• Tajik
  • Russian
  • English
Маколаҳо
There are no translations available.

 

МАРҲИЛАҲОИ ТАШАККУЛИ АРТИШИ МИЛЛӢ
Дар ҳар як давру замон артиш асоси пойдевори сиёсати давлат ва рушду бақои ояндаи он мебошад. Таъсисёбии артиши ҳар як давлат ин бо тақозои таъғийрёбии авзои сиёсии вақт иртибот мегирад. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки дар ҳама давру замонҳо яке аз омилҳои суқути давлат ин ба инқироз дучор шудани артиш ва умуман низоми ҳарбӣ мебошад.
Таърихан тоҷикон яке аз халқҳое ба шумор мераванд, ки дар мактаби ватандорию давлатсозӣ дорои таҷрибаи хело ғанӣ мебошанд. Дар тамоми марҳилаҳои таърихӣ, халқи тоҷик ба артиш чун бақои давлат ва нишонаи бедории халқ муносибат менамуданд. Аз ин рӯ, ба артиш бештар талош мешуд, танҳо родмардоне фаро гирифта мешаванд, ки дар тинату сиришти хеш ҳисси мардонагию далерӣ ва меҳанпарастиро доро ҳастанд. Гузаштагони халқи тоҷик, ки аз замонҳои куҳан то ба имрӯз аз чунин хислатҳои созанда орӣ набуданд, тавонистанд ба таърих фарзандонеро ҳадя намоянд, ки танҳо баҳри ҳифзи ватан ва ҷону номуси худу пайвандонашон мубориза баранд. Дар ин радиф метавон бо камоли ифтихор аз номи чанде аз онҳо, ба монандӣ: Куруши Кабир, Дориюши Кабир, Спитамен, Деваштич, Абӯмуслим, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Маҳмуди Торобӣ, Восеъ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Ҷӯра Зокиров, Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Саидқул Турдиев ва садҳо нафарони дигарро зикр кард.
Дар асри ХХ, дар фазои давлати Шуравӣ ба таври расмӣ артиш дар ҳудудҳои Тоҷикистон баробари музаффариятҳои инқилоб таъсис ёфт. Аслан, аз декабри соли 1917 Ҳукумати Шуравӣ ба таъсиси Артиши Сурхи коргару деҳқон сар кард ва то баҳори соли 1918 Артиши Сурхи коргару деҳқон бо тамоми сохтораш ташкил ёфт. Рузи таъсисёбии Артиши Сурхи Шуравӣ рӯзи дар наздикии Ревелу Псков манъ кардани қушунҳои ба Петербург ҳаракаткунандаи Антанта – 23 феврали соли 1918 эълон карда шуд .
Моҳи декабри соли 1917 дар асоси қарори Шурои Комиссарони Халқии кишвари Туркистон аз 28-уми ноябри ҳамон сол нахустин маротиба дар уезди Хуҷанд отрядҳои Гвардияи Сурх ташкил карда шуд. Аммо, отрядҳои зикршуда ҳанӯз имкони муқобилият ва ҳифзи низоми навро пурра надоштанд. Аз ин рў, зарурати ташкили қӯшуни доимӣ пеш омада буд. 27-уми марти соли 1918 Шурои Комиссариати Халқии Туркистон дар бораи таъсиси Артиши Сурхи доимии коргару деҳқон қарор қабул намуд. Дар асоси ҳамин қарор 18 апрели соли 1918 дар уезди Хуҷанд ислоҳоти ҳарбӣ гузаронида шуд. Аввал дар назди шуроҳои шаҳрӣ секцияҳои ҳарбӣ бо сардории Комиссариати ҳарбӣ таъсис ёфт. Сентябри ҳамон сол Комиссариати ҳарбии ноҳияҳои Шаҳристон ва Ѓончӣ таъсис ёфтанд. Баробари таъсиси Комиссариатҳои ҳарбии уездӣ, идораи уезди маҷбуриятҳои ҳарбии Хуҷанд пароканда шуданд. Қисмҳои ҳарбии Хуҷанд ба ҳайати Артиши Сурхи Шуравӣ дохил гардид. Қайд намудан ба маврид аст, ки иттиҳоди аввалини ҷумҳуриҳои шуравӣ иттиҳоди ҳарбӣ буд.
Марҳилаи асосии ташаккули Артиши миллӣ ин бешак, замони соҳибистиқлолӣ мебошад. Аз сабабе, ки Тоҷикистон истиқлолияти комили сиёсӣ надошт, то замони соҳибистиқлоли соҳиби Артиши миллӣ низ набуд. Тавре ки маълум аст, пас аз ба даст овардани истиқлолият дар Тоҷикистон ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ авҷ гирифт. Мамлакат ба бӯҳрони сахти сиёсию иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардид. Доираҳои манфиатхоҳи сиёсӣ, бештар аз хориҷи мамлакат истода, мекӯшиданд бо истифода аз ҳолати пешомада хостаҳои хешро, ки умуман ба нафъи миллати тоҷик набуд, пиёда намоянд. Дар чунин шароити ҳасос ва мураккаб барои Тоҷикистон низоми идории ҳарбии воқеан миллӣ, аз ҷумла артиши миллӣ хело зарур буд. Идораҳои ҳарбӣ, умуман аксари мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ба ислоҳоти сахти соҳавӣ ниёз доштанд. Дар ин миён, зарурат пеш омад, ки ташкили артишро аз сифр оғоз намоем. Зеро, Тоҷикистони нав ба истиқлол расида ҳанӯз соҳиби артиши миллии худ набуд. Баъди интихоби фарзанди барӯманди миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари давлат дар ҳама ҷодаҳо кор ранги нав касб намуд. Ислоҳоти ҳарбӣ дар ин миён нақши асосӣ дошт. Зери сиёсати роҳбари давлат таъсиси артиш, ҳамчун як рукни асосии давлатдорӣ дар як фазои хело ғуборолуди сиёсӣ, феврали соли 1993 ба вуҷуд омад.
Ҳанӯз, тирамоҳи соли 1991 ИҶШС, ки дар ҳолати фурӯпошӣ қарор дошт аз марказ ба давлатҳои иттифоқӣ дастур дода шуд, ки аз Шуравӣ мероси худро бигиранд. Алалхусус, нерӯҳои ҳарбиеро, ки дар қаламравашон фаъолият доштанд, метавонистанд бо тамоми силоҳу муҳимоташон миллӣ эълон намуда, моликияти худ гардонанд.
Аммо ҳукумати вақти Тоҷикистон қӯшуни 201-умро, ки дар хоки Тоҷикистон мустақар буд, бо сабабҳои гуногун миллӣ эълон накард. Моҳи январи соли 1992 дар мамлакат Горди президентӣ ташкил карда шуд. Аз ҳамон лаҳза, аниқтараш санаи 4-уми январи соли 1992 бо фармони вақтии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Набиев Кумитаи мудофиа таъсис ёфт. Аз 30-юми сентябри ҳамон сол кумитаи мазкур ба вазорат табдили ном намуд. Аммо, ҳанӯз сохтори вазорат такмил наёфта буду ба шароти пешомада мутобиқ набуд.
Расман эълон гардид, ки ҳайати Горди президентиро 400 нафар аскарону афсарони шуҷоъи ватан ташкил мекунанд. Онҳо, ҳатто барои садоқат ба ватану Президент савганд ҳам ёд намуданд. Лекин замоне, ки пойтахти мамлакатро баҳору тобистони соли 1992 нооромиҳо фаро гирифт, роҳбари горд генерал Баҳром Раҳмонов ба савганди ёд намудааш хиёнат карда, худро дар сангари муқобил ҷой кард. Бо ҳамин вазъи сиёсии мамлакат торафт буҳронӣ мегардид. Возеҳан хатари нестшавӣ ба истиқлоли Тоҷикистон таҳдид менамуд. Аммо, Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар самти пешгирии ин фалокат нақши калидӣ гузошт.
Воқеан, Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, ки дар ҳамин айёми хатарзо баргузор гардид, бо қабули қарорҳои таърихӣ дар раванди бунёду таҳкими давлатдории тоҷикон гардиши куллиеро ба вуҷуд овард. Дар чунин айёми ҳасосу мушкил Раиси тозаинтихоби Шурои Олии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб дарк намуд, ки давлати бе артиш бақо надорад. Аз ин лиҳоз пас аз анҷоми Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон Раиси Шурои Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала бо дарки хатарҳои ҷаҳони муосир, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба муносибати 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ қайд намуданд: «Ҳифзи марзу буми кишвар аз таҳдиду хатарҳои замони муосир, таъмин намудани амнияти давлату миллат ва суботу оромии ҷомеа бидуни Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно ғайри имкон мебошад. Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ин масъаларо аз рӯзҳои аввали истиқлолият дарк мекард». Аммо тавре ки ишора намудем, ин кор баъди Иҷлосия ба Ҳукумати Тоҷикистон имкон дод, то ин муддат ягон сохтори таҳкимбахш ва бонизоме вуҷуд надошт. Сохтори вазорати навтаъсиси мудофиа хело фалаҷ буд. Ҳодисаҳои нангбори тобистону тирамоҳи соли 1992 ба раванди такмили вазорат ва сохторҳои он халал ворид менамуд. Тавре Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд: «Вале маҳз дар ҳамон айём, яъне дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони азизи мо бар асари фитнаву дасисаҳои душманони миллати тоҷик ба гирдоби мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки дар натиҷа баррасии чунин масъалаи муҳимтарини давлатдорӣ, яъне таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таъхир афтод».
Аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18-уми декабри соли 1992 фармон “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расид. Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 23-юми феврали соли 1993 дар заминаи “Фронти халқӣ” ва қувваҳое, ки ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис ёфт. Бо даъвати роҳбари кишвар аз Ӯзбекистон генерал-майор Александр Шишлянников ба Тоҷикистон даъват шуда, аввалин вазири мудофиаи мамлакат таъйин шуд. Аввалин паради ҳарбии мамлакат дар шароити хело бад ва тоқатфарсо рӯзи 23-юми феврали соли 1993 дар майдони Дўстии пойтахт баргузор гардид ва дар ҳамон майдон, рӯзи 23-юми феврал – рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Ҳамин тавр, ташаккулёбии Артиши миллии Тоҷикистон дар як давраи хело буҳронӣ ба вуҷуд омада буд. Барои таъсиси Артиши миллӣ ягон заминаи моддию техникӣ вуҷуд надошт. Бо ин метавон гуфт, ки Артиши миллии мо дар ҷойи холӣ таъсис ёфта, корро дар ин самт Роҳбари давлат аз сифр оғоз намуданд.
Таъсис ва ташаккули Артиши миллии Тоҷикистонро метавон ба се марҳила ҷудо намуд: Дар марҳилаи аввал ҳадафи асосии таъсиси артиш ташаккули неруи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи музаффариятҳои истиқлолият қодир бошад, озодии шаҳрвандон ва мухторияту амнияти кишварро таъмин намояд. Вобаста ба таъйиноти мазкур гурӯҳҳои муташаккилу зудамал ташкил карда шуданд, ки вазифаи асосиашон муқовимат бо қувваҳои зиддиҳукуматӣ ва ҳифзи сохти конститутсионӣ буд. Соли 1994 ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа қариб тамоми ҳудуди ҷумҳуриро таҳти назорат гирифтанд. Соли 1995 дар заминаи як бригадаи таъйиноти махсус Гвардияи миллӣ ташкил карда шуд. Дар давраи мазкур таҳкурсии қонунию ҳуқуқии мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуда, қонунҳо «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ўҳдадориҳои умумии ҳарбӣ» ва дигар қонуну санадҳои муҳимми ташкилӣ қабул карда шудаанд
Солҳои 1994 – 1996 марҳилаи дуюми ташаккули сифатан нави артиш оғоз ёфт. Ба тайёр намудани афсарони касбӣ дар Коллеҷи ҳарбии Тоҷикистон (ҳоло Донишкадаи ҳарбӣ) ва муассисаҳои таълимии Россия ибтидо гузошта шуд, низомномаву оинномаҳо ва дигар асноди меъёрию ҳуқуқӣ таҳия гардиданд. Дар ин давра, дар Артиши миллӣ Қушунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ, Қушунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ ташкил карда шуданд. Ба таъсиси Қушуни таъийноти махсус аҳамияти махсус дода шуд.
Баъди имзои созишномаи сулҳ байни ҳукумати конститутсионӣ ва роҳбарияти мухолифин марҳилаи охирини ташаккули Артиши миллӣ оғоз гардид. Дар ин марҳила бо ёрии бевоситаи дастгоҳи машваратчиёни Россия дар Артиши миллӣ намудҳои нави қушун таъсис дода, усулҳои самарабахши идоракунӣ, омодагии ҷангӣ ва амалиёти қушунҳо ба роҳ монда шуданд. Ҳоло Артиши миллӣ аз се намуди қушун: Қушунҳои хушкигард, қувваҳои ҳарбӣ – ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қушунҳои зудамал иборат аст.
Бо назардошти дастовардҳои ҳарбӣ ва ҷангӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 1995 бригадаи махсус ба Гвардияи Президентӣ табдил дода шуд.
Бояд қайд намуд, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллӣ» аз 26 январи соли 2004 қабули Низомнома дар бораи Гвардияи миллии ҳамчун сохтори мустақил бевосита ба Президент ва ҳамчун рамзи истиқлолияти Тоҷикистон зертобеъ тасдиқ гардид. Ҳамин тавр, як давраи нави гузариш дар ташаккули касбии Гвардияи миллӣ оғоз ёфт.
Ҳамин тариқ, Барномаи бунёди марҳила ба марҳилаи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар таҳия ва амалӣ гардид, ки ин ду давра – солҳои 1995-1997 ва 1998-2000- умро дар бар гирифта, дар таъсиси Артиши миллӣ пояи асосноки илмӣ гузошт.
Дар ин давра сохторҳои марказии Вазорати мудофиа, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ, Донишгоҳи ҳарбӣ, Коллеҷи олии ҳарбӣ, шифохонаи марказии ҳарбӣ ва як қатор дигар қисмҳо, ҷузъу томҳо, корхонаю муассисаҳои ҳарбӣ таъсис ёфтанд.
Нахустин мактаби касбии ҳарбӣ дар Тоҷикистон тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 1992 №-198 ва Қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1992 № 404 бо супориши Кумитаи дифоъ дар пойгоҳи техникуми геологӣ Коллеҷи олии ҳарбии фармондеҳию муҳандисӣ ташкил карда шуд.
Илова бар ин, ҳамасола афсарон ва донишҷўёни низомии тоҷик ба муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Британияи Кабир, Канада, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Фаронса ва Амрико баҳри таҳсил, бозомўзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ фиристода мешаванд.
Ҳанўз 29 декабри соли 1989 бо фармони Шурои Вазирони ҶШС Тоҷикистон мактаб-интернати махсуси ҷумҳуриявии №1 ба номи генерал-майор М.Д. Тошмуҳамадов гузошта шуда буд.
Моҳи сентябри соли 1995 Коллеҷи олии ҳарбии фармондеҳӣ – муҳандисиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон дидан намуд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №195 аз 30- уми апрели соли 2002 Коллеҷи олии ҳарбии фармондеҳи–муҳандисӣӣ ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа табдил дода шуда, бо фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон №130 аз 14 июни соли 2002 Низомномаи Донишкадаи ҳарбӣ тасдиқ карда шуд
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2004 Гвардияи Президентӣ ба Гвардияи Миллӣ табдили ном кард.
Муддати 31 соли мавҷудияти Артиши миллӣ роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароити моддию техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ғамхории пайваста зоҳир менамояд. Давоми солҳои мавҷудияти худ Атиши миллӣ аз ҳисоби афсарону сарбозон ҳазорҳо нафар мутахассисони соҳаҳои гуногуни яроқу аслиҳа, аз қабили нишонгир – снайпер, парашутист, минаҷӯ, тирандоз, ронандаи техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, ҳавонавардони ҳарбӣ ва дигар ихтисосҳое, ки барои Артиши миллии Тоҷикистон заруранд, омода гашта, дар комиссариатҳои ҳарбӣ ба ҳайси нерӯҳои эҳтиётӣ сабт гаштаанд. Имрӯз сафи Артиши миллӣ асосан аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои хориҷи дуру наздик бо афсарони касбӣ пурра гардонида мешаванд.
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои самарабахшро бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ, Барномаи рушди СММ оид ба “Дастгирии кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тадбиқи проблемаҳои минаҳо” ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, густариш додааст.
Айни замон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 50 кишвари олам ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ дорад.
Санаи 20-уми феврали соли 2015 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ки он тартиб, моҳият ва мавқеи системаи корҳои сиёсию тарбиявиро вобаста ба амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳарбӣ, таъмин намудани ҳолати ахлоқию рӯҳии ҳайати шахсӣ, қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва ғайраро дар ҷомеа баланд мекунад.
Дастгириҳои пайвастаи сарвари кишвар махсусан дар самти ҳифзи иҷтимоии ҳайати Артиши миллӣ ҳамасола эҳсос мешавад.
Ҳамин тариқ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳақиқат Артиши миллии Тоҷикистон тавонист, ки аз вазифаҳои дар пеши худ истода бо сарбаландӣ барояд. Дар шароити нави хатарҳои ҷаҳони муосир, бо назардошти таҷрибаи ҷангии набардҳои ҳарбии солҳои охир, метавон боэътимод қайд намуд, ки Артиши миллии Тоҷикистон сипари боэътимоди давлат ва миллат мебошад.
Ҳусайнов Аҳмадҷон Қурбонович – доктори илмҳои таърих, профессор, мудири кафедраи таърихи умумӣ ва муносибатҳои баналхалқии факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj