• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ҶАМЪОМАДИ МАШВАРАТӢ ДАР НОРАК

Дар Марказии таълимии касбомӯзии шаҳри Норак, ки сохтори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ҳисоб меравад, ҷаласаи машваратӣ  баргузор шуд, ки дар он асосан масоили   пешгирӣ ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ҷавонону наврасон  ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷамъомад зикр шуд, ки чунин чорабиниҳо дар муассисаҳои ҳудуди шаҳр ва минтақаҳои марбут ба он тибқи нақшаҳои тарҳрезишуда амалӣ гардида, мақсади он пешгирии пайомадҳои ногувори гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротию иртиҷоӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ташкилотҳои террористию экстремистӣ, хусусан риояи низом дар раванди таҳсил мебошад. Дар ҷараёни ҷаласа директори марказ  Баҳодур Саидзода, мутахассиси кор бо ноболиғони ШВКД дар шаҳр Норак, капитани милиса Ҳусейн Ҳайдарзода  ва раиси бахши шуғли аҳолии шаҳр Суҳроб Набиев  оид ба ин масъалаҳо ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки дар пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо бояд яктан бошем ва барои таъмину иҷро, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо амалҳои номатлуб канорагирӣ накарда, фаъолияти хешро пурзӯр ва саҳми хешро дар пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат ва сулҳу суботи ҷовидонаи ватани маҳбубамон гузорем.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj