• Tajik
  • Russian
  • English
Cоли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”
There are no translations available.

НАҚШИ ПАРКҲОИ ТЕХНОЛОГӢ ДАР РУШДИ ИННОВАТСИОНИИ КИШВАР
(бахшида ба соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”)

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди бахши инноватсионӣ диққати махсус медиҳад. Дар мачмуъ, рушди тадқиқоти илмӣ ба ҳалли вазифаҳои стратегӣ, фароҳам овардани заминаҳо ва шароит барои рушди босифати иқтисодиёти кишвар нигаронида шудааст. Дар соли 2021 дар бахши илмии кишвар 82 муассисаи илмию таҳқиқотии академӣ ва соҳавӣ фаъолият менамуд. Дар баробари ин, дар зиёда аз 40 муассисаи таҳсилоти олӣ ва филиалҳо таҳқиқоти илмӣ гузаронида мешаванд. Шумораи мутахассисоне, ки бевосита бо фаъолияти илмию тадқиқотӣ ва коркардҳо машғуланд, дар кишвар аз 443

нафари дар соли 2015 то 450 нафари дар соли 2021 нисбат ба 1 миллион нафар аҳолӣ афзоиш ёфта, афзоиши миёнаи солона 3,1 дарсадро ташкил дод. Рушди босуръати фаъолияти илмию тадқиқотӣ асоси тағйироти назарраси заминаи техникӣ ва сохтории иқтисоди миллӣ бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии он мебошад. Тибқи таҷрибаи ҷаҳонњ ақибмонӣ дар ҳудуди 12 моҳ дар коркардҳои технологии маҳсулот даромадро аз фурўш ё истифодаи онҳо дар тўли тамоми давраи ҳіаёти маҳсулот дар ҳудуди қариб 50 дарсад коҳиш медиҳад. Ин як ангезаи ҷиддӣњ барои рушди босуръати тадқиқотҳои илмӣњ дар соҳаҳои афзалиятноку ояндадор ва навсозии босуръати истеҳсолот мебошад. Азбаски Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 ислоҳоти миқёси дарозмуддатро муайян мекунад, хеле муҳим аст, ки натиҷаҳои фосилавии ислоҳот дар барномаи миёнамуҳлат инъикос ёбанд. Чунин раванд бояд дар робита бо нишондиҳандаҳои мақсадноки афзалиятҳои асосии рушд таъмин гардад. Аз ин рў, дурнамои рушди бахшҳои калидии илм, технология ва инноватсияҳои кишвар бояд ба талаботи муосири глобалӣ ва миллӣ ҷавобгў бошанд. Дар доираи инкишофи низоми инфрасохтор дар бахшҳои фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ таъсис ва рушди нуқтаҳои рушд барои тиҷоратикунонии коркардҳо дар ҳар минтақаи кишвар дар мисоли технопаркҳо зарур аст. Барои баланд бардоштани сатҳи фаъолияти инноватсионӣ дар ташаккули инфрасохтори инноватсионӣ вусат бахшидани фаъолияти паркҳои технологӣ вазифаи саривақтӣ мебошад.

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 2010, № 629 “Дар бораи Парки технологӣ” парки технологӣ - шахси ҳуқуқӣ ё консорсиум, ки ба маҷмӯи ягонаи моддию техникӣ ҳуқуқи соҳибмулкӣ дорад ва фаъолияти асосии он пешниҳод ва иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ буда, барои амалӣ намудани лоиҳаҳои инноватсионӣ ва инвеститсионӣ заруранд. Парки технологӣ шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ (ба истиснои парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ (IT Park)" буда, ҳамчун муассиса дар ҳудуди махсус таъсис дода мешавад, ки бо мақсади рушди илм ва истифодаи самараноки технологияи аълосифат барои қонеъ гардонидани талаботи истеҳсолот дар истифодаи технологияҳои навтарин ва татбиқи лоиҳаҳои иноватсионӣ ва инвеститсионӣ фаъолият менамояд. Дар ҳудуди Парк ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ, бюроҳои лоиҳакашию конструкторӣ, биноҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ, ҳамчунин биноҳои хизматрасонӣ фаъолият менамоянд, ки онҳо ба мақсади истифода аз технологияи аълосифат ва амалӣ гардонидани барнома ва лоиҳаҳои инноватсионӣ муттаҳид карда мешаванд. Парк метавонад аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ, як ё якчанд муассисаҳои таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ, ташкилотҳои саноатии давлатӣ ва ғайридавлатӣ таъсис дода шуда, барои амалӣ намудани мақсадҳои худ ҳамкориро байни онҳо ба роҳ монад. Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ҳамчун шахси ҳуқуқии тиҷоратӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, бо мақсади рушди технологияҳои иттилоотӣ, мусоидат ба ташаккули низоми иқтисоди рақамӣ ва ҷалби шарикони рушд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад. Субъекти Парк, ки дар парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ба қайд гирифта шудааст, фаъолияти худро тибқи тартиби муқарраргардида дар ҳудуди парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ба амал мебарорад. Парк дар доираи Оинномаи худ, ки дар он вазъи ҳуқуқии Парк муайян гардидааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Парк бо мақсадҳои зерин таъсис дода мешавад:

- рушди имкониятҳои илмию техникӣ ва технологию инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- татбиқи барнома ва лоиҳаҳои инноватсионӣ;

- ташкил ва татбиқи барномаҳои инноватсионии давлатӣ ва ғайридавлатӣ;

- мусоидат ба инкишофи технологияҳои муосири илмталаб;

- таҳкими заминаи моддию техникӣ ва молиявии муассисаҳои таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ, истеҳсолӣ ва дарёфти сармояи дохилию хориҷӣ барои рушди илм ва технология;

- муттаҳид сохтани нерӯи зеҳнӣ барои пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва ҷорӣ намудани технологияи аълосифати муосир дар истеҳсолот;

- ҷалби донишҷӯён, аспирантҳо, магистрҳо, ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳаққиқони илмию таҳқиқотӣ барои ҳамгироии илм ва истеҳсолот;

- рушди корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои хурду миёна;

- ташкили ҷойҳои нави корӣ;

- дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ;

- ҳамкории муассисаҳои илмӣ ва бизнеси инноватсионӣ.

Вазифаҳои асосии Парк аз инҳо иборат мебошад:

- ҷорӣ намудани натиҷаҳои ниҳоии таҳқиқоти илмӣ ба истеҳсолот;

- ҳавасмандгардонии қобилияти зеҳнӣ баҳри таҳия ва ҷорӣ намудани технологияи аълосифат дар истеҳсолот;

- омӯзиш ва истифодаи технологияи аълосифате, ки аз хориҷи кишвар ворид мешавад;

- такмили ихтисоси муҳаққиқон ва дигар кормандони илмиву таълимӣ, ки ба фаъолияти инноватсионӣ машғул мешаванд;

- рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи инноватсионӣ.

Парк дар самтҳои зерин фаъолият менамояд:

- ҷорӣ намудани технологияи аълосифат вобаста ба талаботи бозор;

- таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионие, ки барои ҳамгироии илмҳои амалӣ ва истеҳсолот мусоидат менамоянд;

- фароҳам овардани шароит барои таҳия намудани махзани маълумот ҷиҳати пешбурди фаъолияти инноватсионӣ ва хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- омӯзиши технологияҳои муосири илмталаби хориҷӣ ва истифодаи онҳо дар истеҳсолот;

- андешидани тадбирҳо ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи пешқадами лоиҳаҳои инноватсионии хориҷӣ ба хотири ҷалби технологияи нав ба истеҳсолот;

- фароҳам овардани шароит барои рушди инфрасохтори Парк ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии давлатӣ ва ғайридавлатӣ;

- бо сифати баланд анҷом додани таҷриба, ташхис ва дигар корҳои илмию технологӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ таъмини татбиқи онҳо;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, илмию таҳқиқотӣ, истеҳсолӣ ва афзун гардонидани буҷети онҳо;

- фароҳам овардани шароит барои рушди соҳибкории хурду миёна;

- истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир;

- тайёр намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи кишвар барои фаъолияти инноватсионӣ ва татбиқи барномаҳои инноватсионию технологӣ;

- таълими мақсадноки мутахассисон барои татбиқи барнома оид ба лоиҳаҳои инноватсионӣ.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Парк дар шаклҳои зерин таъсис дода мешавад:

- Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ;

- Парки инноватсионию технологӣ;

- Парки илмӣ (ё Парки таҳқиқотӣ);

- Технополис;

- Инкубатори технологӣ (Бизнес-инкубатор).

1. Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ яке аз намудҳои парк мебошад, ки дар ҳудуди он таҳияи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, истеҳсоли маҳсулоти барномавӣ ва намудҳои дигари фаъолият, ки дар самти технологияҳои иттилоотӣ ба истеҳсоли маҳсулот ва пешниҳоди хизматрасониҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манънабуда машғуланд, анҷом дода мешавад.

2. Парки инноватсионию технологӣ яке аз намудҳои Парк буда, барои дар истеҳсолот ҷорӣ намудани технологияи аълосифат ва рушди муассисаҳои истеҳсолии инноватсионии хурд ва миёна хидмат менамояд.

3. Парки илмӣ (ё Парки таҳқиқотӣ) яке аз намудҳои Парк мебошад, ки илмро бо истеҳсолот якҷоя намуда, метавонад бо як ё якчанд муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, илмию таҳқиқотӣ ё дар алоҳидагӣ барои рушди истеҳсолот фаъолият намояд. Дар муқоиса бо дигар намудҳои Парк, ба он бо мақсади гузаронидани таҳқиқотҳои зиёди илмталаб кадрҳои баландихтисос ҷалб карда мешаванд.

4. Технополис - ҳудуде мебошад, ки дар он муассисаҳои инноватсионии хурд ва миёнаи ташкилотҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои илмию истеҳсолӣ, таҳсилоти олии касбӣ, илмию таҳқиқотӣ ва ё дар алоҳидагӣ таъсис ёфта, фаъолият менамоянд.

5. Инкубатори технологӣ (бизнес-инкубатор) муассисаест, ки аз тарафи давлат барои рушди тиҷорати хурду миёна маблағгузорӣ гардида, барои ба истеҳсолот ҷалб намудани технологияҳои инноватсионӣ нигаронида шудааст.

Парки технологӣ дар умум ҳамгироиро бо муассисаҳои илмӣ, таълимӣ ва молиявӣ, инчунин ташкилотҳои фаъолияти истеҳсолию инноватсионӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҷиҳати фароҳам овардани муҳити технологӣ ва ташкилӣ дар соҳаи технологияҳои олӣ, татбиқи лоиҳаҳои венчурӣ, фароҳам овардан ва инкишоф додани ширкатҳои технологӣ ва пешбурди дастовардҳои илмии тадқиқотӣ дар истеҳсолот аст. Парки технологӣ аз институти тадқиқоти илмӣ бо он фарқ мекунад, ки дар он раванди тадқиқоти илмӣ ва конструкторӣ ба амал бароварда мешавад ва ҷорӣ намудани якқатор маҳсулоти баланди технологӣ, чун қоида берун аз доираи институт ба амал меояд. Барои ноил шудан ба мақсаду вазифаҳо парки технологӣ ҷараёни дониш ва технологияро дар донишгоҳҳо, лабораторияҳои илмӣ ва ширкатҳо ҳавасманд ва идора мекунад. Он ба пайдоиш ва рушди ширкатҳои нав тавассути раванди инкубатсия (равандҳои ҷудошавӣ), яъне ҷудошавии ширкатҳои нав аз корхонаҳои асосӣ, донишгоҳҳо ё марказҳои тадқиқотӣ мусоидат мекунад.

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012, № 822 “Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ” фаъолияти инноватсионӣ – фаъолияте, ки ба таҳия ва ҷорӣ намудани инноватсия (натиҷаи нав ё такмилдодашудаи таҳқиқоти илмӣ, корҳои таҷрибавию конструкторӣ ё дигар дастовардҳои илмию техникӣ) алоқаманд буда, барои расонидани он то бозор дар шакли нав ё такмилдодашудаи маҳсулот, хизматрасонӣ, усули истеҳсолот ё дигар натиҷаи самараноки ҷамъиятӣ равона карда шудааст. Маҳсулоти инноватсионӣ бошад натиҷаи фаъолияти инноватсионӣ, ки дар шакли нави маҳсулот, кор ва хизматрасониҳо, усули истеҳсолот ё натиҷаи дигари барои ҷамъият самаранокиаш баланд ё натиҷаи интиқоли маҳсулоту хизматрасониҳои мавҷуда, усулҳои истеҳсолот ва натиҷаҳои дигари фоиданоки ҷамъиятӣ ифода меёбад. Ташкилотҳои инфрасохтори инноватсионӣ – технопаркҳо, технополисҳо, инкубаторҳои технологӣ, бизнес-инкубаторҳо, фондҳои венчурӣ, фондҳои инноватсионӣ ва дигар ташкилотҳо, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун инфрасохтори инноватсионӣ эътироф гардидаанд. Дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ дар шаклҳои зерин амалӣ мегардад: маблағгузории корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ барои ба вуҷуд овардани маҳсулоти нав ё такмилдодашуда, технологияи нав ё такмилдодашуда, ки барои истифодабарии амалӣ таъин шудаанд; ба субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ барои ихтиёрдорӣ ё истифодабарӣ пешниҳод намудани молу мулки давлатӣ, натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ ва воситаҳои фардикунонидашудаи ба онҳо баробар; муқаррар намудани имтиёзҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; мусоидат ба рушди корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки ба фаъолияти инноватсионӣ машғуланд; дастгирии истеҳсолию технологии субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ; расонидани хизматҳои махсусгардонидашуда ва машваратӣ; маблағгузории корҳо оид ба тайёр намудан ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусии мутахассисон дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ; фароҳам овардани шароити зарурии ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ, ки сармоягузориро барои татбиқи сиёсати давлатии инноватсионӣ таъмин менамояд; ташаккули инфрасохтори инноватсионии илм, истеҳсолот ва хизматрасонӣ; иштирок дар ташкили истеҳсолоти рақобатпазир; таъмини бозори кафолатноки фурӯши маҳсулоти инноватсионӣ дар асоси фармоиши давлатӣ; пешбарии инноватсияҳои ватанӣ ба бозори хориҷӣ.

Парки илмии технологии Донишгоҳи Стэнфорд соли 1950 таъсис ёфтааст, ки аввалин парк дар ҷаҳон дониста мешавад. Аввалин паркҳои илмии технологӣ дар Аврупо дар солҳои 70-ум дар Донишгоҳҳои Хериота и Уатта, Кембриҷ, инчунин корхонаи «София-Антиполис» дар Фаронса пайдо шуданд. Дар минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором дар пешрафти илмию техникӣ паркҳои зерини Чин саҳмгузоранд: Парки пекин «Чжунгуаньцунь» (Zhongguancun Science Park; Z-Park), праки илмии Донишгоҳи Синхуа TusPark (Tsinghua Science Park), Тайван «Синьчжу» (Hsinchu Science Park), технополиси Кореяи Ҷанубӣ «Дэдок» (Daedok Innopolis), Гонконг “Hong Kong Science and Technology Park”. Дар Русия аввалин парки технологи соли 1990 дар Томск дар заминаи Донишгоҳи давлатии низоми идоракунӣ ва радиоэлектроникаи Томск таъсис дода шуда буд. Дар Русия паркҳои технологӣ на танҳо дар донишгоҳҳо, балки дар марказҳои бузурги илмӣ ва шаҳрҳои илмӣ низ кушода мешаванд. Лоиҳаи алоҳида дар сатҳи федералӣ парки технологии «Сколково» мебошад. Бузургтарин ассотсиатсияи паркҳои технологӣ Ассотсиатсияи байналмилалии паркҳои илмӣ (IASP) мебошад, ки соли 1984 таъсис ёфта, пешрафти илмию техникӣ ва минтақаҳои рушди инноватсиониро муттаҳид мекунад. То соли 2015 тақрибан 400 парки технологии 69 кишвар ба он аъзо буданд.

Дар Тоҷикистон Парки технологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ яке аз паркҳои технологии пешсаф мебошад. Масалан Паркии технологии донишгоҳ дар соли 2023 тибқи нақшаи фаъолият сехи истеҳсоли мебелу кафшергариро хуб ба роҳ монда, аз ҳисоби донишҷӯён ва мутахассисон 8 нафарро ба кор ҷалб намуд. Дар як сол барои синфхонаҳои донишгоҳ, литсей ва утоқҳои кории он дар маҷмуъ 1500 миз, 3000 курсӣ ва 100 минбар сохта, ба истифода додааст. Сехи қаннодӣ низ ташкил гардид, ки дар он донишҷӯ-духтарони хоҳишманд фаъолият карда, маҳсулоти омоданамудаи онҳо дар мағозаи қаннодии худи парк ба фурӯш гузошта мешавад. Давоми сол 12 донишҷӯ-духтари аз ноҳияҳои дурдаст, ки дар хобгоҳ иқомат менамуданд, курси қаннодиро пурра гузаштанд. Парки технологӣ дар якҷоягӣ бо ҷалби мутахассисон бо таҷҳизоти наву замонавӣ - чопи банеру рекламаҳоро ба роҳ монда, имконияти ба муштариёни беруна хизмат расонданро низ дорад. Парки технологӣ барои бинои нави Боғи агробиолабаратории донишгоҳ кулли курси миз ва ҷиҳозро истеҳсол ва таъмин намуд. Инчунин барои бинои нави таълимии 5 ошёнаи донишгоҳ таҷҳизоти заруриро омода намуда истодааст. Ҳамчунин дар назди Парки технологӣ гармхонаи парвариши гулҳои мавсимӣ ташкил гардида, дар зебову дилкаш гардидани саҳн ва атрофи донишгоҳ нақши муҳим мебозад. Дар соли 2024 дар асоси дастуру супоришҳои Ректори донишгоҳ профессор Ибодуллозода А.И. дар назди парки технологӣ маркази таъмири технологияи техникӣ, сехи истеҳсоли собун ва маҳсулот барои тоза кардан ва дезинфексия кушода мешавад.

Ҳамин тариқ, ба андеаши мо агар чунин нишондиҳандаҳо ҳамчун унсури асосии фаъолияти парки технологӣ бошанд, он мунтазам фаъолият намуда, рушд мекунад: баланд бардоштани суръати рушди инноватсионии парк; баланд бардоштани самаранокии захираҳои сармоягузорӣ; афзоиши муомилоти моли истеҳсолӣ; ҷалб намудани олимони ихтирокор ба фаъолияти парк; кам кардани хатарҳои фаъолияти инноватсионии парки технологӣ.

ДОНИЁР САНГИНЗОД,
муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории
Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба корҳои илмӣ,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.
ЛОИҚҶОН САЙДАЛИЗОД,
директори Парки технологии Донишгоҳи
давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи
Садриддин Айнӣ.
 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj