• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ЗАБОНШИНОСӢ ВА АДАБИЁТШИНОСӢ

Дар  таърихи 6 апрели соли 2023 дар факултети забон ва адабиёти  рус бо ташаббуси кафедраи  адабиёти рус ва ҷахон бахшида ба «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва “Соли забони русӣ” дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Конференсияро декани факултет Исломова Ҷ.М. оғоза намуда, зимни баромади худ кайд намуд, ки омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар ҷаҳони муосир аҳамияти бузург дорад ва вазифаи аввалиндараҷаи мо-омӯзгорон ба насли наврас додани донишҳои зарурӣ мебошад. Сипас,  Бақоева М.Т. дар мавзӯи «Раванди адабӣ ва инкишофи тарҷимаҳои назми рус ва тоҷик»,  Валиев Н.У. дар мавзӯи «Тарҷумаи адабӣ (дар мисоли тарҷумаи Н. Гумилёв)»,  Субхонқулова С.А. дар мавзӯи «Адабиёти шабакавӣ ҳамчун воситаи тарғиби эҷодии адибони тоҷик (занон)»,  Наврӯзов А.Х. дар мавзӯи «Хусусиятҳои тарҷумаи асарҳои М.Шолохов ба забони точикӣ». ва Субхонқулова Н.А. дар мавзӯи "Манзара ҳамчун воситаи эҷоди олами  тахайюдӣ" баромад намуданд.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj