• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Cоли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”
There are no translations available.

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ МАДАНӢ
(бахшида ба соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”)

Асоси рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бунёди давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Субъектҳои ин раванд шаҳрвандони форматсияи нави ҷамъиятию сиёсӣ мебошанд, ки дорои маҷмӯи сифатҳои шахсианд, ки дорои қобилиятҳои дигаргунсозанда ба мисли мустақилият, иродаи озод, ахлоқи баланд, масъулияти шаҳрвандӣ ва фаъолнокӣ мебошанд. Ин сифатҳо маърифати ҳуқуқи маданиро (сивилиро) ташкил медиҳанд.
Дар асарҳои олимон мафҳумҳои гуногуни маърифати ҳуқуқии маданӣ пешбинӣ шудааст, ки баъзеяшонро пешниҳод менамоем:
1. Маърифати ҳуқуқии маданӣ ин сифати ҳаёти ҳуқуқии ҷомеа ва сатҳи кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷониби давлат ва ҷомеа, инчунин дониш, дарк ва риояи ҳуқуқро аз ҷониби ҳар як узви алоҳидаи ҷомеа ифода мекунад [Бирюков С. В. Правовая культура: учебное пособие для вузов. М.: Издательство Юрайт, 2019. – С. 15-18].
2. Маърифати ҳуқуқи маданӣ аз нуқтаи назари муносибати арзишӣ-меъёрӣ ҳамчун маҷмӯи арзишҳои ҳуқуқие мебошад, ки дар меъёрҳо ва институтҳои ҳуқуқӣ ифода ёфтаанд [Зубова Я.В. Правовое образование как фактор становления новой правовой культуры России // Вестник Адыгейского государственного университета. – 2009. - № 2. – С. 23].
3. Маърифати ҳуқуқии маданӣ ба низоми се сатҳи арзишҳо асос меёбад: эътиқоди шахсӣ, дастурҳои ҳуқуқӣ, меъёрҳои ҳуқуқӣ [Головченко Г.А. Стратегия формирования правовой культуры личности в современной России: понятие, цели, основные направления: автореферат диссертации на соискание ученой степени кандидата юридич. наук. Краснодар, 2016. - С.36].
4. Маърифати ҳуқуқии маданӣ асоси тарбияи ҳуқуқӣ мебошад, ки таъсири мақсадноки он ба ташаккули низоми арзишҳои ахлоқию ҳуқуқии шахс, ки сатҳи баланди маърифати ҳуқуқиро таъмин менамояд [Кравцов Р.В. Организационные основы правового воспитания в современной России: постановка проблемы // Сибирский юридический вестник. – 2006. - №1 (28). –С. 10-13].
Ба андешаи мо маърифати ҳуқуқии маданӣ хусусияти маҷмӯӣ ва сифатии шаҳрванд аст, ки дар асоси дониш ва малакаҳои ҳуқуқии шаҳрвандӣ ташаккул ёфта аст. Он унсури махсуси низоми ҳуқуқии ҷомеа мебошад, ки сатҳи баланди он дар байни шаҳрвандон боиси самаранок амали шудани низоми ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иқтисодии ҷамъият мегардад. Аз сатҳи инкишофи маърифати ҳуқуқӣ мавқеи шаҳрванд ва фаъолнокии он дар иштироки бевоситаи идоракунии корҳои давлат ва ҷамъият вобаста аст. Барои ташаккули сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии маданӣ бештар паҳн намудани иттилооти ҳуқуқӣ зарур аст, ки сабаби омӯзиши қонунҳо ва роҳ надодан ба ҳуқувайронкунии шаҳрванд мегардад.
Масалан ҳар як шаҳрванди кишвар бояд маълумот дошта бошад, ки қонунгузории маданӣ муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиеро, ки ба баробарӣ, мухторияти ирода ва мустақилияти молумулкии иштирокдоронашон асос ёфтаанд, танзим менамояд. Ё инки ҳуқуқҳои маданӣ бо тарзҳои зерин ҳимоя мешаванд: эътирофи ҳуқуқ; барқарор намудани ҳолате, ки то вайрон гардидани ҳуқуқ ҷой дошт ва пешгирӣ намудани амалҳое, ки ҳуқуқро вайрон мекунанд ё барои вайрон кардани он таҳдид менамоянд; беэътибор донистани аҳди баҳснок ва татбиқи оқибатҳои беэътибор донистани онҳо, татбиқи оқибатҳои беэътибор донистани аҳди беоқибат; беэътибор донистани санади мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии худидоракунӣ ва ташкилотҳои дигар; худҳимоякунии ҳуқуқ; маҷбур намудан ба иҷрои уҳдадориҳо дар шакли асл; ҷуброни зиён; рӯёнидани ноустуворона; товони зарари маънавӣ; қатъ кардан ё тағйир додани муносибати ҳуқуқӣ; аз ҷониби суд татбиқ накардани санади хилофи қонунгузорӣ қабулнамудаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии худидоракунӣ ва ташкилотҳои дигар; бо тарзҳои дигари пешбининамудаи қонунгузорӣ. Санади танзимкунандаи ин муносибатҳо Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки 24 декабри соли 2022, таҳти рақами 1918 қабул гардида, 1 июли соли 2023 мавриди амал қарор дода шудааст ва аз 9 фасл, 76 боб ва 1351 модда иборат мебошад.
Мисоли дигар онки дар асоси моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 8 июни соли 2007 таҳти рақами 272 тӯйи домодию арӯсӣ дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронида мешавад. Ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоду арӯс, ба истиснои тақдими тӯҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо манъ аст. Маросими домодталабон ва арӯсбинон ба таври ихтиёрӣ дар доираи оила бо иштироки то 15 нафар гузаронида мешаванд. Падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардондани шароити зиндагии навхонадорон сарф намоянд. Ҳамсарон ҳуқуқ доранд, ки тибқи муқаррароти Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни худ аҳдномаи никоҳ банданд. Маросими бақайдгири давлатии ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо истифодаи на бештар аз 4 автомошинаи сабукрав гузаронида мешавад. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ тӯйи домодию арӯсии хайриявии ҷавононро аз оилаҳои камбизоат баргузор намоянд. Тартиби гузаронидани тӯйҳои домодию арӯсии хайриявиро мақоми ваколатдор муайян менамояд.
Ҳамин тариқ, шахсе дорои сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии маданӣ мебошад, ки заминаи фаъолияти ба унсурҳои зерин вобаста аст: дорои қобилияти ҳуқуқдорӣ ва қобилияти амалкунӣ; ҳисси эътимод ба дигар аъзоёни ҷомеа; огоҳии сиёсӣ; қобилияти иҷрои шумораи назарраси нақшҳои иҷтимоӣ; садоқат ба низоми мавҷудаи ҳуқуқиву сиёсӣ ва ҳисси баланди худшиносӣ; иштирок дар равандҳои сиёсӣ; дорои рафтори оқилонаву фаъолона; донистани қонунгузории маданӣ.

 

ДОНИЁР САНГИНЗОД,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор,
муовини ректор оид ба корҳои илмии
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
ба номи Садриддин Айнӣ.
ХУШБАХТ АБДУҶАБОРЗОДА,
унвонҷӯи кафедраи ҳуқуқи факултети таърих
ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
ба номи Садриддин Айнӣ.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj