• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ҒОЛИБИЯТИ МАТЕМАТИКОНИ ҶАВОНИ ДОНИШГОҲ

Возможно, это изображение 5 человекТибқи  маълумоти мавҷуда донишҷӯёни курси 5, ихтисоси математика-физика ва ихтисоси математика-информатикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар таърихи 10 апрели соли 2023 дар олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия баргузор шуд, иштирок карда, соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд. Дар ин ҷода нафарони зерин ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд:

Лочинов Раҳим Саймуддинович (донишҷӯи курси 5 ) – сазовори ҷойи III;

Бобоқулов Муслимҷон Бобобекович (донишҷӯи курси 5 ) - сазовори ҷойи IV;

Қаюмов Зафар Абдусаломович (донишҷӯи курси 5 ) – сазовори ҷойи V;

Каримзода Файзалӣ Нурмаҳмад (донишҷӯи курси 5) - сазовори ҷойи VI.

Олимпиадаи мазкур дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М. Акмулла баргузор гардид. Донишҷӯён барои иштирок ва ғолибият бо дипломҳо сарфароз гардиданд.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj