• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

ИФТИТОҲИ БИНОИ ЗАМОНАВИИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ БАРОИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ
Возможно, это изображение 11 человек и текстИмрӯз бо иштироки Саидзода Раҳим, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исмоилзода Мирзо, Раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бинои 2 ошёнаи наву замонавии муҷаҳҳаз бо лавозимоти ҳозиразамони таҷрибаомӯзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Иншооти нав дар дараи Ромит, дар Боғи “Агробиолабораторӣ”-и ДДОТ ба номи С. Айнӣ қомат афрохта, барои баланд бардоштани корҳои таҷрибаомӯзии саҳроии донишҷӯёни
факултетҳои география, биология ва химия пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон Саидзода Раҳим, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хеш маорифро самти муҳим медонанду ҳамеша зимни суханронияҳояшон таъкид менамоянд, ки баҳри беҳтар намудани сифати таълиму тарбият бояд беҳтарин шароитро фароҳам оварем, то ҷавонони донишманду ватандӯстро тарбият намоем.
Инчунин Исмоилзода Мирзо, Раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат аз раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баҳри бунёди бинои замонавии таҷрибаомӯзӣ дар ин макон изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки қомат афрохтани иншооти нав барои ободу зебо гаштани деҳоти шаҳри Ваҳдат мусоидат хоҳад кард.
Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар маросими ифтитоҳи бинои наву замонавӣ зикр намуд, ки мақсад аз сохта ба истифода додани бинои муосири таҷрибаомўзӣ ин пеш аз ҳама татбиқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ва ҷалби бештари ҷавонону донишҷӯён ба илмомӯзӣ ва ҳамзамон баланд бардоштани сатҳи маърифати таҷрибаомӯзии донишҷӯёну мутахассисони ояндаи кишвар мебошад.
Бинои нави таҷрибаомӯзӣ 2-ошёна буда, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ барои беҳтар гардидани сатҳу сифати таҷрибаомӯзии саҳроӣ ва донишомӯзии донишҷӯён сохта шудааст.
Даргоҳи нави таҷрибаомӯзии саҳроӣ аз 60 рахти хоб, 15 синфхона, аз ҷумла як маҷлисгоҳ, 2 утоқи корӣ, китобхонаву толори барҳавои хониш, ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон барои омӯзгорону мутахассисони илмҳои биология, химия ва география иборат мебошад.
Толори маҷлисии иншооти тозабунёд дорои 120 ҷойи нишаст буда, барои гузаронидани ҳамоишу чорабиниҳои таҷрибаомӯзӣ мувофиқ мебошад.
Бинои нав ҳамчунин дорои ошхона бо 60 ҷой нишаст буда, дар оянда баҳри таҷрибаомўзии донишҷўён ва корҳои таҳқиқоти илмии омўзгорон хидмат хоҳад кард.
 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj