• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Cоли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”
There are no translations available.

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ҲУҚУҚШИНОС
(бахшида ба соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”)
Маърифати ҳуқуқӣ падидаи мураккаби бисёрҷанба буда, таҳлили намудҳои он дар баробари маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва шахс ба мо имкон медиҳад, ки маърифати ҳуқуқии касбӣ, аз ҷумла ҳуқуқшиносро ҳамчун шахси дорои дониши амиқ ва дарккунандаи маҳакҳои мубрами ҳуқуқӣ дар соҳаҳои алоҳидаи фаъолияти касбӣ ҷудо намоем.
Ҳуқуқшинос мутахассиси ҳуқуқшинос, илмҳои ҳуқуқӣ ва корманди амалии соҳаи ҳуқуқ аст. Агар ҳуқуқшинос дар вазоратҳо ва идораҳо кор кунад, вай дар тартиб додани лоиҳаи қонунҳо, қарорҳо, санадҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ иштирок мекунад. Он инчунин ҳуҷҷатҳои мавҷударо баррасӣ ва таҳрир мекунад, ки ба қонунгузорӣ мутобиқ шаванд. Ҳуқуқшиносон инчунин дар суд, прокуратура, мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ кор мекунанд. Онҳо парвандаҳои алоҳидаро баррасӣ мекунанд ва натиҷаи онро дар шакли санади муайяни ҳуқуқӣ барасмият медароранд. Ҳуқуқшиносон барои кор дар корхона, муассиса ва ташкилот низ даъват карда мешаванд. Дар онҷо онҳо ба тартиб додани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ машғул шуда, оид ба масъалахои қонунгузорӣ машварат медиҳанд ва ҳангоми зарурат ба суд, мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корхона, муассиса ва ташкилот барои ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ муроҷиат мекунад. Ба ҳуқуқшиносҳо ҷомеа ҳамеша талабот дорад, зеро ҳамеша барои ҳалли баҳсҳо ё санҷиши қонунии ҳуҷҷатҳои таҳияшуда онҳо зарур мебошанд. Ҳуқуқшинос ҳар қадар таҷрибаи зиёд дошта бошад, ҳамон қадар маҳбубият дорад.
Маърифати ҳуқуқии ҳуқуқшинос маҷмӯи донишҳои махсуси ҳуқуқиест, ки ҳангоми таълимоти ҳуқуқӣ, дар ҷараён ва натиҷаи амалияи касбии ҳуқуқӣ, инчунин дар фаъолияти касбии онҳо ва натиҷаҳои он ташаккул ва инкишоф меёбад. Дар байни ин унсурҳо шуури ҳуқуқии касбӣ ҳалкунанда аст, зеро бидуни он пешбурди фаъолияти ҳуқуқшиносӣ ғайриимкон аст. Дар шуур ҳамчун шакли олии инъикоси равонии воқеият, аз ҷумла равандҳои равонӣ (хотира, тафаккур, тасаввурот ва ғайра) ду хусусият муайян карда мешавад, ки ба ҳар як ихтисоси ҳуқуқӣ хос аст: тафаккури касбии ҳуқуқӣ ва техникаи ҳуқуқӣ. Тафаккури њуќуќӣ раванди даркнамоии психикии касбии њуќуќӣ бо забони њуќуќї ифода ёфтааст, ки шахсияти ҳуқуқшиносро инъикос мекунад. Аз рўи тарзи тафаккур хусусиятњои нутќ ва фаъолияти ҳуқуқшинос ҳамчун барандаи маърифати касбӣ муайян карда мешавад. Техникаи ҳуқуқӣ маҷмӯи тарзҳо, усулҳо ва воситаҳое мебошад, ки тибқи қоидаҳои қабулшуда ҳангоми таҳия ва ба низом даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои таъмини такмили онҳо истифода мешаванд. Риояи қоидаҳои техникаи ҳуқуқӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ гарави сифати онҳо мебошад. Татбиқи қонунҳои аз ҷиҳати техникӣ номукаммал хеле душвор ва баъзан имконнопазир аст.
Маърифати ҳуқуқии ҳуқуқшинос бо дараҷаи бонизоми назариявӣ, рушди фалсафӣ, техникаи ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ, касбӣ-арзишӣ муайян карда мешавад. Танҳо дар раванди таълим ва тарбияи ҳуқуқии донишҷӯи ҳуқуқшинос ин унсурҳо ташаккул меёбанд. Дар рафти фаъолияти касбӣ дар шуури ҳуқуқшинос иловатан доктринаи ҳуқуқӣ, идеологияи ҳуқуқӣ ба амал меояд, ки он дар сатҳи раванд ва натиҷаҳои фаъолияти ӯ инъикос меёбад. Чунки ҳуқуқшинос шахси ҷамъиятӣ буда, фаъолияти ӯ дар шароити робитаҳои доимии иҷтимоӣ сурат мегирад, ки истифодаи воҳидҳои нутқ ва истеҳсоли онҳоро тавре тақозо мекунад, ки маълумот пурра қабул карда шавад. Яъне суханронии у бояд равшан бошаду дарбаргирандаи унсурҳои ҳам хислати касбӣ ва ҳам иҷтимоӣ бошад. Ҳуқуқшинос бояд андешаҳои худро дақиқ, равшан ва мантиқӣ баён карда тавонад. Суханронии ҳуқуқшинос бо возеҳи фикр, ифодаи калимаҳо ва интонатсияҳо, возеҳи талаффуз фарқ мекунад.
Яке аз малакаҳои зарурии муоширати касбии ҳуқуқӣ маҳорати истифода бурдани имкониятҳои ифодаи нутқ мебошад: ифоданокии эмотсионалӣ. Калимаҳое, ки бе ифодаи ҳиссиёт ва ҳамдардӣ талаффуз мешаванд, бештар таъсир ва қувваи худро гум мекунанд. Интонатсияи нутқ бояд муносибати гуянда ба сухан, санъати солимро таҷассум намояд. Тибқи баъзе маълумотҳои тадқиқотӣ фаҳмиши нутқ 40% аз нишондиҳандаи ифодаи он вобаста аст; ифоданокии луғавӣ. Истифодаи калимаҳои дақиқ, равшан, ғайристандартӣ, образнок ва ибораҳои шифоҳӣ, синонимҳо, омонимҳо, истилоҳҳо; ифоданокии фонетикӣ. Талаффузи хуб, диксия, ритм, суръат, баландӣ. Суръати балагд бад аст, доду фарёд ва аз ин ҳам бештар чир-чиррос аз ин ҳам бадтар аст. Як ҳикмати қадимаи шарқӣ ҳаст: “Агар фарёд занӣ, ин маънои онро дорад, ки ту хато ва нотавон ҳастӣ”.
Баланд бардоштани дараҷаи маърифати ҳуқуқии ҳуқуқшинос вазифаи таъхирнопазир мебошад. Ин дар навбати худ зарурати омӯзиши асосҳои нави ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҳуқуқӣ ва дарки ҳадафу вазифаҳои муосири мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар назар дорад. Масалан ҳар як ҳуқушинос бояд донад, ки дар асоси Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 тасдиқ шудааст, айни ҳол дар кишвар 20 соҳаи ҳуқуқ ба таври расмӣ дарҷ шудааст. Аз ҷумла, ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи молия, ҳуқуқи андоз, ҳуқуқи гумрук, ҳуқуқии бонкӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҳуқуқи экологӣ, ҳуқуқи замин, ҳуқуқи кишоварзӣ, ҳуқуқи энергетикӣ, ҳуқуқи гражданӣ (маданӣ), ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи сайёҳӣ, ҳуқуқи меҳнатӣ, ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ, ҳуқуқи мурофиавии гражданӣ, ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ. Инчунин дар илми ҳуқуқшиносӣ дар низоми соҳаҳои ҳуқуқ даҳҳо соҳаҳои дигар пешниҳод гардидаанд. Ба монанди ҳуқуқи байналмилали хусусӣ, ҳуқуқи рақобат, ҳуқуқи интернетӣ, ҳуқуқи асъор, ҳуқуқи фарҳангӣ, ҳуқуқи ҳисоббаробаркунӣ, ҳуқуқи тиббӣ, ҳуқуқи варзишӣ, ҳуқуқи копоративӣ, ҳуқуқи иттилоотӣ ва ғайра. Ҳар як соҳаи ҳуқуқ дорои муносибатҳои муайяни ҳуқуқӣ мебошад, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии мушаххас танзим карда мешавад. Дар айни ҳол дар Тоҷикистон 1 - Конститутсия, 17 - қонунҳои конститутсионӣ, 21 - кодексҳо, 319 қонунҳои дигар ва зиёда аз 17 000 санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ амал мекунанд, ки барои танзими муносибатҳои соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ равона гардидаанд.
Масалан санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи ҳуқуқи меҳнатӣ инҳо мебошанд: Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2016, № 1329, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, № 757 "Дар бораи иттифоқҳои касаба", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003, № 44 "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ", фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024, №671 “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия”, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 2023, № 549 "Дар бораи муқаррар намудани квотаи алоҳидаи махсус барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон", қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2024, №5 “Дар бораи тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024, №671”, аз 31 августи соли 2023, № 419 "Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027", аз 27 октябри соли 2020, № 547 "Дар бораи Номгўйи кормандони рўзи кориашон ба меъёр гирифтанашудаи ташкилотҳои давлатӣ ва давомнокии рухсатии иловагии кормандони мазкур", аз 27 августи соли 2020, № 460 "Дар бораи шароит, тартиб ва андозаи пардохти иловапулӣ барои корҳои дорои хусусияти сайёр ва усули вахтавӣ", аз 7 сентябри соли 2019, № 457 "Дар бораи шакли намунавии шартнома (қарордоди) меҳнатӣ", аз 27 майи соли 2017, № 262 "Дар бораи Тартиби тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон", аз 4 июни соли 2014, № 391 "Дар бораи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ", аз 4 июни соли 2014, № 392 "Дар бораи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират", аз 4 июни соли 2014, № 392 "Дар бораи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Товикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират", аз 3 майи соли 2014, № 299 "Дар бораи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ", аз 9 июни соли 2001, № 242 "Дар бораи Консепсияи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа" ва ғайра.
Дар соҳаи ҳуқуқи сайёҳӣ беш аз 50 санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ мебошад. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2020 № 1718 "Дар бораи сайёҳӣ", фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2022, № 452 "Дар хусуси ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи қолабӣ оид ба одоби сайёҳӣ", амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2024, №: АП-507 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ барои рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо”, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2023, № 246 "Дар бораи Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ", аз 29 декабри соли 2022, № 631 "Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои солҳои 2023-2026", аз 22 сентябри соли 2022, № 456 "Дар бораи Тартиби истифодаи захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон", аз 31 августи соли 2022, № 441 "Дар бораи минтақаи сайёҳии "Роғун"", аз 31 августи соли 2022, № 438 "Дар хусуси Конвенсияи қолабӣ оид ба одоби сайёҳӣ", аз 21 майи соли 2022, № 239 "Дар бораи Тартиби сертификатсияи маҳсулоти сайёҳӣ, мол ва хизматрасонии фаъолияти субъектони сайёҳӣ", аз 26 феврали соли 2022, № 57 "Дар бораи Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии субъектҳои хизматрасонии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон", аз 27 августи соли 2021, № 327 "Дар бораи Тартиби пешбурди Кадастри давлатии захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон", аз 14 ноябри соли 2019 № 576 "Дар бораи таъсиси корхонаи воҳиди давлатии "Маркази иттилоотии хизматрасониҳои сайёҳӣ", аз 1 августи соли 2018 № 372, "Дар бораи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030", аз 17 апрели соли 2018, № 192 "Дар бораи аъзои ҳайати мушовараи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", аз 12 апрели соли 2018, № 189 "Дар бораи рўйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад", аз 27 майи соли 2017, № 258 "Дар бораи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ғайра.
Маҳорати баланди касбии ҳуқуқшинос масъулиятро барои натиҷаи ниҳоии қарорҳои қабулшуда ва мувофиқати онҳо ба талаботи қонун пешбинӣ мекунад. Яъне мафҳуми маърифати ҳуқуқии ҳуқуқшинос на танҳо худи ҳуқуқ, балки усулҳои таъмини он, механизмҳои татбиқи онҳоро дар бар мегирад, ки ҳуқуқшиносон ҳангоми амалисозии фаъолияти худ истифода мебаранд. Ҳадафҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд таъмини манфиатҳои ҷамъият ва шахс, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Шарти ҳалли он таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ дар шароити ҷаҳонишавии зуҳуроти ғайриқонунӣ ва пайдоиши намудҳои нави онҳо мебошад. Татбиқи ин ҳадафҳо танҳо дар шароити доштани маърифати баланди ҳуқуқии ҳуқуқшиносон имконпазир аст, ки пиёданамоии волои маъно ва арзишҳои ҳуқуқро дар амал ифода мекунад.
ДОНИЁР САНГИНЗОД,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори
кафедраи ҳуқуқи факултети таърих
ва ҳуқуқ Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
ба номи Садриддин Айнӣ.
ДОСТОН БАЧАЕВ,
корманди бахши ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии
омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj