• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ДИПЛОМАТИИ ӮЗБЕКИСТОН
Возможно, это изображение 4 человека и помостДар таърихи 13-уми апрели соли 2023 ҷиҳати ташрифи намояндагони сафорати Ҷумҳурии Узбекистон: Раҳимов Рустам - консули сафорати Узбекистон дар Тоҷикистон ва Сайдалиев Ислом Аскарович - котиби аввали сафорати Узбекистон дар Тоҷикистон ба Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї бо иштироки муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Дониёр Шомаҳмад ва кормандони шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Омонов Рустам ва Хушматов Намоз бо донишҷӯёни узбекистонӣ, ки дар донишгоҳ таҳсил мекунанд, мулоқоти судманд анҷом пазируфт. Дар рафти мулоқот асосан ба масъалаҳои марбут ба раъйпурсии дарпешистода, ки вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Узбекистон дар назар аст, таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Илова бар ин, оид ба қоидаҳои будубош дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқот мавриди таъкид қарор гирифт.
Лозим ба зикр аст, ки раъйпурсии қарибулвуқуъ дар кишвари дӯсту ҳамсоя дар таърихи 30 апрели соли 2023 баргузор хоҳад гардид.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj