• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ КИШВАР АЗ ЛИТСЕЙИ НАЗДИ ДОНИШГОҲ ДИДАН НАМУД
Имрӯз, 25-уми апрели соли 2023 дар доираи ташрифи корӣ Абдулзода Зиёдулло, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидзода Ҳикматулло, сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асомиддинзода Шарофиддин, сардори Раёсати таҳсилоти миёнаи умумии вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Литсейи тозатаъсиси назди донишгоҳ дидан намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъмиру муҷаҳҳаз намудани Литсей бо лавозимоти таълимӣ хуб истиқбол намуда, ба сифату тарҳи мизу курсиҳои замонавие, ки аз ҷониби Парки технологии Донишгоҳ истеҳсол шудаанд, баҳои баланд дод. Маврид ба зикр аст, ки Литсейи назди донишгоҳ барои хонандагони синфҳои 5-11 аз аввали соли нави таҳсил ба фаъолият оғоз хоҳад кард.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj