Кафедрахо 54 |
Ҷӯраев Хайём Акрамович Мудири кафедраи забони англисӣ ҳамчун ихтисоси дуюм номзади илмҳои филологӣ, дотсент Тел: (+992) 937987373 E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ УМУМИДОНИШГОҲИИ «ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ҲАМЧУН ИХТИСОСИ ДУЮМ»
Кафедраи умумидонишгоҳии «Забони англисӣ ҳамчун ихтисоси дуюм», яке аз кафедраҳои навтаъсис дар назди раёсати таълими ДДОТ ба номи С. Айнӣ ба шумор меравад. Кафедраи зикршуда таълим дар ихтисосҳои ҳамгироро дар бар мегирад. Августи соли 2019 дар назди раёсати таълими ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ кафедраи забони англисӣ ҳамчун ихтисоси дуюм ифтитоҳ гардид. То соли равон ихтисосҳои ҳамгирое, ки ихтисоси дуюми онҳо забони англисӣ мебошад ба ӯҳдаи кафедраҳои тахассусии факултети забони англисӣ: забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ, забонҳои шарқ, услубшиносӣ ва назарияи тарҷума вогузор шуда буданд. Аввалин шуда мудирияти кафедраро номзади илмҳои педагогӣ, муаллими калон Карабаев Бахтовар Бахтиёрович ба ӯҳда дошт. Дар кафедраи мазкур 14 омӯзгор фаъолият доранд, ки аз онҳо 11 нафарашон омӯзгорони тасвибӣ, 3 нафар ҳамкори дохилӣ мебошанд, ки аз фанҳои АНШХ (Амалияи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони англисӣ), фонетикаи амалии забони англисӣ ва грамматикаи амалии забони англисӣ, Таърихи забони англисӣ, Адабиёти Англия ва ИМА, Назарияи грамматикаи забони англисӣ, Назарияи фонетикаи забони англисӣ, Типологияи муқоисавии забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ, Муқаддимаи забоншиносӣ ба донишҷӯён дарс медиҳанд. Аз теъдоди умумии 14 нафар: 1 нафар муаллими калон, 4 нафар номзади илм ва 9 нафари дигар бошад ассистентон мебошанд. Омӯзгорони тасвибие, ки дар кафедра аз фанҳои тадрисшавандаи ба кафедра марбутбуда дарс медиҳанд: Ҷӯраев Хайём, Умаров Абдураҳмон, Салимова Дилором, Усмонзода Шоҳрух, Қурбонова Саодат, Гулаева Амина, Назифова Зулайхо, Шодмонова Шоҳиста., Назарова Мусавар, Сайфуллобекова Гулнора, Худойдодова Тахмина; аз ҳамкорони дохилӣ бошанд: ассистентон Раҳматуллоев Маҳмадулло, Маҳмадов Назриддин, Асламов Инатулло мебошанд. Бояд зикр намуд, ки дар ин муддати се соли фаъолияти кории худ кафедра вобаста ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ корҳои зиёдеро анҷом додааст. Омӯзгорони кафедра Салимова Дилором ва Усмонзода Шоҳрух кори илмии худро сарбаландона ҳимоя намуданд. Илова бояд дошт, ки омӯзгори кафедра Салимова Дилором бо сари баланд ба дипломи номзади илмҳои педагогӣ ноил гаштанд. Дар як муҳлати кӯтоҳ ин ихтисосҳои ҳамгиро бо нишон додани забони англисӣ дар донишгоҳ ба яке аз ихтисосҳои серталаб табдил ёфта, сафи донишҷӯён дар ин ихтисосҳо сол то сол зиёд гардида истодааст. Ҳамасола омӯзгорону донишҷӯёни фаъоли кафедра дар барномаҳои гуногуни таълимӣ имтиҳон супорида, дар донишгоҳу донишкадаҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Федералии Олмон ва Фаронса таҳсил намуда, савияи дониш ва маҳорати забонандузии худро инкишоф медиҳанд. Бояд гуфт, ки аз моҳи октябри соли 2019 то ҳол мудири кафедраи умумидонишгоҳии «Забони англисӣ ҳамчун ихтисоси дуюм»-ро Ҷӯраев Хайём Акрамович ба ӯҳда дорад. ОМӮЗГОРОН номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Тел: (+992)918941689 Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript НАЗИФОВА ЗУЛАЙХО ТАШРИФОВНА муаллими калон Тел: (+992)935444473 Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript ГУЛАЕВА АМИНА НУРМАХМАДОВНА Тел: (+992)931856655 ҚУРБОНОВА САОДАТ ҒАНИЕВНА ассистент Тел: (+992)929323629 САЙФУЛЛОБЕКОВА ГУЛНОРА АБДУЛАКИМОВНА ассистент Тел: (+992)938874903 САЛИМОВА ДИЛОРОМ МАҲМАДИЕВНА номзади илмњои педагогӣ Тел: (+992)882088092 Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript ХУДОЙДОДОВА ТАХМИНА ҲАМЗАЕВНА ассистент Тел: (+992)002111819 ШОДМОНОВА ШОҲИСТА ВАЛИҶОНОВНА ассистент Тел: (+992)551007026 НАЗАРОВА МУСАВАР ХОТБУДИНОВНА ассистент Тел: (+992)990990294
|