• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Cоли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”
There are no translations available.

ҲАДАФҲОИ ЭЪЛОНИ СОЛИ 2024 «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ»
Таҳлили Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28.12.2023 сол, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 аз 30 декабри соли 2023 ва тавзеҳот ба ин фармон ба имкон дод, ки чунин ҳадафҳои эълони 2024-ро ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» муайян ва ошкор намоем:
1. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон.
2. Тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ.
3. Мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона бо он.
4. Баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун.
5. Ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ.
6. Васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ.
7. Тайёр намудани мутахассисони ҳуқуқшиноси забондон.
Барои пурра ва мукаммал дарки ин ҳадафҳо онҳоро шарҳ хоҳем дод.
1. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон.
Маърифати ҳуқуқӣ маҷмӯи андешаҳои одамон дар бораи қонун, татбиқи он ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки дар шакли дониш, эътиқод, меъёрҳо ва муносибатҳои аз ҷониби ҷомеа қабулшуда ташаккул ёфтааст.
Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба сомон расонидани корҳои зерин саривақтӣ мебошад:
- дар барномаи муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ дохил намудани фанҳои ҳуқуқшиносӣ;
- бо роҳи ташкили низоми огоҳонии шаҳрвандон аз ҳуқуқҳояш ва амалҳои зарурии ҳимояи ин ҳуқуқҳо;
-ҷоннок кардани корҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ дар асоси ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектони тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ;
-таъмини мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо нашрияи расмии иттилоотӣ-ҳуқуқӣ;
-ба таври васеъ ба аҳолӣ дастрас намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳо ба онҳо;
-таъсис додани сомонаи ягонаи миллӣ ва ройгон ҷойгир кардани тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-такмил додани механизми коркарди муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун унсури муҳими баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар асоси ворид кардани дастовардҳои нави илму технология, пурзўӯр кардани назорати ҷамъиятӣ.
Гузаронидани тадбирҳои зикршуда ба баланд шудани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат мекунад. Марифати баланди ҳуқуқӣ ин риояи бошууронаи меъёрҳои қонун ва итоат ба қонунро дар назар дорад. Одамони дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ зидди назари равандҳои ҷамъиятӣ нестанд, балки дар халли масъалаҳои иҷтимоӣ фаъолона иштирок мекунанд. Мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад.
2. Тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ.
Арзишҳои ҳуқуқӣ арзишҳое фаҳмида мешаванд, ки дар қонун комилан ё қисман таҷассум ёфтаанд. Ба чунин арзишҳо озодӣ, адолат, баробарӣ, кӯмаки мутақобила, яъне арзишҳое дохил мешаванд, ки дар доираи чорчубаи қонун ва ахлоқ амал мекунанд. Дар айни замон муҳимтарин арзишҳои демократӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон озодӣ, ҳуқуқи инсон ва сулҳу суботи давлат мебошанд. Арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ дар шароити волоияти қонун бо мазмуни нав пур шудаанд, зеро падидаи ҳуқуқӣ вобаста ба тағйирёбии шароити иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва идеологӣ метавонад рушд ёбад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар шароити муосир ташаккул ёфтааст, қодир аст кафили арзишҳои ҳуқуқии демократӣ бошад.
Тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ фаъолияти мақсадноки доираи муайяни субъектҳо оид ба паҳн намудани дониш оид ба ҳуқуқ, озодиҳо ва уҳдадориҳои инсон ва роҳҳои татбиқи онҳо, ба таври мунтазам таъсир расонидан ба шуур ва рафтори насли наврас бо мақсади ташаккули ақидаҳо, арзишҳои мусбӣ, самтҳо, муносибатҳое, ки риоя, иҷро ва истифодаи меъёрҳои ҳуқуқӣ, инчунин ташаккули шуури ҳуқуқиро таъмин мекунанд.
Масалан тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ барои хонандагон ва донишҷӯён ин фаъолияти мақсадноки омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ (мактабҳо, коллеҷҳо, литсейҳо, техникумҳо, донишкада ва донишгоҳҳо), ки ба фароҳам овардани шароит барои баланд бардоштани шуури ҳуқуқии муассилин дар асоси арзишҳои ҳуқуқии умумибашарӣ нигаронида шудааст.
Ин тарғиб бо роҳҳои зерин амали мегардад:
-фароҳам овардани шароит барои ошкор ва рушди қобилияти эҷодии донишҷӯён, худмуайянкунии шаҳрвандӣ ва худшиносӣ дар рушди зеҳнӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва ҷисмонӣ;
- ташаккули масъулияти шаҳрвандӣ ва худшиносии ҳуқуқӣ дар байни донишҷӯён;
- ташаккули мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ва шуури ватандӯстӣ;
- ташаккули сифатҳои шахсии барои фаъолияти самараноки касбӣ зарурӣ;
- тарбия намудани малакаҳои идоракунии даста дар шаклҳои гуногуни худидоракунии донишҷӯён;
- мустаҳкам намудан ва беҳтар намудани ҳолати ҷисмонӣ, кушиш ба тарзи ҳаёти солим, тарбия намудани муносибати оштинопазирона ва рафтори зиддиҷамъиятӣ;
- пешгирии ҷинояткорӣ.
3. Мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона бо он.
Институти ҳуқуқи инсон муҳимтарин институти ҳуқуқи конститутсионӣ мебошад. Оғози ибтидоии ташаккули мақоми ҳуқуқии шахс аз он иборат аст, ки шахс ба шаҳрвандии давлати муайян мансуб аст, ки қобилияти ҳуқуқии ӯ бевосита аз он бармеояд. Асоси ҳуқуқии ташаккул ва рушди он принсипҳои умумибашарӣ ва дахлнопазирии ҳуқуқу озодиҳои инсон, амали бевосита, баробарӣ ва принсипи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои давлат мебошад. Ҳамаи ин принсипҳои конститутсионии ҳуқуқ ва озодиҳо самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд муайян намуда, асоси мақоми ҳуқуқии он мебошанд. Мазмуни институти ҳуқуқи инсон маҷмуи ҳуқуқу озодиҳое мебошад, ки онҳоро ба ҳуқуқҳо дар соҳаи бехатарии шахс, ҳаёти шахсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ тақсим кардан мумкин аст.
Эҳтироми ҳуқуқи инсон ҳамчун принсипи волоияти қонун ин муносибати эҳтиромона мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ба ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ки ба шаъну шарафи шахс асос ёфта, баробарии вазъи иҷтимоии онҳоро ифода ва таъмин менамояд. Ин фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба эътироф, муттаҳид намудан дар сарчашмаҳои меъёрӣ, ҳифзи тамоми маҷмӯи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ҳар як шахс мебошад. Эҳтироми ҳуқуқи инсон заминаи асосии фаъолияти субъектони ҷомеаи демократӣ мебошад. Бидуни эҳтироми ҳуқуқи инсон таҷассуми воқеии он дар ҳаёти ҳуқуқӣ дар бораи мавҷудияти давлати ҳуқуқбунёд сухан гуфтан ғайриимкон буда, фаъолияти инсон, эҳтироми ҳуқуқҳои ӯ оид ба риоя, амалӣ ва истифодаи меъёрҳои ҳуқуқӣ ба он вобаста аст. Муносибати эҳтиромона ба ҳуқуқи инсон ба устуворӣ ва эътимоднокии низоми ҳуқуқӣ, таъмини бетарафӣ ва адолати ҳуқуқӣ мусоидат мекунад.
4. Баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун.
Баланд бардоштани мақоми қонун (Волоияти қонун) яке аз принсипҳои асосии низоми ҳуқуқӣ дар аксари кишварҳост. Ин принсип маънои онро дорад, ки қонун сарчашмаи олии меъёру қоидаҳо дар ҷомеа буда, тамоми меъёрҳо ва санадҳои дигари ҳуқуқӣ бояд ба он мувофиқ бошанд ва хилофи он набошанд.
Тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун дар асоси принсипи асосии зерин амалӣ мегардад:
- шинохти қонун ҳамчун меъёри олии ҳуқуқӣ дар низоми ҳуқуқӣ ва қувваи олии ҳуқуқӣ доштани он;
- тамоми мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти иҷроия, қонунгузор ва судӣ вазифадоранд, ки дар доираи қонун амал кунанд ва ҳуқуқ надоранд ба он мухолифат намоянд;
- ҳама гуна қоидаҳо, меъёрҳо ё қарорҳое, ки ба қонун мухолифанд, эътибор надоранд ва татбиқ карда намешаванд;
- риояи қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон бо фароҳам овардани қоидаву расмиёти равшану пешгӯишаванда таъмин мегардад;
- судҳо ҳуқуқ доранд, ки риояи волоияти қонунро назорат кунанд ва қарору амали ғайриқонунии мақомоти давлатиро бекор кунанд.
5. Ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ.
Рафтори ҳуқуқӣ як навъи рафторест, ки дар он ирода ва амалњои (амал ё беамалии) шахс ба меъёрњои њуќуќии мављуда мувофиќат мекунанд. Ба маънои дигар рафтори ҳуқуқӣ рафтори шањрванди ќонунриоякунанда аст. Рафтори ҳуқуқӣ натиљаи маърифати њуќуќии ташаккулёфта мебошад. Дар навбати худ, худи маърифати ҳуқуқӣ ба эътирофи арзишҳои шаҳрвандӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва институтҳои ҳуқуқӣ ҳамчун танзимгари беғаразонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ асос меёбад. Масалан дар муассисаҳои таълимї рафтори ҳуқуқии донишҷӯёнро танњо дар сурате ташаккул додан мумкин аст, ки агар барои њамаи иштирокчиёни муносибатњои таълимї маърифати умумии њуќуќї фароњам оварда шавад. Яъне рафтори ҳуқуқӣ дар њолати мављуд будани ду шарт ташаккул дода мешавад: сатњи зарурии шуури њуќуќї ва сатњи зарурии маданияти њуќуќї. Агар ин ду шарт мавҷуд бошанд, мо метавонем бигӯем, ки мо як шаҳрванди қонунриоякунанда мебошем.
Оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ яке аз муҳимтарин принсипҳои масъулияти ҳуқуқӣ, шарти асосии самаранокии он мебошад. Аҳамияти пешгирикунандаи ҷазо на бештар аз вазнинии он, балки ба ногузирии он вобаста аст. Ногузир будани масъулият маънои онро дорад, ки ягон ҳуқуқвайронкунӣ набояд ошкорнашуда, аз назари давлат ва ҷомеа бе вокуниши манфии онҳо дур намонад. Вазифаи муҳим аз он иборат аст, ки дар мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо тамоми қувваи қонунро истифода баранд, то ки одамон дар ҳар маҳал ғамхории давлатро дар бораи сулҳу осоиш ва поквиҷдонии худ ҳис кунанд ва мутмаин бошанд, ки ягон ҳуқуқвайронкунанда аз ҷавобгарӣ раҳо нахохад шуд.
Ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ маънои онро дорад, ки ҳама ҳуқуқвайронкунӣ бояд вокуниши давлатро ба бор орад. Ин вокуниш дар ҷазои ногузир ба ҷинояткор ва барқарор намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ ифода меёбад. Ҷазо ҳамчун аксуламали ногузир на ба хотири худ, балки ба хотири як ҷанбаи дигари ногузир амалӣ мешавад – то дар оянда субъект вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо вайрон накунад. Ба ин вазифаҳои пешгирикунандаи тарбиявӣ ва хусусии ҳамзамон бо вазифаҳои ҷазодиҳӣ ва барқарорсозӣ низ мусоидат мекунанд, зеро танҳо ҷазо ногузирии ҷавобгарии ҳуқуқиро таъмин карда наметавонад.
6. Васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ.
Иттилооти ҳуқуқӣ маҷмӯи тадбирҳоест, ки дар давлат ба таъмини дастрасии шаҳрвандон ва ташкилотҳо ба иттилооти ҳуқуқӣ дар асоси технологияҳои муосири иттилоотӣ нигаронида шудаанд. Ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот – ҳуқуқи ҳар шаҳрванд ба ҷўстуҷўи озодонаи иттилоот ва ба даст даровардани он аз мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, дигар мақомоту ташкилотҳое, ки давлат ба онҳо ваколатҳои омирона додааст, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдори онҳо, ки ин иттилоотро қонунан дороянд.
Принсипҳои асосии таъмини ҳуқуқи дастрас кардани иттилоот инҳоянд:
а) дастрас ва ошкоро будани иттилоот;
б) ҳаққоният ва мукаммалии иттилоот;
в) сари вақт пешниҳод кардани иттилоот;
г) ҳифзи ҳуқуқи дастрас намудани иттилоот, аз ҷумла аз тариқи суд;
д) ҷавобгарӣ барои риоя накардани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот;
е) риояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони сеюм ҳангоми вогузоштани иттилоот;
ж) маҳдудияти ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоотро муқаррар намудани қонун танҳо ба ҳадде, ки он барои ҳифзи асосҳои сохти конститутсионӣ, таъмини мудофиаи кишвар ва амнияти давлат, обрўву эътибор ва беғаразии адолати судӣ, ахлоқ, сиҳатӣ, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зарур мебошад.
Ба маҳдудкунии дастрасӣ ба иттилоот нисбати ҳуҷҷату иттилооти зерин роҳ дода намешавад:
а) қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳатман нашр гарданд;
б) дар бораи ҳолатҳои фавқулоддае (ҳодисот, фалокат, офатҳои табиӣ), ки ба бехатарӣ ва саломатии аҳолӣ таҳдид менамоянд, пешгўиҳои расмии онҳо: иттилооти экологӣ, метеорологӣ, демографӣ, санитарию эпидемиологӣ ва иттилооти дигаре, ки барои таъмини бехатарии шаҳрвандон, маҳалҳои аҳолинишин, объектҳои истеҳсолӣ ва ғайра зарур аст;
в) дар бораи имтиёзот, ҷуброн ва сабукиҳое, ки аз онҳо шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва ташкилотҳо бархўрдоранд;
г) дар бораи ҳолатҳои вайрон намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони ҳуқуқӣ;
д) дар бораи фаъолияти мақомоту ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо.
7. Тайёр намудани мутахассисони ҳуқуқшиноси забондон.
Дар назди таҳсилоти ҳуқуқии муосир вазифаи тайёр кардани мутахассиси босалоҳият ва рақобатпазир меистад. Касби ҳуқуқшинос на танҳо маҳорати касбӣ, балки бенуқсон донистани забони давлатӣ ва беш аз ду забони хориҷӣ, маҳорати дақиқ, возеҳ ва мантиқии андешаро тақозо мекунад. Маълум аст, ки калом дар ҳар як соҳаи фаъолияти ҳуқуқшиносӣ воситаи асосӣ пешбурди дурусти кор мебошад. Салоҳияти касбии ҳуқуқшинос хусусияти қобилияти ӯ дар ҳалли масъалаҳое мебошад, ки хусусиятҳои фаъолияти касбӣ, вижагиҳои салоҳиятҳои забони хориҷӣ ва тафовути таҷрибаи ватанӣ ва хориҷиро дар соҳаи ҳуқуқ инъикос мекунанд. Салоҳиятҳои касбии забони хориҷӣ ҳамчун мафҳуми педагогӣ бояд чунин ҷанбаҳои фаъолияти касбии ҳуқуқшиносро, аз қабили ҳавасмандӣ-ихтиёрӣ, функсионалӣ, коммуникативӣ ва рефлексивиро инъикос намуда, дониш, малака ва маҳорати ҳалли масъалаҳои мушаххаси фаъолияти касбии ҳуқуқшиносонро муттаҳид созанд. Салоҳиятҳои касбии забони хориҷӣ ба чор гурӯҳ тасниф мешаванд: лингвистӣ-коммуникатсионӣ, функсионалӣ-методӣ, касбӣ-амалӣ ва равонӣ.
Раванди ташаккули салоҳияти касбии забони хориҷии донишҷӯи ҳуқуқшинос бояд дар асоси моделе сурат гирад, ки ҷузъҳои ташхисӣ, таҳлилӣ, мақсаднок, моддӣ ва мурофиавӣ, марҳилаҳои азхудкунии салоҳиятҳои касбии забониро дар бар мегирад. Модел инчунин маҷмӯи шартҳои психологию педагогиро дар бар мегирад: пешбурди салоҳиятҳои забони касбӣ дар ихтисоси ҳуқуқӣ ҳамчун ҳадафҳои таълими забони хориҷӣ; интихоб ва сохторбандии мундариҷаи маводи таълимӣ ба забони хориҷӣ бо назардошти хусусиятҳои фаъолияти ояндаи касбии ҳуқуқшинос дар шароити ҳамкории байналмилалӣ; истифодаи усулҳо ва шаклҳои таълим, ки намунаҳои инкишофи қобилиятҳои заруриро барои азхудкунии салоҳиятҳои касбии забонӣ амалӣ менамоянд; таҳияи воситаҳои ташхис барои мониторинги салоҳияти забони касбӣ; бо дарназардошти принсипҳои бунёдии равишҳои илмии пешбар: салоҳият асосёфта, ҳамаҷониба ва ғайра.
Аз ин рӯ, эълони соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» барои расидан ба ҳадафҳои номбаргардида равона гардида, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кулли аҳолӣ, қабули қонунҳои босифат ва танзимкунандаи муносибатҳои рушёбандаи ҷамъиятӣ мусоид менамояд.
Сангинзода Д.Ш.- доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, муовини ректор оид ба корҳои илмии ДДОТ ба номи С.Айнӣ.
Камолзода Ш.Ҷ. - номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири бахши таъминоти ҳуқуқии ДДОТ ба номи С.Айнӣ.
 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj