• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАЙНИ ОМӮЗГОРОНУ ХИДМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ
Возможно, это изображение 3 человека и текст12 январи соли 2024 раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамбастагӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 28 декабри соли 2023 дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар чорабинии омӯзишӣ дар толори Шурои олимон баргузор намуд.
Дар чорабинии мазкур Содиқӣ Насиба Нуруллозода, раиси Кумитаи оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳмурод Рустам, раиси Кумитаи оид ба
тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд, Дилноза Аҳмадзода, муовини директори Агентии хидмати давлатӣ, Дониёр Сангинзод, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ва омӯзгорон ширкат намуданд.
Дар чорабинии тавзеҳотӣ иброз гардид, ки ҳамасола дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад ва ин ҳамчун ҳуҷҷати муҳими таҳлилӣ - сиёсӣ, роҳнамоикунанда ва дурнамои фаъолияти мақомоти давлатӣ ва кулли мардуми Тоҷикистон арзёбӣ гардида, ҷиҳати тақвияти фаъолият, таъмини пешрафт, рафъи камбудиҳои мавҷуда ва расидан ба ҳадафҳои пешгузошта, шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ ва рушди тамоми соҳаҳои давлатӣ заминаи устувор мегузорад.
Ҳар як Паёми солона тибқи вазифа, мақсаду маром ва хусусиятҳои хоси худ марбут ба марҳилаи муайяни инкишофи мамлакат буда, дар он ҳадафҳои асосӣ ва барномаҳои мушаххасгардидаи ояндаи наздик, миёнамуҳлат, инчунин имкониятҳои рушди устувору бонизоми давлату ҷомеаи алоҳида, ба таври таҳлилӣ, возеҳу равшан, дар появу заминаҳои асосноки илмӣ ҷой дода мешаванд. Дар Паёмҳои ҳамасола ҷамъбасти ин барномаҳо ва натиҷаҳои бадастомада қайд гардида, баҳодиҳии айниву зеҳнии татбиқи нақшаҳои пешин, бо муайян кардани самтҳои афзалиятноки рушд ифода мегарданд.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки аҳамияти дигари Паёми солонаи Президент аз он иборат аст, ки дар ин ҳуҷҷат нишондиҳандаҳои муҳимтарини давлат ва ҷомеа сабт мегарданд; самтҳои рушди минбаъдаи давлат ва ҷомеа муайян карда мешаванд; идомаи мантиқии сиёсати давлат инъикос мегардад; самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти давлатӣ муайян карда мешаванд.
 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj