• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ҶАЛАСА: ДАР ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ ОСОРХОНАИ ТАЪРИХӢ ТАЪСИС ДОДА МЕШАВАД
24-уми апрели соли 2023 ҷаласаи васеи назоратии Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ бо ширкати муовинони ректор, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва сардорони шуъбаҳо ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия баргузор гардид.
Дар ҷаласа Аҳлиддин Ибодуллозода якқатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла назарати ҷиддии раванди ҳозиршавии омӯзгорон ба дарс, танзими меъёри ҳуҷҷатҳо, назорати ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон ва баррасии онҳои дар муҳлатҳои муқарраршуда, танзими ҳуҷҷатҳои хатмкунандагон шакли таҳсили рӯзона ва фосилавиро мавриди баррасӣ қарор дод.
Илова бар ин, дар ҷараёни ҷаласаи корӣ Аҳлиддин Ибодуллозода ёдовар шуд, ки дар ошёнаи аввали бинои нави таълимие, ки сохтмонаш дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дорад, Осорхонаи таърихӣ таъсис дода шуда, дастовардҳои таърихии Донишгоҳ гузошта мешавад. Маврид ба зикр аст, ки оғози сохтмони бинои нави таълимии 5 ошёна ҳанӯз аз соли 2014 оғоз гардида, бинобар сабабҳои молиявӣ корҳои сохтмонии бино қатъ гардида буд. Бо ташаббуси Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ корҳои сохтмонии бино дар ҳоли ҳозир дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошта, корҳои рангуборкунии дохилу берунӣ бино бо тарҳи замонавӣ бомаром идома дорад.
Бинои нави таълимии замонавӣ аз 5 ошёна иборат буда, фарогири синфхонаҳои таълимӣ, таҳхона, ошхонаи умумӣ ва толори нави фарҳангӣ барои 570 ҷойи нишаст мебошад.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj