• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ: ИСЛОҲИ КАМБУДИҲО-ГАРАВИ ПЕШРАФТИ КОР

Возможно, это изображение 1 человек и текст

15-уми январи соли равон дар толори бинои асосии донишгоҳ ҷаласаи назоратӣ дар назди ректори донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он муовинони ректор, кормандони раёсатҳои илм ва таълим, деканони факултет,  муовинон ва танзимгарони онҳо, мудирони кафедраҳо, кормандони бахши тарбия ва дигар ниҳодҳои зертобеи донишгоҳ ширкат намуданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода савраввал оид ба риояи ҷиддии интизоми меҳнат ибрози назар намуда гуфт, ки то кунун ҳолатҳои дер омадан ба кор, бе ҷузвдон ба кор ҳозир шудани устодону кормандон мушоҳида мегардад. Деканони факултет муваззаф гардиданд, ки дар ин самт чораҳои мушаххас андешанд.

 

Роҷеъ ба мушкилоти дар ҷодаи илм мавҷудбуда низ ибрози назар сурат гирифт. Ректори донишгоҳ аз саривақт иҷро нагардидани дастуру супоришҳо, набудани ташаббусҳои созанда барои пешорафти соҳаи илм, саривақт таҳия ва таълиф нагардидани донишномаҳои соҳавӣ ва буклети донишгоҳ  ибрози ташвиш намуда, ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришҳои зикршуда ба масъулон як ҳафта муҳлат дод.

Факултетҳои таърих, филология, забоҳои англисӣ, русӣ ва романӣ-германӣ вазифадор шуданд, ки дар муддати ду моҳ донишномаҳои соҳавии худро таълиф намоянд.

Вобаста ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 ба муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Дониёр Сангинзод супорида шуд, ки тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»-ро омода  намояд. Ҳамчунин кафедраи ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқ, инчунин  кафедраҳои умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ва фалсафа уҳдадор гардиданд, ки дар муддати ду моҳ «Донишномаи ҳуқуқ, сиёсатшиносӣ ва фалсафа»-ро ба чоп омода намоянд.

Вазъи фаъолияти кунунии раёсати таълим низ моро қаноатманд карда наметавонад,- иброз дошт ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода. Изофанависӣ дар сарбориҳо, саривақт насупоридани ҳисоботи ҳафта, тамаъкорӣ аз ҷониби баъзе устодон ва дар муҳлати зарурӣ амалӣ нашудани барномаҳои давлатӣ, супоришҳои ректор ва Шурои олимони донишгоҳ ҳанӯз ҷой доранд. Ба масъулини раёсати таълим супориш дода шуд, ки бо таъсиси гурӯҳи корӣ раванди амалӣ гардидани иҷрои барномаҳои давлатӣ, супоришҳои Вазорати маориф ва илми илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, супроишҳои ректор ва Шурои олимони донишгоҳро мавриди санҷиш қарор диҳанд.

Ректори донишгоҳ дар мавриди фаъолияти бахши робитаҳои хориҷӣ сухан карда, аз масъулон талаб намуд, ки пайваста ба мушкилоти донишҷӯёни хориҷӣ расидагӣ кунанд. Дарсҳои видеоиро ба забонҳои хориҷӣ, бахусус чинӣ тарҷума ва ҷалби донишандӯзони чиниро ба донишгоҳ афзун намоянд, лоиҳаҳои навро барои маблағгузорӣ пешниҳод кунанд.

Қисми тарбия вазифадор гардид, ки назорати донишҷӯёнро дуруст ба роҳ монад, барои дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанг ва либоси миллӣ тарбия намудани онҳо тадбирҳои ҷиддӣ ва саваривақтӣ  андешад.

Фаъолияти китобхона ва Маркази тестӣ низ ба таври ҷиддӣ баррасӣ гардида, барои ислоҳи камбудиҳо муҳлат муқаррар гардид.

Ректори донишгоҳ қайд кард, ки ҳафтаи равон дар минтақаи Ромит Маркази таҷрибаомӯзии саҳроӣ ифтитоҳ мегардад. Баҳри саривақт анҷом додани корҳои боқимонда ба мутасаддиён дастурҳои мушаххас дода шуд.

Дар хотима ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода фаъолияти минбаъдаи кормандонро барои соли нави 2024 муайян намуда, ҳамагонро иҷрои бомасъулияти вазифаҳои хидматӣ, сидқан тарбия намудани мутахассисони оянда, пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ ва саҳм гузоштан ба пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти донишгоҳ даъват намуд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj