• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

НИГАРОНИИ РЕКТОР АЗ ДАРСШИКАНИИ БАЪЗЕ АЗ ОМӮЗГОРОН

Имрӯз Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ, бо иштироки муовинони ректор, деканони факултетҳо ва сардорони шуъбаҳо ҷаласаи корӣ баргузор намуд.

Дар ҷаласа ректори донишгоҳ як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла назорат ва муайян намудани донишҷӯёне, ки то ҳол ба дарсҳо дер меоянд, ҳолати ҳозиршавии донишҷӯён ба дарс, ташкили суҳбат-вохӯрӣ бо волидони донишҷӯёни курси аввал, ҳолатҳои дарсшиканӣ аз ҷониби омӯзгорон ва назорати қатъии донишҷӯёнро дар дарс мавриди баррасӣ қарор дод.

Зимни ҷаласа ректори донишгоҳ ёдовар шуд, ки вақте дар гурӯҳ 20 нафар фарзандони мову шумо омӯзгорро мунтазиранд ва омӯзгор бидуни огоҳӣ дарсшиканӣ мекунад, нигаронкунанда аст.Дар интиҳои ҷаласа ректори донишгоҳ, ба деканон ва масъулини қисми таълим, раёсати кадрҳо дастур дод, ки ба масъалаи мазкур ҷиддӣ таваҷҷуҳ намуда, пайи ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ҷораҷуӣ намоянд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj