• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо
КУМАК БА МАЪЮБОН – РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДОН
Возможно, это изображение 9 человек
17 феврали соли 2024 бо ибтикори кафедраи педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогири факултети психология конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ- методӣ дар мавзуи “Омода намудани кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд ба муассисаҳои таълимӣ” баргузор гардид, ки дар кори он муовини ректор оид ба илм, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинзод Дониёр, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва меҳмонон ширкат варзиданд.
Профессор Дониёр Сангинзод сараввал сухани ифтитоҳии Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддии Айнй, доктори илмҳои таърих, профессор Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодуллоро ба самъи ҳозирин расонд. Дар он омадааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи созандагиҳо ва бунёдкориҳои беназир дар ҳоли рушд қарор дорад. Беш аз 30 сол аст, ки миллати тоҷик тақдири худро ба дасти худ навишта, сиёсати дохилию хориҷиашро бо дигар кишварҳои олам дар доираи сиёсати дарҳои кушод ва робитаҳои дӯстонаи мутақобилан судманд ба роҳ мондааст ва дар ин баробар ба муваффақиятҳои назаррас низ ноил гардидааст.
Маҳз бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо шахсони имконияти маҳдуддоштаи кишвар зери ғамхории бевоситаи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Чунончи, Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» қайд намуданд, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, нафарони имконияти маҳдуддошта, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадорон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини давлат мебошанд.
Аз нигоҳи тиббӣ ин гурӯҳи одамон аз давраи тифлӣ то бузургсолӣ бояд ба табобату дармонбахшии тиббӣ ва нигоҳубину ғамхории махсуси наздикону давлат бояд таъмин карда шаванд. Аз нигоҳи иҷтимоӣ бошад, онҳо шахсони дорои имконияту талаботҳои махсус мебошанд, ки мисли ҳамсолони солим ҳуқуқ ва имтиёзҳои хешро доранд.
Дар ҳамоиш ҳамчунин зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахҳон пайваста таъкид медоранд, ки яке аз беҳтарин хислатҳои мардуми Шарқ, хосса тоҷикон, меҳрубониву дилсўзӣ ва ғамхорӣ нисбат ба дармондагону маъюбон аст, ки аз фарҳанги азалию инсонпарваронаи миллати нармдилу хайрхоҳ ва савобандеши мо маншаъ мегирад. Бузургони мо дастгирию кӯмак ба қишри осебпазири ҷомеаро барои ҳар як инсони соҳибдил фарз медонистанд.
Дар конфронс таъкид шуд, ки қарзи инсонии ҳар яки мост, ки ба шахсони табиатан нуқсони ҷисмониву руҳидошта дилбардорию ёрмандӣ кунем, зеро ҳар вуҷуди зиндае доиман тандуруст намемонад, ки худ имрӯз ниёзманд ба дастгириҳои моянд:
Касеро, ки дастат расад, даст гир,
Ки фардо ҳамон бошадат дастгир!
Маърузакунандагон зикр карданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» (17.02.2020), ки бар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон (13.12.2006) ва дигар асноди меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ таҳия гардидааст, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии таъмини ҳифзи иҷтимоии маъюбонро муайян мекунад, барои онҳо баҳри фаъолияту ҳамбастагӣ дар ҷомеа имкониятҳои баробар фароҳам меорад.
Лозим ба ёдоваврист, ки давлати мардумпарвари мо барои соҳибмаълумот гардонидани ин табақаи ба кумакҳо ниёзманд талошҳои ҷиддӣ ба харҷ медиҳад. Ба онҳо дар муассисаҳои томактабӣ, умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаю олии касбӣ ва баъди хатми донишгоҳҳо шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маъюбон-довталабони таҳсилоти олии донишгоҳӣ 150 холи имтиёзиро муқаррар кардааст. Кӯдаконе, ки бинобар вазъи саломатиашон дар мактабҳо хонда наметавонанд, ба мактабҳои махсуси таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки Раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ низ дар масъалаи кӯмак ба ятимону шахсони бепарастор ва имконияти маҳдуддошта таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Аз ҷумла, бо дастгирии ректори донишгоҳ ҳар сол ба ин қишри осебпазири ҷомеа кӯмаки якдафъаинаи молию пулӣ расонида мешавад.
Ширкаткунандагон дастгирии ин қишри эҳтиёҷманди ҷомеаро рисолати ҷавонмардӣ маънидод намуда, роҳу усулҳои муосири кумак ба онҳоро пешниҳод намуданд.

 

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj