• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Cоли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”
There are no translations available.

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ОМӮЗГОР (бахшида ба соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”)

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» санаи 28-уми декабри соли 2023 зикр намуданд, ки: “Хотирнишон менамоям, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад. Дар ин раванд, бояд ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад”.
Дар заминаи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти соли 2024 эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» бояд масоили марифати ҳуқуқии омӯзгор аз нигоҳи назариявӣ таҳлил гардида, баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо чораҳои амалӣ андешида шавад, ки ин корро ба қадри имкон мо ба сомон расонидем ва пешниҳоди хонанда мегардонем.

Ба андешаи Л.Ю. Айснер ҷомеаи имрӯза ба омӯзгорони типи нав эҳтиёҷ дорад, ки дорои хусусияти инсондӯстона буда, дар асоси баробарҳуқуқӣ ҳамкорӣ карда тавонанд. Омӯзгор ба мушкилоте рӯ ба рӯ мегардад, ки дар сурати мавҷуд набудани меъёрҳои возеҳи идеологӣ, у бояд дар соҳаи педагогика мавқеи навро ишғол кунад, яъне бо назардошти нақши таълим дар ташаккули шахсият шахсияти донишҷӯро нигоҳ дорад. Дар баробари ин фаъолияти касбии худро ҳифз менамояд, ки зарурати механизми ташаккули захирањои шахсиятиро дар раванди касбият ба миён меорад (Айснер Л.Ю. Роль образования в формировании личности. Казанская наука. 2017. № 10. С. 126-128).

Дар амалияи педагогӣ тамоюли дуршавӣ аз арзишҳои маърифати ҳуқуқӣ идома дорад, ки пеш аз ҳама дар паҳншавии авторитаризм ва қолабҳои кӯҳнаи тафаккур зоҳир мегардад. Мутаассифона дониши ҳуқуқии баъзе омӯзгорон ҳанӯз ҳам паст аст. Фаъолияти омӯзгори муосир аз ҷузъҳои зиёд иборат буда, доштани маърифати ҳуқуқӣ ҷанбаи муҳими фаъолияти касбӣ мебошад. Дар баробари ин муаллимро зарур аст, ки тағйироти соҳаҳои гуногуни қонунгузориро, ки ба фаъолияти бевоситаи меҳнатии худ ва ҳам ба фаъолияти таълимӣ дахл доранд, пайгирӣ намояд.

Масалан ҳоло ҳам омӯзгороне ҳастанд, ки оид ба муқаррароти қисми 1, моддаи 51 (Уҳдадориҳо ва масъулияти омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” аз 22 июли соли 2013, № 1004 иттило надоранд. Дар асоси он омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дар раванди таълиму тарбия уҳдадориҳои зеринро доранд: оиннома, қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи таълимиро риоя намоянд; сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, маҳорат ва малакаи касбии худро такмил диҳанд; азхудкунии барномаҳои таълимию илмиро дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот аз таълимгирандагон талаб намоянд; дарсҳои назариявӣ, амалӣ, таҷрибавӣ, истеҳсолӣ ва дигар намуди дарсҳо ва машғулиятҳоеро, ки барномаҳои таълимӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида, аз усулҳои фаъоли таълим истифода баранд, бесабаб аз фаъолияти омӯзгори худро дар канор нагиранд; таълимгирандагонро аз амалҳои зӯроварии ҷисмонию равони ҳифз намоянд ва барои пешгирии истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ (аз ҷумла оби ҷав), воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, маҳсулоти тамоку (аз ҷумла нос) ва маводи сахттаъсир корҳои таблиғотӣ баранд; аз доираи мавзӯе, ки барномаи таълимӣ муқаррар намудааст, берун набароянд; дар вақти дарс аз телефони мобилӣ истифода набаранд; вобаста ба имконот дарсҳои кушод ташкил карда, падару модарони (шахсони онҳоро ивазкунандаи) таълимгирандагонро барои шинос шудан бо маҳорати касбии худ ҷалб намоянд; меъёрҳои санҷиш ва баҳогузориро ба дониши хонандагон ва донишҷӯён дар раванди дарс риоя намоянд; журнали синфӣ (гурӯҳӣ)-ро дар доираи муқаррарот пур намоянд; ашёи таълимӣ, таҷҳизот ва маводи таълимиро ҳифз карда, таълимгирандагонро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоянд; бо мақсади такмили маҳорати касбӣ ҳар 5 сол аз такмили ихтисос гузаранд; меъёрҳои забони давлатиро риоя намоянд; дар вақти дарс ва берун аз он аз алфози қабеҳ худдорӣ намоянд; аз тарғиби ғояҳои бегона ва ташвиқӣ ҳар гуна масъалаҳое, ки аз доираи мавзӯи дарс берун аст, худдорӣ намоянд; ба дарс тайёрии амиқ дида, санҷиши дафтарҳоро ҷиддӣ гузаронанд; дар раванди фаъолияти худ аз таҷрибаи пешқадам истифода намуда, ба таълифи мақолаҳои илмӣ, назариявӣ ва методӣ ҷидди муносибат намоянд; вобаста ба қобилият китобҳои дарсӣ, методӣ, назариявӣ ва дастурҳои методӣ таҳия намоянд; маводи нави илмӣ, таълим, методӣ, рӯзнома, маҷалла, китобҳои бадеӣ, оммавӣ, илмӣ ва назариявиро пайваста мутолиа намоянд; маводи таълимӣ, конспект, нақшаҳои тақвимӣ, лексияҳо ва корҳои санҷишиву озмоишии хаттии худро дар сатҳи касбӣ дар доираи меъёрҳои мавҷуда таҳия ва тасдиқ намоянд; барои инкишофи маҳорат ва малакаи хаттӣ ва нутқи шифоҳии таълимгирандагон кӯшиш намоянд; барои дар озмунҳои (олимпиадаҳои) ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намудани таълимгирандагон саъю талош намоянд; қобилияти зеҳнӣ, илмӣ, таҳқиқотӣ, ихтироъкории таълимгирандагонро муайян намуда, нисбат ба онҳо ғамхорӣ кунанд; барои рушди камолоти таълимгирандагон шароит фароҳам оваранд; аз таълимгирандагон ҳамроҳи худ овардани маводи таълимиро талаб карда, омодагии онҳоро ба дарс, машғулиятҳои таълимӣ назорат намоянд, онҳоро ба хондани китобҳои илмию бадеӣ, рӯзномаю маҷаллаҳо ташвиқ намуда, барои рушди ҷаҳонбинии онҳо тадбирҳо андешанд; услуби коргузорӣ ва истифодаи технологияҳои нави иттилоотиву коммуникатсиониро омӯзанд ва таълимгирандагонро ба омӯзиши онҳо ташвиқ намоянд; санҷишу имтиҳонҳои қабул ва ҷориро аз рӯи меъёрҳои муайянгардида гузаронида, дар вақти баҳогузорӣ ба амалҳои субъективӣ роҳ надиҳанд; аттестатсияи хатм ва имтиҳонҳои хатмро дар доираи талаботе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, ташкил намуда, ба дониши таълимгирандагон баҳои воқеӣ гузоранд; рӯзномаи хонандагон ва дафтарҳои санҷишии донишҷӯёнро санҷида, баҳои дар журнал ва варақаи имтиҳонӣ қайдгардидаро ба онҳо гузаронанд; дарсҳои худро дар кабинетҳои фаннӣ бо тартиби муқарраршуда ба роҳ монанд; иштироки таълимгирандагонро дар корҳои ҷамъиятӣ, маҳфилҳои илмӣ, адабӣ, эҷодӣ ва дигар маҳфилҳо таъмин намуда, ба фаъолона ширкат варзиданашон мусоидат намоянд; таълимгирандагонро дар рӯҳияи эҳтироми падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), ҳамсолон, насли калонсол, арзишҳои фарҳангию миллӣ, таърихӣ ва рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбия кунанд; ҷалби таълимгирандагонро ба созмонҳои хонандагон ва донишҷӯён таъмин карда, онҳоро дар рӯҳияи ватандустӣ, риояи қонун ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, расму ойин, муҳити зист ва риояи тарзи ҳаёти солим тарбия намоянд; корҳои илмӣ, эҷодии адабӣ, ихтироъкорӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва дигар корҳои таълимгирандагонро роҳнамоӣ намуда, барои рушди қобилияти зеҳнии онҳо шароит муҳайё намоянд; нисбат ба хонандагон ва донишҷӯёне, ки тартиботи дохилии муассисаи таълимиро халалдор менамоянд, ба дарсҳо бе тайёрӣ меоянд ва сару либоси тавсиявиро намепӯшанд, маъмурияти муассисаи таълимӣ ва падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)-ро сари вақт тариқи хаттӣ ё шифоҳӣ огоҳ намоянд; нисбат ба таълимгирандагоне, ки аз таҳсил саркашӣ намуда, аз хондан дур мемонанд, падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), роҳбарияти муассисаи таълимӣ ва мақомоти дахлдорро сари вақт тариқи хаттӣ ё шифоҳӣ огоҳ намоянд; дар таҳия ва омода намудани иншо, кори санҷишӣ, корҳои хаттии эҷодиву илмӣ, реферат, кори курсӣ, таҳқиқоти илмӣ, рисола, лоиҳаи дипломӣ ва инноватсионӣ ба таълимгирандагон роҳбарӣ намоянд; дафтарҳои фаннии таълимгирандагонро назорат намуда, маводи хаттиро аз рӯи меъёрҳои муқарраргардида баҳогузорӣ намоянд.

Ё инки дар асоси қисми 6, моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ” аз 19 майи соли 2009 № 531 кормандони илмию омӯзгории муассисаи таҳсилоти олии касбӣ уҳдадоранд: самараи баланди раванди кори омӯзгорӣ ва илмиро таъмин кунанд; талаботи Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбиро риоя намоянд; донишомӯзонро дар рӯҳияи мустақилият, ташаббускорӣ тарбия кунанд, қобилияти эҷодии онҳоро инкишоф диҳанд; ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва ахлоқиву маънавӣ эҳтиром гузоранд; барои такмили ихтисоси худ пайваста кӯшиш намоянд; дар раванди таълим аз телефонҳои мобилӣ истифода набаранд.

Маърифати ҳуқуқии омӯзгор як низоми мураккаб аст. Дар он фаъолияти омӯзгор ва хусусияти таъсири ҳуқуқии гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа алоқаманданд. Аз ин бармеояд, ки маърифати ҳуқуқии омӯзгор инҳоро пешбинӣ мекунад: сатҳи муайяни шуури ҳуқуқӣ. Яъне дар омӯзгор аллакай низоми муносибатҳои ҳуқуқӣ, ақидаҳо, баҳодиҳӣ нисбат ба заминаи меъёрии ҳуқуқии ватанӣ ва байналмилалӣ ташаккул ёфтааст; фарҳанги умумӣ. Мафҳуми мазкур мафҳумҳои ватандӯстӣ, шаҳрвандӣ, муносибат ба анъанаҳои фарҳангӣ, хотираи таърихиро фаро мегирад; зарурати дар сатҳи муайян донистани қонунҳо, эътибори баланди қонун, эҳтиром ба меъёрҳои ҳуқуқӣ: қонунриоякунанда будан, яъне дар асоси муқаррароти қонун амал намудан. Хусусиятҳои асосии маърифати ҳуқуқии омӯзгор инҳоянд: шуури ҳуқуқӣ, дониши мунтазами ҳуқуқӣ, масъулияти ҳуқуқӣ, қобилияти истифода бурдани меъёрҳои ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои мушаххаси ҳаёт, қобилияти баҳо додан ба ҳолатҳои ҳуқуқӣ ва ғайриҳуқуқӣ (Курбатова С.М., Айснер Л.Ю. К вопросу о правовой культуре преподавателя// Социально-экономический и гуманитарный журнал. 2019. № 3 (13). С. 36-48).

Масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии омӯзгор дар шароити гуманизатсияи низоми маориф яке аз мавзӯҳои мубрам ба ҳисоб рафта, масъалаи татбиқи вазифаи гуманистии ҳуқуқро ба миён мегузорад. Дар асоси таҳлили асарҳои илмӣ ва муқаррароти қонунгузорӣ метавон ба хулосае омад, ки маърифати ҳуқуқӣ омӯзгор ҷузъи муҳимтарини соҳаи маориф буда, ба он аҳамияти ҷиддӣ додан зарур аст.

Маърифати ҳуқуқии омӯзгор ҷузъи маърифати касбии педагогӣ буда, сатҳи баланди он шарти муҳими фаъолияти самараноки касбӣ ва дар натиҷа унсури муҳими муваффақияти татбиқи сиёсати таълим ва баланд бардоштани сифати таълим мебошад (Трашкова С.М. Образовательная политика и вопросы качества образования // Современное образование в условиях реформирования: инновации и перспективы. Сборник материалов III Всероссийской научно-практической конференции. Красноярск, 2012. С. 254-258).

Бо назардошти муқаррароти Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз 29 сентябри соли 2020, №526 барои бартараф намудани мушкилоти дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани маърифати ҳуқуқии баъзе омӯзгорон истифодаи 2 роҳи асосии зерини баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии омӯзгоронро муайян кардан мункин аст:

1. Худомузии омӯзгор. Ба андешаи Л.М. Беткер яке аз нишондиҳандаҳои салоҳияти касбии омӯзгор маҳорати худомӯзии ӯ мебошад, ки дар қонеъ набудан, огоҳӣ аз нокомии вазъи кунунии раванди таълим ва майл ба рушду такмили худ зоҳир мегардад. Худомузӣ донишро васеъ ва чуқуртар мегардонад, дараҷаи баланди назариявии дарк намудани таҷрибаи пешқадамро таъмин мекунад (Беткер Л.М. Проблема самообразования педагога // Вестник Югорского государственного университета.- 2010.- Выпуск 3 (18).- С.43-46). Принсипҳои асосии худомузии омӯзгор инҳо мебошанд: муттасилӣ; мақсаднокӣ; ҳамгироӣ; ягонагии маърифати умумӣ ва касбӣ; пайвастагӣ; хусусияти пешгӯӣ; гузариши доимӣ аз сатҳи паст ба сатҳи баланд; тағйирёбандагӣ (Сайфуллаева У.У. Самообразование как условие профессионального становления личности педагога // Молодой ученый. — 2017. — № 3.2 (137.2). — С. 17-18).

2. Гузаронидани курсҳои такмили ихтисос. Барои бартараф намудани мушкилоти дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани маърифати ҳуқуқии баъзе омӯзгорон бояд барономаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии омӯзгор дар самти фаъолияти касбӣ аз ҷониби мақомоти босалоҳият таҳия карда шавад, ки фарогири барномаи такмили ихтисос бошад. Барномаи мувофиқтарин барои ноил шудан ба ҳадафҳои эълон шудани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” барномаи такмили ихтисос аст, ки барои такмил додани донишҳои мавҷуда ҳуқуқии омӯзгорон пешбинӣ шудааст. Барнома бояд инчунин рушд ва такмили малакаҳои ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва рафтори мувофиқи ҳуқуқиро дарбар гирад. Барномаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии омӯзгор дар самти фаъолияти касбӣ ҷузъи меъёрии ҳуқуқии фаъолияти омӯзгор дар шароити навсозии низоми маориф баҳо дода шавад ва ба як қатор принсипҳои таълими касбӣ бояд асос ёбад: таҳсилоти касбӣ, инсондӯстӣ, илмӣ, шаҳрвандӣ. Мисоли курси такмили ихтисос чунин барномаҳо шуда метавонанд: «Маърифати ҳуқуқии омӯзгор», «Қонунгузории Тоҷикистон дар соҳаи маориф», «Қонунгузории меҳнатӣ дар соҳаи маориф», “Ҳуқуқ ва уҳдадории конститусионии омӯзгор”, “Қонунгузории миллӣ ва махсусияти он” ва ғайра.

Ба андешаи мо бо назардошти ба сомон расонидани роҳҳои зикршудаи баланд бардоштани сатҳи маърифтаи ҳуқуқии омӯзгор ӯ бояд салоҳиятҳои зеринро доро гардад:

- қобилияти истифода бурдани донишҳои ҳуқуқӣ дар соҳаҳои гуногуни фаъолият;

- омода будан ба эътирофи аҳамияти иҷтимоии касби худ, ҳавасманд шудан ба фаъолияти касбӣ;

- омодагӣ ба истифодаи донишҳои назариявӣ ва амалии ҳуқуқӣ барои таҳия ва ҳалли масъалаҳои тадқиқотӣ дар соҳаи маориф;

- қобилияти иҷрои уҳдадориҳои касбӣ оид ба таълими ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқӣ.

ДОНИЁР САНГИНЗОД,
ДОНИЁР САНГИНЗОД,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор,
муовини ректор оид ба корҳои илмии
муовини ректор оид ба корҳои илмии
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
ба номи Садриддин Айнӣ.
ба номи Садриддин Айнӣ.
ШУҲРАТ КАМОЛЗОДА,
ШУҲРАТ КАМОЛЗОДА,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент,
мудири бахши таъминоти ҳуқуқии
мудири бахши таъминоти ҳуқуқии
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
ба номи Садриддин Айнӣ
ба номи Садриддин Айнӣ
 
free pokerfree poker

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj