• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Кайҳоннавард кист?

Бо ташаббуси кафедраи методикаи таълими физика дар қироатхонаи хобгоҳи №7 бахшида ба Рӯзи кайҳоннавардон чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он декани факулта Ш.Раҳмонов, ҷонишинҳои декан оид ба таълиму тарбия А.Ҷаъфаров ва З.Давлатов, муаллима аз кафедраи методикаи таълимии физика Г.Бобониёзова ва донишҷӯёни хобгоҳ ҳузур доштанд.

Ҷамъомадро декани факулта ҳусни оғоз бахшида, дар бораи кайҳоннавардон маълумот дод. Дар маҳфил донишҷӯён бо маърӯзаҳо баромад намуда, бо шеъру саҳнача, таҷрибаҳои физикӣ, рақсу сурудхонӣ табъи ҳозиринро шод гардониданд.

Бахши саволу ҷавоб оид ба кайҳоннавардон ва физика ба донишҷӯён хеле хуш омад. Дар ин бахш бештар толибилмон аз факултаҳои таърих, физика ва биология фаъол буданд. Беҳтаринҳо бо ифтихорнома қадрдонӣ шуданд. Агар чунин чорабиниҳо дар хобгоҳ ва донишгоҳ бештар доир гарданд, ба манфиати мо, донишҷӯён, хоҳад буд.

Нурулло САЛИМОВ, донишҷӯи соли 4-уми факултаи физика

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj