| Кафедрахо 54 |
|
Кафедраи педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогир Маълумоти мухтасари кафедра Кафедраи мазкур дар назди кафедраи таҳсилоти томактабии факултети педагогика соли 2015 таъсиси ёфт. Дар заминаи кафедра ихтисосҳои “Логопедия-таҳсилоти ибтидоӣ”,“Сурдопедагогика-информатика” Олигофренопедагогика- таърих” Олигофренопедагогика-таҳсилоти ибтидоӣ” “Сурдопедагогика-забонадабиёт” ташкил гардидааст. Айни ҳол дар кафедра 10 омӯзгори штатӣ (аз ҷумла дотсентони кафедра – 3 нафар (як нафарашон и.в. дотсент), муаллимони калон – 1 нафар, ассистентони кафедра – 4 нафар), як лаборанти кафедра ва як нафар ҳамкор (ба ҳайси ассистент) фаъолият доранд, 3 нафар номзади илмҳои педагогӣ, 1 нафар доктори илмҳоипедагогӣ мебошанд. Дар кафедра аз рӯйи се нақшаи таълим раванди таҳсил ба роҳ монда шудааст: дар ихтисоси сурдопедагогика- информатика: нақшаи таълимии соли 2018 – фарогири 27 фанни таълимӣ (бахши фанҳои тахассусӣ – 27 фанни таълимӣ, бахши фанҳои интихобӣ – 17 фанни таълимӣ); |
