳнат ва амсоли инҳо баррасӣ шуданд. Дар поёни ҷаласа Нигора Назарзода ба масъулин дастур дод, ки дарсҳои тарбиявиро ҷиддӣ назорат кунанд, зеро вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як омӯзгор тарбия намудани донишҷӯён дар рӯҳияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, хештаншиносӣ, меҳанатдӯстӣ, эҳтироми арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ мебошад.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj