• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо
ВОХӮРӢ БО КОТИБИ ГЕНЕРАЛИИ СОЗМОНИ ШАБАКАИ ДОНИШГОҲҲОИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ
Возможно, это изображение 3 человека, отдел новостей и текстИмрӯз 15.02.2024 Қурбонзода Рухшона, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо Сунгдон Хван котиби генералии созмони Шабакаи донишгоҳҳои Роҳи бузурги абрешим (марказаш дар Корея) вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ, Сунгдон Хван маълумоти мухтасар оид ба фаъолият ва дастовардҳои созмони мазкур маълумот пешкаш намуда муҳимият ва афзалияти созмони мазкурро бо факту рақамҳо ба намоиш гузошт.
Дар идомаи суҳбат, Қурбонзода Рухшона оид ба таърих ва самтҳои асосии фаъолияти Донишгоҳ маълумотнома пешкаш намуда ба меҳмонон оид ба дастовардҳои муҳиме, ки дар донишгоҳ дар самти илм, таълим ва тарбия ба даст омадааст.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба фаъолияти самараноки тарафайн ибрози андеша намуда омодагиҳои хешро оид ба ҳамкории мутақобилан судманд баён намуданд.
Ба ҷониби меҳмонон гуфта шуд, ки пас аз мувофиқа бо роҳбарияти донишгоҳ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ метавонад аъзои ин созмон гардад.
Созмони мазкур ҳадаф дорад, ки дидгоҳи худро оид ба хидматрасонӣ ба ҷаҳон тавассути амалӣ кардани лоиҳаҳои гуногун, ки арзиши таърихии Роҳи абрешими бостониро, ки дар тӯли садсолаҳо ҳамчун зодгоҳи чаҳор тамаддуни бузург мояи ифтихори бузург буд, барқарор созад. Бар асоси ин тафаккур, боварӣ дорад, ки муттаҳидшавии донишгоҳҳо метавонад ба амалӣ шудани ин дидгоҳ тавассути густариши табодули афкор мусоидат кунад.
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj