• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

БА СОЛИ НАВ БО ДАСТОВАРДҲОИ НАВ
Возможно, это изображение 9 человек, Овальный кабинет и текст5-уми январи соли равон дар толори Шурои олимон ҷаласаи Раёсати қисми илми донишгоҳ доир шуд. Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод онро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рўзномаи ҷаласа ошно кард.Номбурда зикр кард, ки тамоми дастовардҳои донишгоҳ дар соли сипаришудаи 2023 дар маърузаи ҷамъбастии Ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода зикр гардидаанд. Бо вуҷуди ин, зикри нуктаҳои меҳварии он ва ёдрас намудани вазифаҳои минбаъда амри зарурист.
Сипас, дар бораи иҷрои барномаи давлатии “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои солҳои 2020-2040 мудири шуъбаи омоданамоии кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ Фаридун Кенҷаев гузориш дод. Таъкид шуд, ки дар шаш факултети дорои равияи табиӣ-риёзӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, дар давраи ҳисоботӣ 126 китоб, 17 монография, 143 мақола, аз ҷумла 79 мақола дар маҷаллаҳои хориҷӣ нашр гардидааст. Роҷеъ ба ин мавзуъ факултетҳои мазкур соҳиби 15 патент гардида, озмоишгоҳҳо бо асбобҳои аёнӣ таъмин шудаанд.Ҳамзамон баъзе камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта ба таври мушаххас зикр гардид.
Роҷеъ ба фаъолияти қисми илми донишгоҳ дар соли 2023 ва пешниҳоди вазифаҳо барои соли 2024 сардори Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Саида Сайдуллозода гузориш дод. Бино ба таҳлили номбурда натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва нишондодҳои соҳа рў ба афзоиш ниҳода, танҳо дар соли ҷорӣ 30 нафар рисолаи номзадӣ ва 2 нафар рисолаи доктории худро ҳимоя карданд. Иқтидори илмӣ-омӯзгории кафедраҳои донишгоҳ. Фоизи омўзгорони соҳибунвон дар донишгоҳ раванди болоравӣ дошта, аз шумораи умумии 613 кормандони доимӣ, 263 нафарашон ё 42,9% унвон ва дараҷаи имлӣ доранд. Феълан дар кафедраҳои донишгоҳ вобаста ба равияҳои илмӣ 8 нафар докторони илм, профессорон узви вобаста ва пайвастаи АТТ ва АИ-и байналмилалӣ низ мебошанд. Дар соли ҳисоботӣ ҳамагӣ 32 нафар рисолаҳои илмии худро дифоъ намуданд: 2 нафар рисолаи докторӣ, 25 нафар рисолаи номзадӣ ва 5 нафар дараҷаи доктор PhD, ки ин рақамҳо нисбат соли 2022 чор нафар зиёд мебошад. Ҳарчанд дар ин соҳаҳо пешравӣ бошад ҳам, аммо қонеъкунанда нестанд. Дар соли 2024 моро зарур аст, ки барои ноил шудан ба дастовардҳои аз ин ҳам беҳтар ҷадал варзем.
Дар ҳисоботи бахши омоданамоии кадрҳои илмӣ ва илмиву омўзгорӣ таъкид шуд, ки дар соли 2023 ҳамагӣ 43 нафар дар зинаи докторантура (PhD) таҳсил мекунанд, ки ин теъдоди нисбат ба соли гузашта 31 нафар кам мебошад. Бо вуҷуди он ки ихтисосҳои зинаи докторантура (PhD), тибқи замимаи Иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ 216 ҷойро ташкил медиҳад, ҳамагӣ 6 нафар докторант ба ихтисосҳои докторантура (PhD) қабул шудааст.Дар мавриди дигар масъалаҳои ҳалталаби соҳа низ факту рақамҳо оварда шуд.
Дар масъалаҳои ҷорӣ риояи қатъии интизоми меҳнат, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, баргузор намудани давраи донишгоҳии озмунҳои “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Шоҳномахонӣ”, раванди супоридани дарсҳои видеоӣ, баланд бардоштани сифати мақолаҳои илмии маҷаллаҳои илмӣ, роҳ надодани иштибоҳ дар чопи мақолаҳои илмӣ мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифтанд.
Масъалаи дигаре, ки роҷеъ ба он табодули афкори судманд қарор гирифт, омода кардани лоиҳаҳои илмӣ- тадқиқотӣ буд. Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод изҳори ташвиш кард, ки иҷрои дастури ректори донишгоҳ дар ин самт ба кундӣ пеш меравад. Бо вуҷуди таъкидҳои пайиҳам то имрўз танҳо чор лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳ аз ҷониби Шурои ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои илмии АМИТ қабул гардидааст. Дар ин маврид масъули лоиҳаҳо С.Хоҷазод гузориш дод. Номбурда гуфт, ки лоиҳаҳои Дониёр Сангинзод, Зарина Кенҷаева, Мирато Комилов ва Шуҳрат Каримзода аз ҷониби Шурои ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои илмии АМИТ қабул гардидаанд. Хушбахтона, ДДОТ ба номи С.Айнӣ дар ин самт дар байни донишгоҳҳои ҷумҳурӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Вале ин нишондиҳанда ҳануз қонеъкунанда нест. Дигар факултетҳоро заврур аст, ки дар ин ҷода иқдоми ҷиддӣ андешанд.
Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод ба муовинони декани факултетҳо оид ба илм супориш дод, ки то охири январи соли равон лоиҳаҳои худро пешниҳод намоянд.
Ҳамин тавр, ҳисоботи раёсати илм дар соли 2023 қаноатбахш ҳисобида шуда, вазифаҳо барои соли 2024 муайян карда шуданд.
 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj