• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Cоли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”
There are no translations available.

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ (Дар партави Паём)
Дар Паёми Пешвои муаззами миллат вобаста ба қонуну қонунгузорӣ нуктаҳои ҷолиб ба чашм мерасад, чаро ки таъмин намудани рушди устувор ва босуръати кишвар танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаро талаб менамояд. Қонунгузорӣ, чунонки Президент таъкид менамояд, бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад.
Аз ин рӯ, бо таъкиди Сарвари давлат аъзои Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси Намояндагон бояд тамоми саъю кӯшиши худро ба ин самт равона созанд. Зимнан, хотирнишон бояд кард, ки дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилшудаи кишвар натиҷаи қонунҳои таҳия ва қабулкардаи парламенти мамлакат мебошад.
Бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як қатор тадбирҳои дигари муассир доир ба таҳлили асосҳои ҳуқуқии ҷомеа ва давлат роҳандозӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, дар бобати ташкили низоми сиёсии бисёрҳизбӣ, ҷалби ҳизбҳои сиёсӣ ба ҳаёти сиёсӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» қабул гардид. Сарвари давлати Тоҷикистон ба ташкил ва таъмини фаъолияти унсурҳои дигари низоми сиёсии кишвар низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. Аз ҷумла, Сарвари давлат таъсисёбии Шӯрои ҷамъиятиро бо «таъмини гуфтушуниди доимии қувваҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсӣ барои ба даст овардани таносуби манфиату ақидаҳо, ҷустуҷӯ ва барқарор намудани шаклҳои нави ҳамкории онҳо» алоқаманд мекунанд.
Сарвари давлати тозабунёди тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар иҷлосияи таърихии XVI-и Шӯрои Олии Тоҷикистон зарурати қабули ҳарчи зудтари қонунҳои муҳимтарини танзимкунандаи ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодиро дарку эҳсос намуда, бо як қатор ташаббусҳои саривақтӣ дар соҳаи фаъолияти қонунгузорӣ баромад мекунанд. Аз ҷумла, дар ҳамин иҷлосия Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонун «Дар бораи аз нав дида баромадани нархи яклухти хариди пахта ва маҳсулоти кишоварзӣ», Қонун «Дар бораи андоз аз даромади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа» қабул мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои минбаъдаи гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ дар бобати таҳкими заминаҳои ҳуқуқии давраи гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ, танзими муносибатҳои нави иқтисодӣ, алалхусус вусъати соҳибкории хурду миёна, такмили низоми бонкӣ, роҳандозии сиёсати андозбандӣ, низоми мукаммали қарздиҳӣ, инкишофи соҳаи кишоварзӣ, энергетика, роҳсозӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат, рушди илм, маориф ва фарҳанг, тақвияти ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории хеш мунтазам истифода мебаранд.
Ҳамаи ташаббусҳои қонунгузории Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ташкилу таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа ва давлат, таъмини волоияти қонун, танзими ҳуқуқии муносибатҳои нави ҷомеа амалӣ мешаванд. Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ташаббусҳои қонунгузории Сарвари давлат давра ба давра, бо дарназардошти талаботи бамиёномадаи ҳаёти ҷомеа ва бо мақсади таъмини рушду нумӯи ҷомеаи Тоҷикистон амалӣ мешаванд. Агар дар давраҳои аввали истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳи асосии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои таъмини сулҳи тоҷикон ва ваҳдати миллӣ нигаронида шуда бошад, пас дар солҳои минбаъда диққати бештар ба гузаронидани ислоҳоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, таъмини шароити зиндагии арзандаи ҳар аъзои ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, такмили низоми идоракунии давлатӣ, рушди илм, маориф, хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои нафақахӯрон, маъюбон, ятимон, кӯдакон, наврасон ва ҷавонон дода мешавад. Дар ин солҳо асосҳои ҳуқуқии сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисодии давлати Тоҷикистон муайян карда шуда, мунтазам амалӣ мешаванд.
Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ инкишоф ва такмили минбаъдаи қонунгузории давлат ҷузъи сиёсати ҳуқуқии давлат мегардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи таъмини сифати баланди қонунҳо, риояи қоидаҳо ва усулҳои техникаи қонунгузорӣ, ба меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани қонунҳои Тоҷикистон, таъмини волоияти қонун дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи асосӣ медиҳанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти такмили қонунгузории миллӣ ба зарурати таҳия ва қабули қонунҳои ифодакунандаи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Бо ин мақсад бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат ва Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таҳия ва қабул мешаванд. Қонунҳои мазкур анъанаҳои аҷдодӣ ва меъёрҳои таърихан ташаккулёфтаи халқи тоҷикро дар бобати гузаронидани ҷашну маросимҳои мардумӣ, тарбия ва таълими фарзанд инъикос намуда, дар танзими ҷашну маросимҳо дар шароити таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, сарфакорӣ, истифодаи оқилонаи маблағ ва пасандозҳо, инчунин тарбия ва таълими кӯдакону наврасон ва ҷавонон дар рӯҳияи арзишҳои миллӣ, ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ нақши муҳим доранд.
Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ таҷрибаи миллии амалӣ гаштани ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфт. Ҳоло дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таҷрибаи ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гаштани лоиҳаи қонунҳои муҳимтарин, ки бо ташаббуси Сарвари давлат сурат мегирад, таҷрибаи нодир дар таърихи давлатдории тоҷикон маҳсуб мешавад. Ин таҷрибаи бағоят муҳим собит менамояд, ки муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи қонунҳои муҳим ва баррасии пешакии онҳо бо иштироки намояндагони аҳли ҷомеа барои баланд шудани фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҷалби бевоситаи онҳо ба фаъолияти қонунгузорӣ аҳаммияти ҳаётӣ дорад. Ва бояд гуфт, ки аз ин таҷрибаи ватанӣ минбаъд васеъ истифода кардан зарур аст.
Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» дар раванди амалӣ гардидани ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон марҳалаи нав оғоз гардид. Қонуни мазкур, ки 9 декабри соли 2015 қабул мешавад, ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Сарвари давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро тақвият мебахшад.
Тавре аз матни қонун бармеояд, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ уҳдадоранд, ки муроҷиати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба халқи Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор оид ба масъалаҳои муҳимми сохтори давлатӣ, амнияти кишвар, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ҳатман ба инобат гиранд. Суханрониҳои Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлисҳои Ҳукумат ва Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маслиҳату пешниҳодҳои Пешвои муаззами миллат дар бобати ҳалли буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низ ба инобат гирифта мешаванд.
Масъалаи дигари муҳим, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар нақши бориз дорад, таъмини волоияти қонун буда, он меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. Таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд. Ҷорӣ намудани технологияҳои муосири электронӣ дар фаъолияти судҳо низ аз ҷумлаи корҳои муҳим мебошад ва бояд дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида шавад, таъкид намуд Пешвои муаззами миллат.
Дар Паём зикр гардид, ки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба риояи ҳатмии ойинномаҳои ҳарбӣ, тартибу интизом ва таъмини волоияти қонун эътибори доимӣ ва қатъӣ диҳанд. Тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд, чаро ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти мардуми кишвар фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.
Президент қайд намуд, ки амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.
Бинобар ҳамин, Пешвои муаззами миллат аз минбари баланд пешниҳод намуд, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад. Мо ҳама устодони риштаи ҳуқуқ ҷонибдори ин пешниҳод ҳастем ва кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҷашни сиюмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовезҳои муносибу арзанда истиқбол гирем. Ва аз номи шоири тавоно, сиёсатимадорӣ варзида Абдуллои Раҳнамо мегӯем!
Як саду бис бор қарсак мезанам ...
Як саду бис бор қарсак мезанам,
Як саду бис бор мегӯям дуруд!
Ин нишасти содаи солона нест,
Ин Паёми оромони халқ буд!
Як саду бис лаҳза эҳсоси баланд,
Як саду бис лаҳза ашки ифтихор.
Як саду бис бор мегӯям Ватан!
Бе тамаллуқ, бе тамаъ, беихтиёр.
Ин шукӯҳи ҷашни соҳибдавлатист,
Баъди нуҳсад сол занҷиру ситам.
Як саду бис бор қарсак зи ҷой,
Як саду бис бор қарсак мезанам! ...
Қозиён Шариф Қозӣ,
мудири кафедраи ҳуқуқ,
номзади илмҳои ҳуқуқ,
доктори илмҳои сиёсӣ, профессор
Ҷонмуродов Ш.Ҷ.,
номзади илмҳои таърих, дотсент
Омузгорони кафедра,
Рисолати Р., Абдуллозода М.А.,
Раҳматов Р., Мирзозода Ш.Ҷ.,
Каримова Г.
 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj