• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

НИШАСТИ МАТБУОТӢ: ДАСТОВАРДҲО НАЗАРРАСАНД!
Возможно, это изображение 4 человека и люди учатсяИмрӯз дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он раёсати донишгоҳ, деканон, мудирони кафедраҳо, роҳбарони зерсохторҳои донишгоҳ, инчунин доираи васеи хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат ширкат варзиданд.
Сараввал ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода перомуни вазъи кунунии донишгоҳ, аз ҷумла, таълиму тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалӣ сухан карда иброз дошт, ки алҳол
дар 63 кафедраҳои донишгоҳ 654 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 33 нафар докторони илм, 230 нафар номзадони илм ва 391 нафар омӯзгорони бе дараҷаи илмӣ ба фаъолияти таълиму тарбия ҷалб шудаанд.
Шумораи донишҷӯён дар маҷмуъ 17 649 нафар, аз ин шумора 6364 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 11 285 нафар дар шуъбаи фосилавӣ ва ғоибона таҳсил менамоянд. Шумораи донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда 683 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 642 нафар дар шуъбаи рӯзона, 41 нафар дар шуъбаи ғоибона ва фосилавӣ таҳсил мекунанд.
Бино ба гуфтаи ректори донишгоҳ дар маҷмуъ, дар 7 бинои таълимӣ ҷиҳати як басти таҳсил барои 9446 нафар донишҷӯ ҷойи нишаст муҳайё мебошад. Дар соли таҳсили 2023-2024 гирандагони стипендияи Президентӣ ба 7 нафар расид, ки ин теъдод дар гузашта ҳамагӣ 4 нафарро ташкил медод. Дар соли таҳсили 2023-2024 -1858 нафар донишҷӯ стипендияи муқаррарӣ мегиранд, ки ин теъдод 60,1%-и донишҷӯёни гурӯҳи буҷавиро ташкил медиҳанд. Имсол теъдоди гирандагони стипендияи аъло аз 27 ба 182 нафар расидааст.
Аҳлиддин Ибодуллозода афзуд, ки раёсати донишгоҳ аз рӯйи 78 ихтисос Барномаҳои таҳсилотӣ ва дар заминаи онҳо нақшаҳои таълимии ихтисосҳоро дар мувофиқа бо Маркази таълимию методии ВМИ ҶТ ба тасвиб расонидааст. Ҳамчунин дар соли сипаригашта 352 адад дастурҳои таълимию методӣ оид ба фанҳои таълимии ихтисосҳои амалкунандаи Донишгоҳ ба табъ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 адад зиёд мебошад.
Ректори донишгоҳ фаъолияти илмии ин муассисаи таҳсилоти касбии таълимиро бо факту раќамҳои муътамад асоснок намуда иброз дошт, ки натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ назаррас буда, танҳо дар соли равон 32 нафар рисолаи илмӣ дифоъ намуданд, аз ҷумла 30 нафар рисолаи номзадӣ ва 2 нафар рисолаи докториро ҳимоя кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 5 нафар зиёдтар мебошад.
Аз шумораи 613 кормандони доимӣ, 263 нафарашон ё 42,9% унвон ва ё дараҷаи имлӣ доранд. Дар кафедраҳои донишгоҳ вобаста ба равияҳои илмӣ 8 нафар докторони илм, профессорон, узви вобаста ва пайвастаи АТТ ва АИ-и байналмилалии мактабҳои олӣ мебошанд.
Дар соли 2023 омӯзгорони донишгоҳ дар доираи корҳои таҳқиқотӣ аз Маркази миллии патенту иттиллоот соҳиби нахустпатентҳо гаштанд, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 11 адад зиёд аст,- иброз дошт ректори донишгоҳ.
Сипас, мулоќоти озоду самимӣ бо хабарнигорон сурат гирифт. Ректори донишгоҳ ба саволи хабарнигор дар мавриди теъдоди занони роҳбарикунандаи донишгоҳ посух дода гуфт, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи зиёд равона шудааст. Масалан, аз 14 декани факултетҳо 5 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Илова бар ин, аксари муовинони деканҳо низ занон ҳастанд . Аз 18 ҳазор нафар донишҷӯён 13 ҳазор нафар духтарон мебошанд.
Ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» Зарангези Латиф роҷеъ ба роҳҳои балданд бардоштани сифати таҳсил дар донишгоҳ профессор Аҳлиддин Ибодуллозода посух дод, ки воқеан ин масъала дар шароити муосир бисёр мубрам аст. Мо дар ин маврид чанд тадбир андешидем, аввалан, ба омӯзгорон иҷозат дода шуд, ки имтиҳонҳои шакли таҳсили рӯзонаро шифоҳӣ ё хаттӣ бидуни Маркази тестӣ бигиранд. Дуюм, мо ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳод намудем, ки имтиҳонҳои хатми давлатӣ бигзор дар ин марказ ќабул карда шаванд. Донишҷӯёне, ки имтиҳонҳоро супорида ба зинаи баъдӣ роҳ меёбанд, пасон имкон доранд, ки рисолаи хатмро дифоъ намоянд. Дар ин маврид ба фикри мо, ҳам шогирдон ва ҳам устодон масъулияти зиёдтарро эҳсос менамоянд.
Аз ҷониби шуъбаи мониторинги сифати таҳсилот дар ин давра 4 маротиба мониторинг гузаронида шуда, сатҳи азхудкунӣ тибқи мониторинг 78,8%-ро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта беҳтар буда, 11,7% боло рафта, дар маҷмуъ, сифати азхудкунӣ нисбат ба соли гузашта 14,1% боло рафтааст.
Ба пурсиши хабарнигор дар мавриди фаъолияти парки технологӣ муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод ҷавоб дода афзуд, ки паркии технологии донишгоҳ давр байни 46 донишгоҳи мамлакат намуна буда, дар соли 2023 барои синфхонаҳои донишгоҳ, литсей ва утоқҳои кории он дар маҷмуъ 1500 миз, 3000 курсӣ ва 100 минбар сохта, мавриди истифода қарор дод. Ҳамзамон Парки технологӣ дар якҷоягӣ бо ҷалби мутахассисон бо таҷҳизоти наву замонавӣ - чопи банеру рекламаҳоро ба роҳ монда, имконияти ба муштариёни беруна хизмат расонданро низ дорад.
Аз муовини аввали ректор Наҳтулло Айниддинзода пурсида шуд, ки гурӯҳои русӣ дар кадом ҳолат қарор доранд?. Бино ба посухи Айнуллозода ба истиснои факултети забон ва адабиёти рус соли 2022 дар донишгоҳ 10 гурӯҳи русӣ амал мекард ва ин шумора дар соли 2023 ба 20 гурӯҳ расид.
Хабарпногори маҷаллаи «Илм ва ҳаёт» Мавзунаи Маҳмадалӣ масъалаи ба ҷойи кор ҳозир гардидани хатмкунандагони донишгоҳро ба миён гузошт. Ба ин савол ректори донишгоҳ равшанӣ андохта гуфт, ки аз 438 нафар хатмкардагони гурӯҳҳои буҷавӣ 270 нафар ба ҷойи кор ҳозир гардида, 119 нафари боқимонда бо сабабҳои муайян (ҷалб гардидани писарон ба сафи артиш ва ҳомиладории духтарон) ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд.
Бунёди хонаҳои исчтиқоматӣ барои устодону донишҷӯён аз мсасъалаҳои меҳварии нишасти матбуотӣ маҳсуб мешуд, ки аз назари хабарнигорон дур намонд. Лоиҳаи бунёди хонаҳои истиқоматӣ дар назди хобгоҳи №8 ба маќомоти марбута пешниҳолд шудааст. Бо сабаби ҳаҷман хурд будани майдони сохтмон ва васеъ будани ҳаҷми хонаҳо ин лоиҳа барои таҷдиди назар баргардонида шуд. Тасмим дорем, ки лоиҳаро тибќи талаботи Кумитаи сохтмон ва менъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намуда, корро дар ин самт ба роҳ монем. Баъди мавриди истифода қарор додани бинои нави таълимии 5 ошёна ин масъала дар дастури кори мо қарор мегирад, - гуфт ректори донишгоҳ.
Дар нишасти матбуотӣ ба суолҳои хабарнигорон дар мавриди ширкати донишҷӯёни донишгоҳ ба озмунҳо, вазъи таълими забонҳои русӣ ва англисӣ, таълифи дастурҳои таълимӣ ва методӣ, ќабули довталабон ба коллеҷи назди донишгоҳ посухҳои қаноаткунанда дода шуд
Дар хотима ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода ба хабарнигорон барои саволҳои муҳиму ҷолиб ибрози сипос намуда, таманнои тақвияти ҳамкории судманди тарафайнро намуд.
Нишасти матбуотӣ дар фазои ҳусни ният баргузор гардид.
 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj