• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

 

МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ - ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ БОСУБОТИ ҶОМЕА
Нет описания фото.18-уми майи соли ҷорӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия бо ташаббуси бахши таъминоти ҳуқуқӣ дар ҳамкорӣ бо садорати факултети забон ва адабиёти рус вохӯрии судманд бо ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни ин факултет баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур Шуҳрат Камолзода, мудири бахши таъминоти ҳуқуқӣ зимни суханронии хеш изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ҳанӯз дар соли 2016 изҳор дошта буданд, ки “Мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ нест, балки вазифаи ҷонии тамоми кишрҳои ҷомеа маҳсуб меёбад”.
Инчунин, дар идомаи чорабинӣ, вобаста ба масъалаҳои нагаравидани ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, бедор намудани ҳисси масъулияти ватандӯстӣ дар миёни онҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ба самъи иштирокдорони вохӯрии мазкур расонида шуд.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj