Хабарҳо |
There are no translations available. ПОКИЗАГӢ МАРОМИ МОСТ
Ҳамчунин гурӯҳи дигари омӯзгорон тасмим гирифтанд, ки кафедра ва синфхонаҳоро рангубор намуда, ба биноҳои таълимӣ зиннати тоза бахшанд. Нарм намудани бехи дарахтон, ба тартиб овардани гулу буттаҳои ороишдиҳандаи гирду атрофи донишгоҳ аз ташаббусҳои созандаи кормандону омӯзгорони ин боргоҳи маърифат ба шумор меояд. Дар доираи ин чорабинӣ намои зоҳирии биноҳо, долон ва таҳхонаҳо низ тамиз карда шуд. Лозим ба ёдоварист, ки аксияи мазкур ба ифтихори 26-умин солгарди таҷлили пуршукӯҳи ҷашни умумимиллии Ваҳдати миллӣ баргузор гардида, хадафш ободу зебо намудани як гӯшаи шаҳри Душанбе ва ба ин васила ҷолибу дилрабо намудани муҳити атроф мебошад.
|