• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Кафедрахо 54




Баротова Гулчеҳра Юсуфҷоновна
Мудири кафедраи психологияи иҷтимоӣ  ва муносибатои оилавӣ
номзади илмҳои педагогӣ,  дотсент

 

 

 

 

Кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва муносибатои оилавӣ

Маълумоти мухтасар дар бораи кафедра

Кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва муносибатҳои оилавии факултети психологияи   ДДОТ ба номи С.Айнӣ  моҳи августи соли 2019  таъсис ёфт.  Теъдоди зиёди омӯзгорон ҷавонон мебошанд, ки баъд аз зинаи магистратура ба фаъолият шурӯъ карданд. Соатҳои таълимии кафедра барои 5 ихтисоси дар факултет амалкунанда тақсим шудааст: психологияи амалӣ, психологияи умумӣ, психологияи педагогӣ, психологияи иҷтимоӣ, психологияи муносибатҳои оилавӣ. Омӯзгорони кафедраи мазкур аз фанҳои тахассусӣ ба донишҷӯёни ихтисосҳои таҳсилоти томактабӣ –равоншинос низ дарс мегӯянд.

Дар факултаи психология ва таҳсилоти фарогир кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва муносибатҳои оилавӣ таъсис гардида,  иҷрои  вазифаи мудирӣ ба зиммаи  номзади илмҳои педагогӣ Кенҷаева З.Х. вогузор карда шуд.

Дар моҳи августи соли 2021  иҷрои вазифаи мудирии кафедра ба зиммаи номзади илмҳои педагогӣ, устоди собиқадор Баротова Гулчеҳра Юсуфҷоновна гузошта шуд. Бо сабаби навтаъсис будани кафедра ҳайати устодони он ҷавон,  баъди хатми зинаи магистратура Фархудинова Ҷ., Билолова Ш., Одилбекова З., баъди хатми аспирантура Ҳамидов У. ба фаъолияти илмӣ-омӯзгорӣ ҷалб карда шуданд. Собиқадорони соҳа - номзади илми педагогӣ - дотсент Обидова М.И., муаллими калон – Ибрагимова З.Х. барои  пешбурди  кори кафедра саҳмгузор ҳастанд. Инчунин, доктори илми педагогӣ - профессор Маҷидова Б.,  номзади илмҳои психологӣ Абдурашидов Н., номзади илмҳои педагогӣ – Ҷалолова Г., номзади илмҳои педагогӣ – Худойдодова Ф., номзади илмҳои педагогӣ - Кенҷаева З. ҳамчун ҳамкор фаъолият намудаанд. Устодони факултет -муаллими калон Аминов А., муаллими калон Эмомназарова М., муаллими калон Қурбонов Н., муаллими калон Шарипов А., ассистент Маҳмудов Ш.  ба сифати ҳамкор фаъолият менамоянд ва соатҳои таълимии кафедра дар байни омӯзгорон аз рӯи ихтисосҳои дар факултет амалкунанда тақсим карда шудаанд: психологияи амалӣ, психологияи иҷтимоӣ, психологияи муносибатҳои оилавӣ ва психологияи умумӣ.

Дар кафедра мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои психологияи иҷтимоӣ ва психологияи муносибатҳои оилавӣ омода карда мешаванд. Дар соли аввали таъсисёбии кафедра ба таҳия ва такмилдиҳии барномаҳои таълимию корӣ, таъминоти заминаи методӣ-таълимии  раванди таълим диққати махсус дода шуд. Инчунин, самти корҳои  илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методии омӯзгорон муайян карда шуда ва ба  ин кор доктори илми психологӣ - профессор Атахонов Р., доктори илми педагогӣ - профессор Маҷидова Б., номзади илмҳои психологӣ - дотсенти кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Амонов Н., вице-президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ - академик И.Х.Каримова, номзади илмҳои педагогӣ – мудири кафедраи таҳсилоти томактабӣ Кенҷаева З., номзади илмҳои  педагогӣ – дотсент - декани факултети психология   Солеҳзода М.С. ҷалб карда шуданд. Дар кафедра рисолаи муаллими калон Ҳамидов У. дар мавзӯи “Асосҳои назариявии тарбияи ҳуқуқии наврасон бобати пешгирӣ аз ҷинояткории онҳо” (таҳти роҳбарии профессор Маҷидова Б.) дар арафаи ба анҷом расидан мебошад.

Равиши корҳои илмӣ-таҳқиқотии унвонҷӯён ва собиқ докторантҳои фалсафа  PhD аз рӯи ихтисоси психология таҳти назорати роҳбарони илмӣ буда, онҳо кӯшиш намуда истодаанд дар вақти пешниҳодшуда рисолаҳои илмӣ-таҳқиқотии худро ҳукми анҷом бахшида, барои ҳимоя ва дарёфти дараҷаи илмӣ пешниҳод намоянд. Айни замон устодон  таҳияи монография, мақолаҳои илмӣ, илмӣ-методӣ, дастурҳои таълимию методӣ, такмил додани барномаҳои таълимии фаннӣ, барномаҳои корӣ, матни лексияҳо ва ғайраҳоро дар нақша доранд.

Устодони кафедра дар конференсияҳои  илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, умумидонишгоҳӣ,  дохили факултет бо маърӯзаю гузоришҳои илмӣ  баромад намуда  кӯшиш менамоянд, ки  натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методии худро мавриди баррасӣ ва муҳокимаи  ҳамкорони собиқадор гардонанд. Аз соли 2016 то 2023 дар факултет чандин конференсияҳои илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар онҳо омӯзгорони кафедра фаъолона иштирок намуданд ва матни  маърузаю гузоришҳои онҳо дар маҷмӯаи маводҳои нашршудаи конференсияҳо мавқеи хоса ишғол намуданд.

Ташкилу баргузории конференсияи илмӣ-амалии ҳайати профессорон ва омӯзгорон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони “Оила ва фарҳанги оиладорӣ дар ҷомеаи муосир” 19 ноябри соли 2020 ва нашру дастраси хонандагон гардонидани маводи он (дар ҳаҷми 312 саҳифа) аз тарафи устодони кафедра собит намуд, ки ҳайати кормандон дар ҳамкорию ҳамдастӣ ба дастовардҳои беҳтарин дар самти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, илмӣ-методӣ ноил шуда метавонанд.  Бояд қайд кард, ки дар маводи нашршуда масъалаҳои мубрами психология аз нигоҳи фалсафӣ, психологӣ, педагогӣ, тиббӣ, адабиётшиносӣ, сотсиологӣ ва ғайраҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудааст.

Моҳи феврали сол 2022 аз тарафи кафедраи мазкур конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Нақши ниҳодҳои иҷтимоӣ дар таъмини солимии психологии насли ояндасозбо иштироки  олимони шинохтаи мамлакат ва ҳам устодони собиқадору варзидаи макотиби таҳсилоти олии кишвар баргузор гардида, маводи он (дар ҳаҷми 480 саҳифа), ки масъалаҳои мубрами психологияро дар бар гирифтааст, дастраси ҳамаи устодон гардид.

15 майи соли 2023 аз тарафи кафедраи мазкур конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ бахшида ба 30-солагии Рӯзи байналмилалии оила дар мавзӯи «Масъалаҳои иҷтимоӣ-психологии оилаи муосир ва роҳҳои таъмини устувории он» бо иштироки олимони шинохтаи кишвар, устодони собиқадору варзидаи муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ, Ҷумҳурии Беларус ва Федератсияи Россия (онлайн) баргузор гардида, (маводи он дар ҳаҷми қариб 1000 саҳифа) дастраси устодон гардид.

Дар заминаи тайёрии касбии психологҳо ва самтҳои асосии фаъолияти касбии онҳо кафедра бо сарраёсати маорифи ш.Душанбе, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои н.Рӯдакӣ, мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони сустшунавои н.Рӯдакӣ, мактаб-интернат барои кӯдакони ақлан ақибмондаи № 2-и ш.Душанбе, Маҷмааи табобатии-тавонбахшии “Чорбоғ”-и н.Варзоб ҳамкории зич ба роҳ монда шудааст.

Дар барномаи таҷрибаомӯзии донишҷӯёни ихтисосҳои психологияи иҷтимоӣ ва психологияи муносибатҳои оилавӣ омӯхтану баҳодиҳӣ, таҳлилу  баррасии мушкилотҳои иҷтимоӣ дар гурӯҳҳо, оила, маҳал ворид карда шуда аз таҷрибаомӯзон коркард ва истифодаи муоина, ташкил ва амалӣ гардонидани ёрию тавонбахшии психологӣ-ислоҳӣ, равонию маънавӣ пешниҳод карда шудаанд.

Донишҷӯёни таҷрибаомӯз натиҷагирии назариявӣ ва амалии худро ҳангоми иҷрои супоришҳои амалӣ, корҳои мустақилона, таҳияи реферату маърӯза, омода намудани кори курсӣ, рисолаҳои хатмкунӣ истифода бурда аз ҷиҳати назариявӣ ва амалӣ ба иҷрои вазифаҳои касбӣ омода мегарданд. Инчунин, чунин натиҷагириҳо дар мафҳили илмии донишҷӯён таҳти роҳбарии устоди кафедра Ҳамидов У.Т.  зери унвони “Психология ва ҳаёт” мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд.

 

Ҳайати омӯзгорони кафедра

1.Баротова Гулчеҳра Юсуфҷоновна-номзади илмҳои педагогӣ,  дотсент

2.Обидова Мунира Ибрагимовна-номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

3.Ибрагимова Зулайхо Холовна – муаллими калон

4.Ҳамидов Умед Тошпулатович-ассистент

5.Фархудинова Ҷамила Маҳмадёровна -ассистент

6.Иноятова Тахмина Махмадназаровна-лаборант - ассистент

Ҳамкорон:

1.Аминов   Абдулмаҷид Исоқович – муаллими калон

2. Қурбонов Нуъмон– муаллими калон

3. Эмомназарова Муҳаббат– муаллими калон

4.Маҳмудов Шарофиддин Пирович -ассистент

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj