• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Cоли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”
There are no translations available.

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ДОНИШҶӮ (бахшида ба соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”)

Тоҷикистон давлатест, ки бар пояи ҳуқуқ бунёд гардида, дар назди донишҷӯён вазифаҳои нав мегузорад, ки онҳо бояд дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ бошанд. Мақом ва нақши ҳуқуқ дар ҳаёти донишҷӯи муосир беш аз пеш муҳим мегардад. Донистани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ, инчунин меъёрҳои ҳуқуқӣ ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки на танҳо дар бораи як хатти рафтори меъёрӣ қарор қабул кунанд, бо институтҳои ҷомеаи муосир самараноктар ҳамкорӣ кунед, балки инчунин худро аз амалҳои ғайриқонунии дигарон муҳофизат намоянд.

Маърифати ҳуқуқии донишҷӯ маҷмӯи донишҳо дар бораи қонун ва арзишҳои ҳуқуқӣ мебошад, ки сабаби аз ҷониби ӯ эҳтиром гузошатан ба қонун ва иҷрои рафтори ҳуқуқӣ мегардад. Нишондиҳандаи муҳими маърифати ҳуқуқӣ сатҳ ва мазмуни донишҳои ҳуқуқӣ, муносибат ба ҳуқуқ, низоми ҳуқуқӣ ва фаъолияти иҷтимоӣ-ҳуқуқии дар заминаи онҳо ташаккулёфта мебошад.

Тавре ки натиҷаҳои таҳқиқоти омории гузаронидашуда нишон медиҳад, мафҳуми «Ҳуқуқ» дар зеҳни донишҷӯён пайваста бо тартибот (56%), меъёрҳои рафтор (54%), бехатарӣ (45%) ва адолат (43%) алоқаманд аст, ки умуман ба мазмуни ҳуқуқи позитивӣ мувофиқат мекунад, ки маънои низоми меъёрҳои умумӣ-ҳатмии аз тарафи давлат ҳифзшаванда мебошад. Танҳо 37% пурсидашудагон мафҳуми «Ҳуқуқ»-ро бо «имкониятҳо» ва «озодиҳо» алоқаманд медонанд. Яъне онро дар ҷанбаи ҳуқуқи табиӣ дарк мекунанд. Таҳлили хусусиятҳои гендерӣ нишон медиҳад, ки барои писарон алоқамандии ҳуқуқ бо тартибот бештар маъмул аст (58%), духтарон бошад, онро ҳамчун меъёри рафтор (57%) қабул мекунанд. Илова бар ин, тафсири қонун ҳамчун имконият барои духтарон нисбат ба писарон бештар хос аст (40% нисбат ба 35%). Боз як далели ҷолиб ин аст, ки ҳар қадар сатҳи дониши ҳуқуқии донишҷӯён баланд бошад, онҳо ҳамон қадар бештар ба риояи қонун дар ҳама гуна шароит омодаанд ва камтар танҳо ба адолат ва манфиатҳои худ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд [Киселева Т.В. Правовая культура студентов// Успехи современной науки. 2017. Т. 8. № 4. - С. 131-133].

Омори дигар баъд аз пурсиши донишҷӯён оид ба донистани меъёрҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби онҳо гузаронида шудааст, ки мутобиқи он: 81,1% донишҷӯён ҷавоб додаанд, ки ҳуқуқҳои худро медонанд ва метавонанд ҳуқуқҳои худро ҳимоя кунанд; 42,4% донишҷӯён дуруст рафтор намуданро метавонанд; 22,4% донишҷӯён меъёрҳои қонунро риоя мекунанд; 19,5% донишҷӯён қайд карданд, ки меъёрҳои ҳуқуқӣ барои бо роҳи қонунӣ ба даст овардани маблағ заруранд. Дар баробари ин 70,0% донишҷӯёни пурсишшуда мавқеъи худро иброз доштанд, ки онҳо ҳамеша меъёрҳои ҳуқуқиро риоя мекарданд ва дар ҳар шароит риоя хоҳанд кард; 6,5% пурсидашудагон қайд карданд, ки онҳо на ҳамеша меъёрҳои қонунро риоя мекунанд; 23,5% донишҷӯён дар посух ба савол дар бораи риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ душворӣ кашиданд [Савин В.Н. Правовая культура студентов в современных условиях: социологический анализ: Дис. ... канд. социол. наук. - Екатеринбург, 2011. 170 с.].

Дар суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш дар ноҳияи Данғара санаи 1-уми сентябри соли 2023 ба ҷавонон ва донишҷӯёну хонандагон муроҷиат намуда, такид карданд, ки: “Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар сиёсати пешгирифтаи худ наврасону ҷавонон ва хонандагону донишҷӯёнро созандагони фардои Ватан мешуморад ва ман ҳамчун Роҳбари давлат ба шумо – ҷавонони шарафманди кишвар эътимоди комил дорам. Шумо ҷавонону наврасон, дар навбати аввал, хонанда ва донишҷӯ, яъне ҷӯяндаи дониш ҳастед, ки вазифаи аввалиндараҷаатон хондан ва аз худ кардани донишҳои замонавӣ, забонҳои хориҷӣ, техникаву технологияҳо ва мутобиқ шудан ба талаботи замони муосир мебошад. Ҷавоне, ки соҳиби донишу маърифат ва касбу ҳунар аст, ҳеҷ гоҳ ба роҳи хато намеравад, хору зор намешавад, дар ҳар ҷое, ки бошад, ҷойи кор меёбад ва зиндагии бобаракат мебинад, зеро дунёи маънавии ӯро ақлу хирад, донишу маърифат ва саъю талош пурбор гардонидааст. Дар баробари ин, аз шумо – фарзандону набераҳои азизам хоҳиш мекунам, ки ба қадри ҳар дақиқаи умр, бахусус, даври ҷавонӣ расед ва онро сарфи китобхонӣ, ҷустуҷӯи дониш, касбу ҳунар, анҷоми амалҳои неку шоиста, ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, омӯзгорону тарбиятдиҳандагони хеш ва хизмат ба миллату давлат намоед. Кӯшишу талош намоед, ки дар баробари мутахассиси ҷавобгӯ ба ниёзҳои ҷомеаи имрӯзу фардои кишвар будан, Ватани азизи худро дӯст доред ва барои хизмат ба он ҳамеша омода бошед. Борҳо гуфтаам ва боз мегӯям, ки дар чунин вазъи хатарзои ҷаҳони муосир ҳушёрии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳед, нагузоред, ки қувваҳои бадхоҳ ба зеҳну андешаи шумо ва ҳамсолони шумо таъсири номатлуб расонанд. Дар баробари ин, ҳатто як лаҳза фаромӯш накунед, ки ояндаи миллат, давлат ва Ватан дар дасти шумост”.

Дар заминаи такиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудан зарур аст, ки донишҷӯи дорои сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ қодир аст донишманд гардад, мутахассиси касби худ шавад, ватандӯсти асил бошад ва баҳри ояндаи давлат ва Ватан саҳмгузорӣ намояд. Донишҷӯе, ки дорои сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ мебошад, самаранокии низоми ҳуқуқии муосирро мусбат арзёбӣ мекунанд. Дар баробари ин, онҳо зарурати васеъ ва амиқтар кардани донишҳои ҳуқуқии худро эҳсос мекунанд ва аҳамияти таълими ҳуқуқиро дар донишгоҳҳо эътироф мекунанд. Масалан муқаррарароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ” аз 19 майи соли 2009, № 531 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии муталлиқ ба ҳолати ҳуқуқии донишҷӯён бояд пурра ба донишҷӯён фаҳмонида шавад.

Дар асоси моддаи 1 ин Қонун донишҷӯ - шахсе, ки тибқи тартиби муқарраршуда ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ қабул гардидааст ва дар шӯъбаҳои рӯзона, шабона, ғоибона ё бо мақсади дарёфти дараҷаи муайяни таҳсилот ва ихтисос ба тариқи экстернат таҳсил мекунад. Ба донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ шаҳодатномаи донишҷӯ ва дафтарчаи имтиҳонотии намунаи муқарраргардида дода мешавад. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд: дар ташкили мазмуну мундариҷаи таълими худ бо риояи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ иштирок намоянд. Ин ҳуқуқи онҳо бо шартҳои қарордоди байни донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки барои таҳсил ва ба кор таъмин кардани онҳо мусоидат мекунад, маҳдуд шуда метавонад; курсҳои факултативӣ (барои самти нишондодашавандаи таълим (ихтисос)) ва курсҳои элективиро (ба таври ҳатмӣ интихобнамуда), ки аз ҷониби факултет ва кафедраи дахлдор пешниҳод мегарданд, интихоб намоянд; ғайр аз фанҳои таълимии (ихтисосии) соҳаи интихобшуда ҳар гуна фанҳои дигареро, ки дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таълим дода мешаванд, бо тартиби муқаррарнамудаи Оинномаи он, инчунин фанҳои дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дигар таълимдодашавандаро аз бар намоянд; мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи тахассуси ҳарбӣ таълим гиранд; тибқи ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз шакли таълими пулакӣ ба шакли таълими ройгон гузаранд; дар муҳокима ва ҳаллу фасли муҳимтарин масъалаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла, ба воситаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти давлатии идораи маориф иштирок намоянд; аз китобхонаҳо, китобхонаҳои электронӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, интернет, фондҳои иттилоотии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бахшҳои таълимӣ, илмӣ, табобатӣ ва бахшҳои дигари муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Оинномаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таври ройгон истифода намоянд; дар корҳои илмию таҳқиқотӣ, конференсияву симпозиумҳо ва маҳфилу озмунҳо иштирок ва баромад намоянд; асарҳои худро барои чоп, аз ҷумла дар нашрияҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешниҳод кунанд; аз амру фармонҳои маъмурияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдор шикоят кунанд. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ, ки дар шӯъбаҳои рӯзона таҳсил мекунанд ва аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ таълим мегиранд, ба андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо стипендия таъмин карда мешаванд. Тартиби муқаррар ва пардохти стипендия аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар асоси низомномаи дахлдор ҳуқуқ доранд стипендияи муқаррарнамудаи шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқиро, ки онҳоро барои таҳсил фиристодаанд, инчунин стипендияҳои шахсан таъиншударо гиранд. Ба донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи нишондоди тиббӣ ва дар ҳолатҳои дигари истисноӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми давлатии идораи маориф рухсатии академӣ дода мешавад. Барои донишҷӯени шакли рӯзонаи таҳсилот, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил мекунанд, мӯҳлати даъват ба хидмати ҳарбӣ мутобиқи қонун дар давраи таҳсил ба таъхир андохта мешавад. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд, аз китобхонаҳои давлатӣ ройгон истифода баранд ва ҳамчунин ройгон вориди осорхонаҳои давлатӣ шаванд. Барои донишҷӯёни шӯъбаҳои рӯзона ва шабона дар як соли таҳсил на камтар аз ду маротиба таътил муқаррар карда мешавад. Донишҷӯи эҳтиёҷманди манзил дар хобгоҳ (ба шарте ки муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фонди дахлдори манзил дошта бошад) бо ҷойи хоб таъмин карда мешавад. Донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои комёбиҳо дар таҳсил ва иштироки фаъолона дар корҳои илмию таҳқиқотӣ мутобиқи Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо мукофотҳои маънавӣ ва ё моддӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Донишҷӯ аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар мавридҳои зерин хориҷ карда мешавад: бинобар вазъи саломатӣ дар асоси ҳуҷҷати комиссияи тиббию машваратӣ; бо сабаби гузаштан ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар; барои давомоти нокифоя; барои қарздории академӣ; пас аз рухсатии академӣ ба таълим шурӯъ накардан; саривақт напардохтани маблағи таҳсил мувофиқи шартнома; дар мӯҳлати муқарраргардида насупоридани се ва зиёда аз он санҷишу имтиҳон; барои содир кардани ҷиноят; ба муассисаи таълимӣ омадан бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ; пас аз фавт; барои вайрон кардани интизоми таълим, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ. Барои риоя накардани ӯҳдадориҳое, ки дар Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ пешбинӣ гардидаанд, баъди гирифтани баёноти хаттӣ, мумкин аст донишҷӯ ба танбеҳи интизомӣ кашида ва ҳатто аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ хориҷ карда шавад. Ба донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар раванди таълим истифода бурдани телефонҳои мобилӣ манъ аст. Танбеҳи интизомӣ ба донишҷӯ на дертар пас аз як моҳи ошкор шудани рафтори ӯ ва на дертар пас аз шаш моҳи содир гардидани чунин рафтор дода мешавад, ки ба ин мӯҳлати бемории донишҷӯ ва (ё) вақти таътили ӯ дохил намешавад.

Ба донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ кафолати ба таври озод ба дигар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва ё ихтисоси дигар бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф гузаштан дода мешавад. Дар мавриди гузаштани донишҷӯ аз як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муассисаи дигари таҳсилоти олии касбӣ тамоми ҳуқуқҳое, ки барои донишҷӯ бори аввал дар ин зинаи таҳсилоти олии касбӣ пешбинӣ шудаанд, маҳфуз мемонанд. Донишҷӯ баъди ихтиёран ё бо сабабҳои дигар тарк кардани муассисаи олии таълимӣ зимни боқӣ мондани ҳамон шакли таълим (ройгон ё пулакӣ), ки мутобиқан пеш аз тарк кардан таҳсил мекард, ҳуқуқ дорад барои таҳсил ба муассисаи олии таълимӣ барқарор гардад. Дар сурати бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ ба муассисаи таълимӣ омадан донишҷӯ бе ҳуқуқи барқарор шудан ба муҳлати се сол аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешавад. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ уҳдадоранд, ки донишҳои назариявӣ, маҳорати амалӣ ва методҳои муосири таҳқиқро аз рӯи ихтисоси интихобнамудаашон азхуд кунанд, дар мӯҳлатҳои муқарраршуда ҳамаи супоришҳои дар нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ пешниҳодгардидаро иҷро намоянд, арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва маънавиро пос доранд ва Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, қоидаи хобгоҳҳо ва дигар талаботи муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд. Дигар ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои донишҷӯёнро қонунгузорӣ ва (ё) Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муқаррар менамояд. Мақоми донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ, ки аккредитатсияи давлатӣ дорад, нисбат ба ҳуқуқу озодиҳои академӣ, ба истиснои ҳуқуқи гирифтани стипендияи давлатӣ, баробари мақоми донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатӣ мебошад. Мақоми донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ, ки аккредитатсияи давлатӣ надорад, дар асоси Оинномаи ҳамин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муқаррар карда мешавад. Донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбие, ки барои пурра амалӣ намудани барномаҳои таълимӣ аз технологияи фосилавӣ истифода мебаранд, инчунин филиалҳои муассисаи таҳсилоти олии касбии зикршуда, ҳангоми аз ҷониби онҳо амалӣ намудани раванди таълим (ба истиснои машғулиятҳои алоҳида) дар филиалҳо ва тамоми намудҳои аттестатсияи донишомӯзони ин филиалҳо, ҳамаи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои донишомӯзони ҳамин шакли мутаносиби дарёфти таҳсилотро доранд (моддаи 21 Қонун).

Ҳамин тариқ, сатҳи маърифати ҳуқуқии донишҷӯён аз нишондиҳандаҳои сифати таълими ҳуқуқӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вобастагӣ дорад. Донишҷӯёни донишкада ва донишгоҳ имрӯз намояндагони қисми босаводи фазои иҷтимоӣ ба шумор мераванд, ки ин аз болоравии сатҳи қобилиятҳои зеҳнӣ ва сатҳи донишҳои ҳуқуқии онҳо гувоҳӣ медиҳад.

ДОНИЁР САНГИНЗОД,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор,

муовини ректор оид ба корҳои илмии

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон

ба номи Садриддин Айнӣ.

МУҲАММАД АБДУЛЛОЗОДА,

асситенти кафедраи ҳуқуқи факултети таърих

ва ҳуқуқ Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон

ба номи Садриддин Айнӣ.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj