• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо
ДДОТ: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ЛИТСЕЙ
Возможно, это изображение 4 человека и текст21-уми феврали соли 2024 аз ҷониби маъмурият ва хонандагони Литсейи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар толори васеи бинои асосӣ чорабинии тарбиявию фарҳангӣ бахшида ба 31 солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур муовини аввали ректор оид ба корҳои таълимӣ Айнуллозода Наҳтулло, мудири шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ Камолзода Шӯҳрат, директори Литсей Қосимов Қурбон, омӯзгорон ва хонандагони
Литсей иштирок карданд.
Чорабиниро муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Айнуллозода Наҳтулло ифтитоҳ намуда, зимни суханронии хеш ба ин муносибат омӯзгорон ва хонандагонро ба рӯзи таърихӣ, аз ҷумла 31 солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Сипас, аз ҷониби хонандагони Литсей саҳначаҳои тарбиявӣ, қироати шеърҳо ва сурудҳо дар васфи афсарону сарбозон пешкаш гардида, руҳияи иштирокдорону хонандагонро болида гардониданд.
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj