• Tajik
  • Russian
  • English
Маколаҳо
There are no translations available.

 

ПАЁМ РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
ВА ИНЪИКОСГАРИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН
Мусаллам аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷи ҷумҳурӣ” дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳраванд, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат ва, умуман, дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши бузург дорад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат, ҷиҳати тақвият бахшидан ба ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар тадбирҳои судманд андешида, оид ба пешбурд ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногуни малакат як қатор вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Чунончӣ аз Паёми имсола бармеояд, дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоизӣ дар соли 2023 коҳиш дода шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ ҳамасола зиёд гардида, дар ҳамин сол ҳаҷми он нисбат ба солҳои пешин 3,3 баробар рӯ ба афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид. Музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардид. Нуктаи муҳим ин аст, ки дар ҳамаи бахшҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3% зиёд гардид ва беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Ҳамзамон қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5% таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати татбиқи уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд.
Қобили зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун пойдевори рушди тамоми соҳаҳои мухталифи ҷомеа, баланд бардоштани мақом ва манзалати омўзгор, фароҳам сохтани шароити муътадили кору зиндагӣ диқққати махсус зоҳир намуда, ба ин соҳа таваҷҷуҳи хоса дорад, чунки бе гумони шубҳа пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа аз сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф вобастагии зич дорад.
Маврид ба зикр аст, ки тайи солҳои охир таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаи рушди соҳаи маориф нигаронида шуда, маҳз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф, бахусус бунёди мактабҳо, таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ ва дар масъалаи то ду маротиб зиёд намудани маоши омўзгорон ва кормандони соҳаи маориф маблағҳои зиёд ҷудо мегарданд. Дар ин давра 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Дар 30 соли истиқлолоияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ 173 муассисаи таълимии типи нав-литсей, гиназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шудаанд. Ин раванд минбаъд густариш ёфта, барои бунёди муассисаҳои таълими нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маориф чораҳои таъхирнопазир андешида мешавад.
Чунон ки аз нуктаҳои Паём бармеояд: “Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”. Вобаста ба ин, зарурат пеш омадааст, ки ин соҳаи афзалиятноки кишвар пурра дастгирӣ карда шуда, маблағгузорӣ ҷиҳати пешбурди таҳқиқоти илмӣ боло бурда шавад. Ҳамзамон марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо таъсис дода шуда, ҳамкории мутақобилаи муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда ба роҳ монда шавад. Ногуфта намонд, ки агар соли 2017 дар низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафар ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст ва мувофиқи дурнамо ин теъдод то соли 2025 ба 2,7 миллон нафар мерасад.
Яке аз вазифаҳои муҳимтарин кормандони соҳаи маориф ин мусоидат барои дастрасӣ ба таҳсилот, таълиму тарбияи самарабахш, таълифи китобҳои дарсии насли нав, баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳлил ва арзёбии раванди таълиму тарбия ва беҳтар кардани инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ маҳсуб меёбад. Чунон ки Пешвои миллат таъкид менамояд: “Дар ин раванд, бояд ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа , ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад”.
Пўшида нест, ки ҳамасола як ё ду маротиба маоши кормандони буҷетӣ, махсусан омўзгорон зиёд карда мешавад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар наздик ба 25 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баланд бардоштани музди меҳнат, андозаи нафақа ва стипендияҳо қабул гардид, ки аксарияти ин санадҳои ҳуқуқи меъёрӣ дар асоси дастуру супоришҳои паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидаанд. Чунончи, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2023 низ масъалаи баланд бардоштани музди меҳнат, андозаи нафақа ва стипендияҳоро ба миён гузошта, ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми ҷумҳурӣ, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин стипендияҳо ба андозаи 40 фоиз зиёд карда шуд.
Ҳамаи ин ғамхориҳо дар назди мо устодону донишҷўёни мактабҳои таҳсилоти олӣ вазифагузорӣ менамояд, ки таваҷҷуҳи асосии хешро ба беҳбудии ҳолати таълиму тарбия, махсусан баланд бардоштани сифати таҳсилот дар тамоми зинаҳои маълумот равона созем.
Тамоми ғамхориҳои Президенти мамлакат, аз ҷума тақвият бахшидан ба сатҳи зиндагии иҷтимоии аҳли маориф ин амалӣ гаштани ислоҳоти соҳаи илму маориф ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар ҳама зинаҳои таҳсилот мебошад.
Таъкиди Сардори давлат зимни ирсоли Паём оид ба вуҷуди ин дастовардҳо дар соҳаи илму маориф як қатор мушкилоти ҳалнашуда боқӣ мондааст, ин ҳам бошад боз тақвияти бештаре бахшидан ба ҳолати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи кишвар ва аз ҳама муҳим тарбия намудани донишмандони ихтироъкор мебошад. Вобаста ба ин “хотирнишон менамоям, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд”.
Таҳлилҳо ва раванди имтиҳоноти қабулшавӣ ба донишгоҳҳои кишвар нишон медиҳад, ки ҳанўз чӣ дохилшаванда ва чӣ дар ҷорӣ намудани тахассусҳо дар донишгоҳҳо мо талаботи бозори меҳнатро ба назар намегирем. Эроди сарвари давлат дар ин масъала хеле саривақтӣ ва қобили қабул аст. Зеро вобаста ба талаботи бозори меҳнати ватанӣ ва хориҷӣ омода намудани мутахассисони коргарӣ барои Тоҷикистон як амри зарурӣ мебошад. Ин мушкилотро танҳо масъалаи васеъ намудани шабакаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии кишвар ҳаллу фасл менамояд.
Вобаста ба талаботи бозори меҳнат омода намудани мутахассисон бояд дар тамоми зинаҳои таҳсилот сурат гирад.
Масъалаи ҷорӣ намудани тамоми намуди курсҳои кутоҳмуддати барои ҷомеаи мо зарур дар назди донишгоҳҳои кишвар бояд роҳандозӣ карда шавад. Яъне донишҷў зимни фориғ аз дарс вақти муносиб ҷудо намуда, аз ҳаёти донишгоҳӣ курсҳои ронандагӣ, ёрии аввалияи тиббӣ, барқчӣ, дўзандагӣ ва амсоли инҳоро омўзад, дар баробари тахассуси асосӣ ба дигар тахассусҳои барои ҷомеа ва хонаводааш зарур мусаллаҳ шавад.
Ҳаёт тақозо менамояд, ки барои пешбурди ҳаёти худ, Ватани худ масъулиятшинос бошем. Аҳли илму маориф дар раванди ҷаҳонишавӣ, дар равиши ҳассоси таърихӣ эҳсос намоянд, ки пеш аз ҳама чӣ гуна баркамол ёфтани фарзандони содиқи Ватан ба фаъолияти онҳо, яъне ба сифати таълиму тарбия аҳаммият додани онҳо, масъулиятнокии аҳли илму маориф дар назди Ватани азизамон Тоҷикистон меистад. Ин аст, ки дар Паёми имсола масъалаи худшиносӣ ва худогоҳӣ дар зеҳну шуури афроди ҷомеа тарбия намудани сатҳи мувофиқ ва муассири масъулияти иҷтимоӣ мавриди арзёбии амиқ қарор гирифт.
Масъулияти ин масъалаи муҳим дар Паёми ирсолгардида мо аҳли илму маорифро бояд масъулиятшинос намояд. Вақте ки ғамхорӣ нисбат ба мо зоҳир мешавад, мо бояд ба қадри ин ғамхорӣ расем.
Дар ҳама давру замон аҳли илму маориф тарғибгарони аслии сиёсати давлатӣ буда, ба ин масъала дар амалӣ гардонидани ҳадафҳои некбинонаву ҳақпарваронаи он саҳмгузоранд. Хадафи аслии Ҳукумат, Сарвари давлат расидан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ ва шароити мусоиди иҷтимоӣ баҳри ҳар як фарди кишвар новобаста аз муносибати аҷдодӣ ва қавмӣ мебошад. Барои амалӣ намудани ин ҳадафу иқдомоти шоиста мо рукни асосӣ ва пояи устувори ҷомеаи тоҷик, яъне маориф таълиму тарбияро дар сатҳи лозимӣ қарор диҳем ва ба таълиму тарбияи мутахассисони ба бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ муваффақ шавем.
Дар шароити раванди ҷаҳонӣ ва миёни хатарҳои ҷиддӣ ба ҳар миллату халқият маҳз таълиму тарбияи дар асоси арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ ба роҳ монда наҷотбахш шуда метавонаду халос.
Таъкиди Сарвари давлат дар ин масъала хеле ҷиддист ва иҷрои он барои ҳар яки мо як амри зарурист, чунки дар ин озмунгоҳи ҳассоси таърих мо халқи тоҷикро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро чӣ дар сатҳи саросари миллӣ чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем. Ин ирода бар он асос меёбад, ки пеш аз ҳама мо аҳли илму маориф бояд дар руҳияи ифтихороти миллӣ, арзиш, оини миллӣ, ватанхоҳӣ, таълим ва тарбия намудани созандагони ояндаи Ватан дар ҳамаи зинаҳои маълумот як манфиати воло дошта бошем. Давлат дар ҳаққи мо ғамхорӣ менамояд, пас мо ҳам ғамхори Ватан - Модари муқаддаси хеш Тоҷикистони азизамон бошем.
Ғаффоров Абдушукур Одинашоевич-доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири кафедраи методикаи таҳсилоти ибтидоии ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj